Search results for ""

Results 1 - 10 of 3016 Page 1 of 302
Sorted by: Relevance | Sort by: Date Results per-page: 10 | 20 | 50 | All

Сабти барномаи навбатии “Шоҳасари безавол” дар  Китобхонаи миллӣ (ВИДЕО)

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи навбати “Шоҳасари безавол” сабт шуд ва қарор аст ҳамин бегоҳ  аз тариқи телевизиони “Илм ва табиат” намоиш дода шавад. Тавре аз номаш пайдост, дар ин барнома ширкаткунандагон ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” атрофи достонҳои “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ баҳс мекунанд. Дар барномаи навбатӣ баҳс аз достони “Бежан ва Манижа” аст. Рафти барномаи “Шоҳасари безавол” бо қироати порчаҳои назмӣ, насрӣ ва таҳлили онҳо аз ҷониби хонандагон сурат гирифта, ширкаткунандагон бештар аз “Шоҳнома”-и насрии Сотим Улуғзода порчаҳо аз корномаҳои “Бежан ва Манижа” қироат намуданд. Сужети мухтасари достон…
Read more » Сабти барномаи навбатии “Шоҳасари безавол” дар  Китобхонаи миллӣ (ВИДЕО)

Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 4 – уми май

Соли 1749 дар шаҳри Лондон нависанда ва шоири англис  Шарлотта Тёрнер Смит (номи духтарӣ: Тёрнер)  дар хонаводаи заминдор ба дунё омад.  Дар синни 15-солагӣ ба писари тоҷири овозадор ва директори ширкати Ост-Ҳиндустон Ричард Смит ба шавҳар баромадааст. Соҳиби 12 фарзанд шуд, вале танҳо 6 нафари онҳо зинда монданд. Аммо зиндагӣ бо писари миллионер баъди марги падараш барояшон хуш набуд. Шавҳар сарватеро, ки аз падараш ба ирс бурда буд ва бахше аз пули ҳамсарашро ба бод дод ва қарздор ба ҳабс уфтод Шарлота қарзи шавҳарро пардохт ва ба хотири фирор аз чашми қарздорони дигар онҳо ба Фаронса рафтанд. Соли 1785 ба…
Read more » Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 4 – уми май

Луғати лотинӣ ба русӣ, ки соли 1976 чоп шудааст

“Латинско-русский словарь”. Ин луғат соли 1976 ба теъдоди 65 ҳазор нусха дар шаҳри Москав нашр шудааст ва чанд нусхаи онро метавон дар Китобхонаи миллӣ ҳам пайдо ва варақ зад. Луғати мазкур дар ин ҳаҷм барои адабиётшиносон ва дигар мутахассисоне, ки дар раванди гузаронидани таҳқиқотҳои хеш ба калимаву вожаҳои лотинӣ дучор меоянд, пешбинӣ гардидааст. Ин луғатнома фарогири калимаҳои адабӣ, таърихӣ, ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ мебошад, ки ин ба истифодабаранда имкони озоди тарҷумаро фароҳам меорад. Чуноне дар боло ишора гардид,ин луғатнома соли 1976 ба теъдоди 65 ҳазор шумора аз ҷониби И.Х.Дворетский нашр гардида буд ва 50 ҳазор калимаро аз забони лотинӣ ба русӣ…
Read more » Луғати лотинӣ ба русӣ, ки соли 1976 чоп шудааст

Номаҳои мусиқӣ

Имрўз мусиқии замони сосониро мо тавассути Борбад мешиносем. Борбад яке аз асосгузорони мусиқии мардумони эронинажод аст. Борбад дар мусиқӣ тағйироти муҳим ворид карда, ба инкишофи он саҳми босазо гузошт. Яке аз офаридаҳои ў ба номи «Хусравониёт» машҳур аст. Саҳми ў дар эҷоду созу овоз низ кам набудааст. Сурудҳои ў «Сараишник», «Ҳуванак сарвад», ки то ба дарбор омаданаш эҷод шуда буданд, некӣ, корнамоиҳои эрониёнро ситоиш мекарданд. Шўҳрати Борбад баъди ба дарбор омаданаш зиёд шуд. Ин ҷо вай бо устодони мусиқиизамон Саркаш, Бомшод, Ромтин, Фитна ва дигарон ҳамкорӣ намуда як силсила таронаву оҳангҳои мухталифро эҷод мекунад. Ба кўшиши ў сӣ лаҳни мусиқӣ…

Бо бачаҳо. Афсонаҳои молиявӣ. Идома.

Ин китоб бо номи “Афсонаҳои молиявӣ барои бачаҳо” соли 2021 чоп шудааст.  Муаллифон Е.Е.Фролова ва Е.В. Кармадонова буда, Раҳмоналӣ Мирализода аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Муҳаррир Беҳрӯзи Забеҳулло. Тавре аз номаш пайдост, ҳадафи муаллифон бо равиши ҳикоя масъалаҳои молиявиро ба атфол омӯзонидан аст. Ҳикоёти ин китобро, ки басо омӯзанда аст, якояк пешкаши хонандагони навраси худ мекунем.   Чӣ тавр назорат кумак кард, ки ҷашн баргузор шавад?   Кадом  рўзи  солро ҳамаи бошандагони ҷангали афсонавӣ ба таври махсус ҷашн мегиранд? Ёфтед, рўзи  якуми фасли тобистонро. Аз  гўшаву канорҳои гуногуни олам парандагон ба ин љо барои зимистонгузаронӣ меоянд. Омодагӣ барои истиқболи…
Read more » Бо бачаҳо. Афсонаҳои молиявӣ. Идома.

Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 3 –уми май

Соли 1469 дар Флоренсия мутафаккир, сиёсатмадор, файласуф ва нависандаи итолиёвӣ Никколо Макиавелли ба дунё омад. Вай  дар оилаи камбизоати Тускан дар деҳаи Сан Кассиано дар наздикии Флоренсия ба воя расидааст. Ба шарофати қобилияти фавқулода ва тафаккури олӣ ӯ яке аз шахсони донотарини замони худ шуд. Пас аз соҳибмаълумот шудан, бо асарҳои классикони Руми Бостон ва Юнони Қадим шинос шуд, ки таъсири онҳоро дар асарҳои минбаъдаи ӯ мушоҳида кардан мумкин аст. Соли 1498 ба хидмати давлатӣ даромад, ки дар он маош хеле ночиз буд. Вай то соли 1512 тамоми вақти худро ба хидмат ба манфиати Флоренсия бахшид. Асари  машҳуртарини Никколо «Шаҳриёр”…
Read more » Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 3 –уми май

Номаҳои  ҳунарӣ

Ҳамчуноне таъйид шуд, яке аз осори тасвирие, ки аз адвори қадим маълум буду дар айёми сосонӣ идома ёфт, нақшҳоянд. Нақшҳои замони сосонӣ ба мисли нақшҳои ҳахоманишӣ ба  тамоми тобеъони шоҳаншоҳон, барои тамоми бегонагон “барои тамоми ҷаҳон”таъйин шуда буд Нақшҳо таъйини мушаҳхас доштанд. Онҳо ба ҳар як бинанда дар бораи корнамоиҳои шоҳ, мардию пирўзиҳои ў ва бузургию шўҳрати ў иттилоъ медиҳанд. Набиштаҳое, ки баъзан бо нақшҳо ҳамроҳӣ мекунанд, аз пирўзиҳои ба даст овардаи шоҳ, аз душманону бадрақаи онон маълумот медиҳанд. Модом, ки чунин бошад, аз мазмуни он нақшҳо одамони босаводу бесаводи ҳамон айём огоҳӣ ёфта метавонистанд. Дар ҳунари айёми сосонӣ якатасвир…

Умри 62-солаи як луғати шведӣ ба русӣ дар Китобхонаи миллӣ

“Шведско-русский словарь”. Луғати мазкур барои тарҷумонҳо ва нафароне,ки хоҳиши омӯзиши забони шведиро дорпнд, пешбинӣ гардидааст.Чуноне аз сарсухан бармеояд, дар луғати мазкур иловаҳо зиёд ҳастанд ва ҳамчунин дар тартиб додани он фикру мулоҳиза ва андешаҳои мутолиакунандагону истифодабарандагон ба инобат гирифта шудааст. Луғатномаи мазкур аз ҷониби Д.Э.Миланова тартиб дода шудааст,ки фарогири 62 ҳазор калима ва ибораҳо мебошад. Луғати шведӣ-русӣ дар ҳаҷми 1009 саҳифа соли 1962 аз ҷониби нашриёти  “Гасударственное издательство Национальных словарей” дар Маскав нашр гардидааст. Китоби мазкур яке аз нодиртарин луғатномаҳои шведӣ ба русӣ  ба шумор меравад. Дар баробари ин қадимтарин луғатномаи   шведӣ ба русие   мебошад,ки дар Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.Солҳои…
Read more » Умри 62-солаи як луғати шведӣ ба русӣ дар Китобхонаи миллӣ

Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 2 – уми май

Соли 1519 дар қалъаи Кло-Люсе, наздикии Амбуаза дар синни 67-солагӣ донишманд, наққош, муҷассамасоз, меъмор, мусиқидон,  риёзидон, муҳандис, анатомист, заминшинос, нақшакаши меъморӣ ва нависандаи итолёвӣ Леонардо да Винчи аз олам гузашт. Вай 14-уми апрели соли 1452 ба дунё омада буд. Дар Винчи аз ҷумлаи нобиғаҳоест, ки дар ҳар соҳа, ки ном бурдем, муваффақ будааст. Фарди бениҳоят кунҷков ва халлоқ буд. Назариёти худро дар маҷмӯаи ёддоштҳое, ки аз ҳазор саҳифа бештар аст, навиштааст. Да Винчи аввалин тарроҳи ҳавопаймо ба шумор меравад. Ӯ ҳамчунин мусалсал, тонки низомӣ, соате, ки чун соати да Винчи шуҳрат дорад, километршумор ва чизҳои дигарро ҳам тарроҳӣ ва ихтироъ кард. Барҷастатарин…
Read more » Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 2 – уми май

Бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода

“Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тамсили дурахшони зиндагии содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард”. Эмомалӣ Раҳмон *****     *****     ***** Рустам Ваҳҳобзода. Аҳаммияти миллӣ ва ҷаҳонии осори устод Мирзо Турсунзода Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода шахсияти ҷаҳонии истисноие мебошад, ки дар солҳои авҷи қудрати Иттиҳоди Шуравӣ ҳам аз тамоми Иттиҳод ва ҳам аз Ватани худ ба беҳтарин ваҷҳ намояндагӣ кард. Баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравӣ ва касби…
Read more » Бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода