36 сол пеш. Атахона Сайфуллоев: “Поягузори маданияти мусиқии тоҷику форс”.
Мусиқӣ яке аз падидаҳои нодир ва хеле қадимаи тафаккури бадеии халқ будааст. Аз як ривояти мардуми тоҷик пайдост, ки чун ҷисми одамиро аз гил офариданд, ҷон нахост андаруни он ворид шавад. Он гоҳ як савти латифе бо дутор иҷро карданд. Ҷон ба ҷӯшу хурӯш омад ва дар ҷисми одамӣ ҷо гирифт. Ривояти мазкур асосӣ илмӣ надорад, вале ин ҳикмати халқ ба рӯҳбахшӣ, мӯъҷизакорӣ ва таърихи дерини мусиқӣ шаҳодат медиҳад.
Аз ин чунин маънӣ ҳам бармеояд, ки то Борбади Марвазӣ низ санъати мусиқӣ ва овозхонӣ вуҷуд доштааст, чунон ки пеш аз устод Рӯдакӣ низ дар сарзамини мо шеъри ниёгон арзи ҳастӣ мекард. Бузургии ромишгар ва хунёгари нотакрор Борбад ҳам дар ҳамин аст, ки ӯ тамоми ҳунари мусиқӣ ва овозхонии мардумони форсизабонро то замони зиндагонии худ моҳирона аз бар кард, санъати мусиқӣ навозандагӣ ва сарояндагии ҳиндувонро низ ба хубӣ омӯхт сипас дар заминаи онҳо системаи классикии мусиқии тоҷикию форсиро ба вуҷуд овард. Чунон ки Рӯдакӣ низ назми форс-тоҷикро ба дараҷаи баланди рушду камол расонид, ба таҳти обрӯю эътибор нишонид ва худ ба унвони ифтихории поягузори он мушарраф гардид.
Замони Борбад замони шӯҳрату ҷалол ва шаъну шавқати давлати Сосониён (асри VI ва чоряки аввали асри VII) буд. Дар тахти салтанат подшоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз менишаст. Ба дарбори ӯ аҳли дониш ва ҳунар ҷамъ меомаданд. Онҳоро худи шоҳ имтиҳон мекард. Борбади Марвазӣ сарояндагию навозандагиро аз худ карда, ба Мадоин – пойтахт ва боргоҳи Сосониён меояд. Чунон ки Абдулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” овардааст, дар бистуҳаштумин соли шоҳии Хусрави Парвиз Борбад ба хидмати даргоҳи ӯ омад.Дар ин ҷо ҳунари ӯ рушду камол ёфт ва Борбад ба унвони ифтихории “шоҳи ромишгарон” сазовор гашт. Фирдавсӣ сурудҳои Борбад “Пайкори гурд” ва “Сабз дар сабз”- ро ситоиш мекунад ва дар ҳаққи офаридаи онҳо мефармояд:
Бишуд Борбад шоҳи ромишгарон,
Яке номдоре шуд аз меҳтарон.
Ҳарчанд ки Саркаш ном ҳофизи хоссаи Хусрави Парвиз аз рӯи рашку ҳасуд намехост Борбад маъқули подшоҳ гардад, вале таронаҳои фораму фараҳбахш ва рангорангии оҳанги онҳо ӯро аз муқаррабони ҳукмрони замон гардониданд. Дар воқеъ “Яздонофарид”, “Партави Фархор” ва “Сабз андар сабз” барин сурудҳои Борбад, ки ҳамаро ба ваҷд меоварданд, тамоман тозаю гӯшнавоз буда, Хусрави Парвиз мислашро аз ин пеш нашунида буд. Ин аст, ки подшоҳ ӯро аз сарпарастони хунёгарони дарбори хеш таъин мекунад. Закариё ибни Мухаммад Маҳмуди Қазвинӣ (1203-0283), ки адиб ва олими арабигӯи форс-тоҷик аст, дар таълифоти машҳури худ “Осор-ул-билод ва ахбори-ул-ибод” менависад: “Кисро Абарвизро (яъне Хусрави Парвизро – А.С.) се чиз буд, ки на шоҳони пешин ва на пасин доштанд: арӯси ӯ Ширин, ромишгари ӯ Балаҳбад (яъне, Борбад – А.С.) ва аспи ӯ Шабдиз”.
Худи ҳамин тавсиф нишон медиҳад, ки Борбад дар пеши подшоҳ обрӯю эътибори бузург доштааст. Дониш, истеъдод ва маҳорати Борбад ӯро азизи хосу ом карда буданд. Вай санъати синкретӣ – махлути мардумони эронинажодро ба пояи олии худ расонида буд: шеър ва мусиқӣ меофарид ва худ месароид. Мазмуни сурудҳои ӯ хеле гуногун будаанд. Онҳо зебоиҳои манзараҳои табиатро васф мекарданд, хулқу атвори писандидаи одамонро ситоиш менамуданд, корнамоиҳои паҳлавонӣ ва амалиёти ватанхоҳонаи мардумро мавриди тавсиф қарор медоданд. Борбад бисёр сурудҳои таърихӣ низ эҷод кардааст. Дар сурудҳои ӯ таҷлили ҷашнҳои таърихӣ, шаъну шавқати давлати Сосониён, хислатҳои шоистаи ашхоси воқеӣ, пирӯзии шоҳону сарбозон ва афсарони сосонӣ бар румиён, ҳатто ситоиши аспи Хусравӣ Парвиз Шабдиз мавқеи намоён доранд. Ин аст, ки Борбад танҳо ромишгари хоссаи шоҳ набуда, балки хунёгари воломақоми тамоми халқ ба шумор меравад. Донишмандони араб шеваи ромишгарии Борбадро “тариқ-ул-мулукия” меномиданд, маънояш соҳиби “услуби шоҳона” мебошад. Абу Мансури Саолибӣ (961-10370 адиб ва олими араб дар асари худ “Ғурар ахбор мулук ал-фурс ва сияриҳим” навиштааст, ки “ӯ (Борбад – А.С.) муаллифи хусравониёт аст, ки имрӯз ҳам хунёгарон дар маҷлиси подшоҳон сароянд”. “Хусравониёт” аз силсилаи сурудҳои олӣ иборат буд, ки ҳофиз ва мутриби забардаст ба ифтихори Хусрави Парвиз сурудааст. Аксарияти ин сурудҳо паҳлавонӣ будаанд. Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” аз ҳамин ишорат мекунад:
Ки чун Борбад кас чунон захми руд,
Надонад на он паҳлавонӣ суруд.
Дар таърихи санъати мардумони форсизабони “Сӣ лаҳни Борбад” низ хеле машҳур аст. Дар достони Низомии Ганҷавӣ “Хусрав ва Ширин” тартиби осори номбурдаи мусиқӣ ба ин зайл омадааст: “Ганҷи бодовард”, “Ганҷи гов”, “Ганҷи сӯхта”, “Шодирвони Марворид”, “Тахти тоқдисӣ”, “Ноқусӣ”, “Аврангӣ”, “Ҳуққаи Қовус”, “Моҳ дар кӯҳон”, “Мушкдона”, “Ороиши хуршед”, “Нимрӯз”, “Сабз дар сабз”, “Қуфли рӯмӣ”, “Сарвистон”, “Сарви саҳӣ”, “Нӯшинбода”, “Ромиши ҷон”, “Нози Наврӯз”, “Мушкуя”, “Меҳргонӣ”, “Марвои нек”, “Шабдиз”, “Шаби фаррух”, “Фаррухрӯз”, “Ғунчаи кабки дарӣ”, “Нахчиргон”, “Кини Сиёвуш”, Кини Эраҷ”, “Боғи Ширин”.
Низомии Ганҷавӣ ба ҳар як аз ин сурудҳо дар достони худ якбайтӣ шеъри обдор бахшида, на танҳо онҳоро тавсиф кардааст, балки ном ва тартиби офарида шудани онҳоро низ ба ёдгор гузоштааст. Он байтҳо хитобан ба Борбад гуфта шудаанд. Чунончи, дар бораи лаҳни аввал – “Ганҷи бодовард” мефармояд:
Чу бод аз “Ганҷи бодовард” рондӣ,
Зи ҳар боде лабаш ганҷе фишондӣ.
Дар бораи лаҳни сиюм – “Боғи Ширин” мегӯяд:
Чу кардӣ “Боғи Ширин”-ро шакарбор,
Дарахти талхро ширин шудӣ бор.
Мероси мусиқии Борбад бо ин сӣ лаҳн ва “Хусравиёт” анҷом намеёбад. Донишманди асримиёнагии тоҷик Асириддини Тӯсӣ дар асари худ “Асос-ул-иқтибос” навиштааст: “Борбади Марвӣ устоди барбатӣ ва овоз буда, бинои лаҳун (лаҳнҳо), ағонии сурудҳои Аҷамро, ки се саду шаст дастон ва сӣ пардаи мусиқист, танзим ва тасниф намуда…”
Дурдонаҳои санъат ва ҳунари Борбад дар роҳи инкишофи мусиқии касбӣ, савту навои классикии форс-тоҷик таъсири бузург бахшидааст. Бисёр оҳангҳои “Дувоздаҳмақом”, ки “Шашмақом” аз он ҳосил шудааст, ибтидои худро аз осори мусиқии Борбад гирифтаанд. Анъанаҳои мақомхонӣ дар таърихи маданияти халқҳои форсизабон низ бо мактаби мусиқии Борбад иртиботи мустаҳкам дорад. Бесабаб нест, ки номи бисёр оҳанг ва сурудҳои Борбад дар мероси мусиқии халқҳои эронинажод ва дигар мардумони Шарқ боқӣ мондаанд. Гузашта аз ин таъсири судбахши оҳангҳои Борбадро дар санъати мусиқии халқҳои Қафқоз (масалан, дар мақомҳо ва мақомхонии озарӣ) ва араб хеле равшан мушоҳида метавон кард. Арабшиноси тоҷик Абдулло Орёнур ба сарчашмаҳои бисёри арабӣ ва форсӣ такя карда, барҳақ чунин натиҷа мегирад: “дар охири асри VII ва асри VIII даҳҳо сарчашмаҳои таърихиву адабӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳаёти мусиқии хилофат ҳамоно мусиқии эронӣ ва хосса “ал-ғино-ал-фаҳлизӣ” – “оҳангҳои борбадӣ” мақом ва нақши муҳимме доштааст…” Имрӯз метавон гуфт, ки мусиқии давраи исломии араб ба мусиқии давраи сосонии эрониён иртиботӣ қавӣ дорад, зеро дар Мадина, дертар дар Димишқу Бағдод чи хунёгарон ва чи тариқати пешкаш намудани ҳунари хунёгарӣ ба ҳузури халифа ё валинеъмати дигар эронӣ буданд…” Минбаъд ҳам “унсури эронӣ дар мусиқии арабӣ басо реша давонда, дар бархе аз ҳолатҳо ба ҷараёни асосӣ табдил ёфта буд”. Дар ҳамаи ин равандҳо таъсири судбахши мусиқии Борбад дида мешавад.
Агар мо Борбадро дар осмони санъати мусиқӣ ва овозхонии давраи сосониён моҳи дурахшон тасаввур бикунем, дар атрофи ӯ ситораҳои фурӯзони ҳунар – ҳофизон, мутрибон ва раққосаҳо будаанд, ки ба ин соҳаи ҳаёти маънавии ҷомеа ҷилол ва шукӯҳ бахшидаанд. Саркаб, Ромтин, Гесӯи Навогар, Озодвари Чангӣ, Бомшод ва дигарҳо аз ҳамин гуна санъаткорон будаанд. Онҳо дар тараққиёти шаклу мазмун ва жанрҳои мухталифи санъати мусиқии халқҳои эронӣ ва мардумони Шарқи Миёна ва Шарқи Наздик саҳми намоён гирифтаанд. Шахсияти онҳо ва пеш аз ҳама Борбад диққати донишмандон ва шоирони форс-тоҷик, араб, арман ва дигар халқҳоро ба худ ҷалб намудааст. Фирдавсӣ, Низомӣ, Гургонӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва дигарҳо дар асарҳои ҷовидонии худ образи Борбадро офарида, аз ҳунари ӯ мафтун гардидани хешро иброз доштаанд. Чунончи, Муҷаллади Гургонӣ (асри XI) Борбад ва Рӯдакиро дар як саф гузошта, фармудааст:
Аз он чандон наими ин ҷаҳонӣ,
Ки монд аз оли Сосон в-оли Сомон.
Санои Рӯдакӣ мондасту мидҳат,
Навои Борбад мондасту дастон.
Шоирон, носирон ва драматургҳои советии тоҷик низ дар асарҳои худ образи Борбадро бо меҳру муҳаббати авлодӣ ва қадршиносӣ эҷод карда, анъанаҳои наҷиби классикҳои назми форс-тоҷикро идома додаанд. Ба ифтихори ҷашни Борбад бастакорони тоҷик низ асарҳои тоза, суруд, достонҳои симфонӣ офаридаанд.
Дар осор ва ёддоштҳои олимони араб ва форс-тоҷик аз асарҳои VII-VIII сар карда, перомуни Борбад ва мақоми волои ӯ дар таърихи санъати мусиқӣ фикру андешаҳои наҷиб зоҳир гардида, мусиқидонҳо ва санъатшиносон, адабиётшиносҳо ва маданиятшиносҳои мамолики Шарқу Ғарб замон ва осори ӯро ба таҳқиқу тадқиқ расонда бошанд ҳам, дар Тоҷикистон борбадшиносӣ ба муносибати 1400 солагии зодрӯзи асосгузори маданияти мусиқии форс-тоҷик оғоз ёфт. Рисолаи Абдулло Ориёнур “Рӯзгори Борбади ромишгар” нашр шуд, ки муаллиф мавқею мақоми ин классики санъати мусиқии форс-тоҷикро дар заминаи тамоми маданияти гузаштаи мо мавриди баррасӣ қарор додааст. Маҷмӯаи “Борбаднома” ва тадқиқоти “Борбад, замон ва анъанаҳои маданият” (ба забони русӣ, Душанбе, 1989) интишор ёфтанд, ки дар ин ташаббуси наҷиб хидмати узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Н.Н. Неъматов ва санъатшинос Аскаралӣ Раҷабов назаррасанд. Вале ин ҳама ибтидои коранд. Тадорукоти бузург дар роҳи тадқиқоти ҳаёт ва мероси мусиқии Борбад дар пешанд. Аҳвол ва осори Борбадро на танҳо мо, балки авлоди мо тоҷикон, низ бояд биомӯзанд. Бинобар он ҳам дар мактаби миёнаи маълумоти умумӣ, ҳам дар омӯзишгоҳҳои мусиқӣ ва махсус, ҳам дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва ҳам дар факултетҳои филология ва тахрихи донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриамон замону хаёти Борбадро ҳамаҷониба омӯхта, ба эҷодиёт ва анъанаҳои ӯ дар таърихи маданияти мусиқии халқи тоҷик диққату эътибори ҷидди бояд дод. Ин масъала аз нав мавриди назар кардани программаҳои таълимро низ ба миён мегузорад.
Атахон Сайфуллоев,
доктори илми филология
МАНБАЪ: “Мактаби советӣ”, 1990Ю №5, саҳ.48-50.
Таҳияи мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар Руҳафзои Ҳасанзод.