56 сол пеш дар “Садои Шарқ”. Л. Брагинская: Шеърҳои Рӯдакӣ дар “Луғати фурс”

Луғати фурсҲама аҳли тадқиқот, ки бо ҷамъоварӣ ва омӯзиши шеърҳои устод Рӯдакӣ машғул шудаанд (С. Айнӣ, С. Нафисӣ, Э. Денисон Росс, А. Мирзоев ва дигарҳо), ба фарҳангҳои қадим, ки аз эҷодиёти шоирони замони классик порчаҳои бисёреро дар бар гирифтаанд, аҳмияти калон медоданд. Онҳо ашъори Рӯдакиро аз фарҳангҳои “Луғати фурс”, “Донишномаи Қадархон”, “Туҳфат-ул-аҳбоб”-и Ҳофизи Ӯбаҳӣ, “Саҳоҳ-ул-фурс”-и Шамси Муншӣ ва ғайра ба даст оварданд. Аз ин ҷиҳат “Луғати фурс”, ки шоири машҳур Асадии Тусӣ дар асри XI тартиб додааст, мавқеи алоҳида дорад. Аббоси Иқбол дар соли 1940 дар Теҳрон матни танқидии ин фарҳангро чоп кард. В. А. Капранов аз ин нашр 57 байти нави Рӯдакиро ёфт, ки ба асари Саиди Нафисӣ (Ҷилди саввуми тадқиқоти ӯ дар бораи Рӯдакӣ) дохил нашуда буданд. Ин байтҳо ба нашри дуввуми Душанбе (ки бо хатти арабӣ сурат гирифта буд) илова гардидааст.

Омӯзиши баъдинаи нусхаҳои гуногуни “Луғати фурс” нишон дод, ки дар ин асар боз материали бисёре ҳаст. Ин материалҳо маълумоти моро дар бораи шеъоҳои Рӯдакӣ зиёдтар мекунанд ва дар вақти тартиб додани манти танқидии осори шоир истифода шуданашон мумкин аст.

Аҳамияте, ки “Луғати фурс” барои ҷамъоварӣ ва омӯзиши асарҳои Рӯдакӣ дорад, аз мулоҳизоти зерин маълум мешавад.

Ин фарҳанг то имрӯз се бор чоп шудааст: аввал П. Ҳорн (Гетинген, 1897), баъд А. Иқбол (Теҳрон, 1940) чоп кард ва пас М. Д. Сиёқӣ чопи П. Ҳорноро бо баъзе ислоҳу иловаҳо дубора нашр намуд (Теҳрон, 1957). Ғайр аз ин, С. Нафисӣ ҳангоми тартиб додани матни шеърҳои Рӯдакӣ боз се дастнависи ин фарҳангро дар даст доштааст: №1-дастнависи мукаммал, ки дар соли 877/1472 китоб шудааст; №2 дастхати номукаммал, ки дар соли 721/1371 китобат ёфтааст, №3 пораҳои “Луғати фурс” китоби асри XIV, ки дар китобхонаи миллии Теҳрон зери рақами 3839 маҳфуз аст.

Таркиб ва миқдори байтҳои Рӯдакӣ, ки дар он нусхаҳои чопӣ ва дастхати фарҳанги “Луғати фурс” мавҷуданд, ба тариқи зайл аст.

Дар нашри А. Иқбол: байтҳое, ки ба тарзи қасида ва ғазал қофиябандӣ шудаанд – 198 адад, байтҳое, ки қофияашон ба тарзи  маснавист – 135 адад, аз он ҷумла байтҳои “Калила ва Димна”- 90 адад ҳамагӣ  – 333 байт. Аз он ҷумла байтҳое ки ба Рӯдакӣ таалуқ доранд – 311, байтҳое, ки тахминан ба ӯ нисбат дода шудаанд – 22 адад.

Дар нашри М. Д. Сиёқӣ (такрори нашри П. Ҳорн бо ислоҳот): байтҳое, ки ба тарзи қасида ва ғазал қофиябандӣ шудаанд – 110 адад аз ҷумла байтҳое, ки наванд (яъне байтҳое, ки дар нашри А. Иқбол мавҷуд набуданд) – 4 адад; байтҳои маснавӣ – 69 адад, аз ҷумла байтҳои нав 5 адад; байтҳои “Калила ва Димна” – 61 адад, аз ҷумла байтҳои нав – 4 адад; ҳамагӣ – 179 байт, аз ҷумла байти нав – 9 адад, яке аз ин байтҳои нав тахминан ба Рӯдакӣ нисбат дода шудааст.

Дар дастнависи №1 (с. 877/1472), ки С. Нафисӣ истифода кардааст; байтҳое, ки ба тарзи қасидаву ғазал қофиябандӣ шудаанд – 99, аз он ҷумла байтҳои нав (яъне байтҳое, ки дар ду нашри пештара мавҷуд набуданд)10; байтҳои маснавӣ – 49, аз ҷумла байтҳои нав – 2; аз ин байн байтҳои “Калилаву Димна” – 33; ҳамагӣ –148 байт, аз ҷумла байти нав – 12 адад. Аз ҷумла байтҳое, ки  ба Рӯдакӣ таалуқ доранд – 6, байтҳое, ки ба Рӯдакӣ таалуқ доранд – 6, байтҳое, ки тақрибан ба ӯ нисбат дода шудаанд – 6 адад.

Дар дастнависи №2 (с. 721/1321), ки С. Нафисӣ истифода кардааст: байтҳое, ки ба тарзи қасидаву ғазал қофиябандӣ шудаанд – 13; байтҳои маснавӣ – 9, аз ҷумла байтҳои “Калилаву Димна” – 5; ҳамагӣ 22 байт ва дар байни инҳо байти наве, ки дар нашри А. Иқбол, М. Д. Сиёқӣ ва дастнависи №1 мавҷуд набошад, нест.

Дар дастнависи №3 (асри XIV), ки низ С. Нафисӣ истифода кардааст: байтҳои қасидаву ғазал – 24, аз ҷумла байти нав (яъне байте ки дар нусхаҳои боло мавҷуд набуд) – 9; байти маснавӣ – 13, аз ҷумла байти нав – 3; ҳамагӣ – 37 байт, аз ҷумла байти нав – 12. Оид ба моли Рӯдакӣ будани ин 12 байт  шубҳае изҳор нашудааст.

Ба ин тариқ, дар ҳамаи он нусхаҳои “Луғати фурс” адади байтҳои қасидаву ғазал – 221, байтҳои маснавӣ – 145, байтҳои “Калила ва Димна”  – 97 мебошад. Дар ин нусхаҳо ҳамагӣ 366 байти Рудакӣ мавҷуд аст ва 337 адади он ба ягон шоири дигар нисбат дода нашудааст, аммо 29 байтро бо дигар шоирон  ҳам нисбат додаанд, яъне моли Рӯдакӣ будани он ҳанӯз дар зери шубҳа аст.

Э. Денисон Росс дар масъалаи ба Рӯдакӣ таалуқ доштан ё надоштани бисёр шеърҳо мулоҳиза ронда, ақида изҳор карда буд, ки ҳамаи порчаҳое, ки дар “Луғати фурс”, “Лубоб-ул-албоб”-и Авфӣ, “Таърихи Байҳақӣ”, “Ал-мӯъҷам”-и Шамси Қайсӣ ва “Туҳфат-ул-мулук” омадаанд, инчунин қасидаҳои “Модари май”, “Бӯи ҷӯи Мулиён” ва “Маро бисуду фуру рехт” бе шакку шубҳа шеъри Рӯдакӣ мебошанд. Агар ин ақидаи ӯро дуруст ҳисоб кунем, 550 байтро моли Рӯдакӣ донистан мумкин аст. Лекин дар нашри Москва (Рӯдакӣ, “Стихи”, Москва, 1964) 916 байтро моли аслии Рӯдакӣ шуморидаанд.

Аз ин ҳисоб 337 байти “Луғати фурс” 61 фоизи ҳамаи шеърҳоро, ки Э. Денисон Росс ба қалами Рӯдакӣ нисбат медод ва ё 36 фоизи шеърҳоеро, ки нашри Москва ба ӯ нисбат додааст, ташкил менамояд.

Аз ин ҷо дар омӯзиши осори Рӯдакӣ то чӣ андоза аҳмият доштани “Луғати фурс” ба хубӣ маълум мегардад.

Ба ин ваҷҳ ҳамаи байтҳои Рӯдакиро, ки дар ин фарҳанг ҳаст, ёфтан ва омӯхтан, аз ҷумла муайян кардани фарқи ҳамаи нусхаҳои фарҳанг хеле муҳим аст. Барои тартиб додани матни интиқодии осории ин шоири бузург ҳар як ҷузъиёт, ҳар як калима аҳамият дорад.

БАЙТҲОИ НАВЕ, КИ АЗ “ЛУҒАТИ ФУРС” БА ДАСТ ОМАДААНД

Байти якӯм. Дар нашри А. Иқбол, дар саҳ. 175, дар зернавишти 2 қайд шудааст, ки дар ҳошиян дастнависи соли 766/1364, ки бо оқои Нахҷивонӣ таалуқ доштааст, барои мисоли калимаи “курӯж” як байти мазмунан торики  Рӯдакӣ зикр ёфтааст ва бо тахмин аввали мисраи якумро дигар карда, тамоми байтро ин тавр хондан мумкин аст;

Дарди ту чисту курӯжу хуррамӣ?-

Бонг барзад аз курӯжу хуррамӣ.

Дар худи фарҳанг ин байт ба тарзи зер омадааст:

Вирд на ҷисту курӯшу хуррамӣ,

Бонг барзад аз курӯжу хуррамӣ.

Ин байт аз маснавии баҳри рамал буда, дорои санъати таҷнис аст. Гумон меравад, ки аз “Калилаву Димна” мебошад.

Боз як байти Рӯдакӣ ҳаст, ки сухан аз оҳу меравад ва ибораи  “курӯзу хуррамӣ” дар он истифода гардидааст:

Бо курӯзу хуррамӣ оҳу ба дашт

Мехиромад чун касе, к-ӯ маст гашт.

Ин байт аз он ҷои “Калилаву Димна” аст, ки ҳикояи кабутар ва дӯстони  ӯ – зоғ ва ғайра омадааст. Дар ин ин ҳикоя “зоғ дар сухан буд, ки аз дур оҳуе давон пайдо шуд” (“Тарҷумаи “Калила ва Димна” – иншои Абулмаолии Насруллоҳи муншӣ, Теҳрон, 1343/1964, саҳ. 183) ва дӯстон аз пайдо шудани ӯ ба тарс афтоданд.

Тахмин кардан мумкин аст, ки он байти нав (яъне байти “Дарди ту чисту…”) аз ҳамин ҳикоят аст ва аз ҳамон ҷои он аст, ки зоғ, калламуш ва сангпушт аз ҷониби оҳу хатаре ба худ надиданд, ҳама як ҷо ҷамъ шуданд ва сангпушт ба хурсандӣ бо оҳу салом кард: “Боха ӯро (оҳуро) тарҳиби тамом воҷиб дошту пурсид, ки ҳол чист ва аз куҷо  меоӣ?”

Дар он байти нави Рӯдакӣ ҳамин саволи боха (сангпушт) баён шудааст ва таҷнис ин ҷо аз он иборат аст, ки калимаи “курӯж” дар мисраи аввал ба маънои ғаму ғусса ва дар мисраи сонӣ ба маънои хурсандӣ омадааст.

Байти дуввум ва саввум. Ин байтҳо дар нусхаҳои гуногун ба шоирони дигар ҳам нисбат дода дода шудаанд.

Дар саҳ. 278-и нашри А. Иқбол ба сифати мисоли калимаи “сутург” (якрав, дурушт, сергап) байте омадааст, ки дар нусхаи оқои Нахҷивонӣ ба Рӯдакӣ нисбат ёфтааст, аммо А. Иқбол қайд кардааст, ки онро ба Фирдавсӣ ҳам нисбат медиҳанд:

Студа бувад назди хурду бузург,

Агар родмарде набошад сутург.

Дар саҳ. 324 барои калимаи “гирой” байте ҳаст, ки дар ҳошияи нусхаи оғои Нахҷивонӣ ба Рӯдакӣ, лекин дар чопи А. Иқбол ба Дақиқӣ нисбат дода шудааст:

Тезҳуш то наёзмояд бахт,

Ба чунин ҷойгаҳ нагрояд.

Ҳар се байти мазкур дар ягон нашри осори Рӯдакӣ зикр нашуда аст. Онҳоро ба ҷумлаи шеърҳои Рӯдакӣ дохил кардан лозим аст, вале ду байти охирро аз ҷумлаи шеърҳои шубҳаоварӣ ӯ бояд донист. Масъалаи ба қалами Рӯдакӣ таалуқ доштан ё надоштани онҳо бояд минбаъд ҳал шавад.

ФАРҚИ КАЛИМАҲОИ ШЕЪРИ РӮДАКӢ, КИ АЗ “ЛУҒАТИ ФУРС” ҲОСИЛ МЕШАВАД.

Дар нусхаҳои гуногуни фарҳанги “Луғати фурс” дар калимаҳои шеъри Рӯдакӣ тафовути зиёде ба назар расид.

Агар ин тафовутҳоро ба назар гирем, баъзе байтҳои Рӯдакӣ, ки то ин вақт номавҳум буд ё ғалат ва нодуруст хонда шудаанд, маънои равшан пайдо мекунанд. Бинобар ин баъзеи он таҳрирҳоеро, ки дар “Луғати фурс” мебинем, ягона таҳрири дуруст ҳисоб кардан лозим меояд. Мо ин ҷо фақат шаш мисол меорем:

1.Дар ҳама нашрҳои осори  Рӯдакӣ ( аз нашри якӯми С. Нафисӣ сар карда) як байти “Калилаву Димна” (порчаи №275 дар китоби  Рӯдакӣ “Стихи”, Москва 1964) ба тарзи зерин навишта шудааст:

Каппиёнш оташ ҳаме пиндоштанд,

Пуштаи оташ бад-ӯ бардоштанд.

Ин навишт мантиқан нодуруст аст. Дар “Луғати фурс” дар мисраи дуввум ба ҷои “оташ” калимаи “ҳезум” омадааст: “Пуштаи ҳезум бад-ӯ бардоштанд”. Ин таҳрирро таҳрири дуруст ҳисоб кардан мумкин аст.

  1. Порчаи №292 дар фарҳанги “Луғати фурс” ба ин шакл омадааст.

Гар хӯрӣ, аз хӯрдан афзоядт ранҷ,

В-ар диҳӣ мину фароз орадт ганҷ!

Инро ягона шакли дурусти он байт бояд донист, зеро дорои тазоди “хӯрӣ” – “диҳӣ” мебошад, ки ба Рӯдакӣ хос аст (ва дар ин байт ҳам дида мешавад: Некбахт он касе, ки доду бихӯрд, шӯрбахт он ки нахӯрду надод).

Аммо байти мазкур дар ҳамаи маҷмуаҳои Рӯдакӣ ба таври зерин чоп шудааст ва номавҳум аст:

Аз хӯриш  аз хӯрдан афзояд ранҷ,

Дар даме мину фароз орадт ганҷ.

  1. Порчаи № 329, ки як байт аст, низ чунин аст. Дар нашри якуми С. Нафисӣ ва чопҳои минбаъда ин байтро чунин навиштаанд:

З-асп яллӣ омад он гаҳ нарм-нарм,

То баранд аспаш ҳамон гаҳ гарм-гарм.

Маънои ин байт мафҳум нест, хусусан калимаи “яллӣ” ин ҷо номафҳум аст. Аммо дар “Луғати фурс” байти мазкур бо чунин таҳрир ба назар мерасад:

Аспялле омад он гаҳ нарм-нарм,

То барад мар-аспро ӯ гарм-гарм.

Агар ҳаминро ба назар гирем, ки “аспял” аспдузд гуфтан аст, ва умуман таҳрири “Луғати фурс”-ро қабул кунем, маънои байт тамоман равшан мешавад.

  1. Дар порчаи №333 мисраи:

Чор ғунда карбша бо каждумон

номафҳум аст, аммо дар “Луғати фурс” “Чоҳ пур карбошаву каждумон” аст, ки саҳеҳ менамояд.

  1. Байти якуми порчаи №44 дар ҳамин нашрҳо ин тавр аст:

Рак, ки бо анд шор бинмоӣ

Дили ту хуш кунад ба хушгуфтор.

Калимаи “рак”-ро, ки аз феъли “ракидан” аст, хашму ғазаб, зери лаб ғур-ғур кардан гуфтаанд. С. Нафисӣ ва А. Мирзоев қайд карданд, ки ин ҷо ин калима маънӣ намедиҳад. Калимаҳои “анд” ва “шор” низ номафҳуманд. Дар натиҷа маънои мисраи аввалро фаҳмидан мумкин нест.

Дар “Луғати фурс” (нашри А. Иқбол) байти мазкур ин тавр омадааст:

Рак ту по пеши ёр бинмоӣ,

Дили ту хуш кунад ба хуш гуфтор.

Дар ин таҳрир калимаи “рак” маъно пайдо кардааст ва мазмуни тамоми байт мафҳуму равшан аст.

  1. Порчаи №97 дар ҳама нашрҳо ба ин шакл аст:

Эй види ғофил аз шумор, чӣ пиндорӣ,

К-ат холиқ офарид баҳри коре?

Умре, ки мар-турост сармоя,

Вид ҳасту корҳот бад ин дорӣ.

Дар нашри Душанбе ва Москва таъкид шудааст, ки вазни ин порчаро муаяйн кардан мумкин нест. Б. Сирус ҳам дар мақолаи “Вазни осори боқимондаи Рӯдакӣ” (маҷмӯаи “Рӯдакӣ ва замони ӯ”, Сталинобод, 1958, саҳ. 140) инро қайд кардааст.

Ин порча дар “Луғати фурс” таҳрири дигаре дорад:

Эй ғофил аз шумор, чӣ пиндорӣ,

К-ат офарид холиқ бекорӣ?

Умре, ки мар турост сармоя,

Вид асту корҳот бад-ин зорӣ?

Дар ин сурат вазни шеър муайян аст: музореи мусаддаси ахраб макфуф – мафъӯлу фоилоту мафоилун. Маънои он низ равшан аст (“вид” ба маънои аз даст рафта ва нодаркор аст). Ба ин ваҷҳ навишти “Луғати фурс”-ро дуруст шуморидан мумкин аст. (Дар нашри Душанбе охири порчаро саҳван “ба диндорӣ” хондаанд).

Баъзе шеърҳои Рӯдакӣ дар “Луғати фурс” ба шакле зикр шудаанд, ки онро аз шакле, ки дар нашрҳои ҳозира қабул шудааст, беҳтар донистан мумкин аст. Фақат дар қисми якуми ашъори Рӯдакӣ, ки қасидаҳои мукаммал ва порчаҳои яклухт (на байтҳои пароканда)-ро дар бар гирифтааст, чандин байтро ёфтан мумкин аст, ки дар “Луғати фурс” таҳрири саҳеҳтари он мавҷуд аст. Аммо таҳрири саҳеҳтари байтҳои пароканда, ки аз фарҳангҳо гирифта шудаанд ва ба дигар қисмҳои маҷмуа дохил гардидаанд, дар “Луғати фурс” боз ҳам бештар аст. Мо ин ҷо аз шеърҳои қисми якум чор мисол меорем.

1.Мисраи дуввуми байти саввуми порчаи №34 дар “Луғати фурс” (нашри М. Д. Сиёқӣ) ба ин таҳрир аст:

Ки гоҳ мардум аз ӯ шоду гаҳ бувад ношод

ва ин беҳтар аз “шодон” аст, ки аз чӣ шод будан (“аз ӯ”) маълум нест.

  1. Мисраи дуввуми порчаи №35 дар “Луғати фурс”-и нашри А. Иқбол чунин аст:

Мардум миёни дарё, оташ чӣ гуна пояд.

Калимаи “поидан (тоб овардан, истодан) калимаи қадимӣ буда, бо лексикаи Рӯдакӣ мувофиқтар аст ва маънои мисраъ ҳам бештар мафҳум мешавад. Аммо калимаи “шояд”, ки дар ҳамаи нашрҳо қабул шудааст, маъноро хира мекунад.

  1. Байти дуввуми порчаи №74 дар нашри С. Нафисӣ, чопи Душанбе ва Москва ба ин шакл аст:

Кашкин нонат накунад орзӯй,

Нони (симан) хоҳиву гирдаи калон.

Вале дар “Луғати фурс” ин байт ба сифати мисоли калимаи “шамад” ба ин таҳрир омадааст:

Нонаки кашкинат раво нест, низ

Нони шамад хоҳӣ, гирдаи калон.

Ин аст, аст ки ба ҷои калимаи мазмунан торики “симан” калимаи “шамад” (нони сафед) омадааст, ки мафҳум ва ба маврид мувофиқтар аст. Ғайр аз ин, лексикаи таҳрири “Луғати фурс” ба сухани халқӣ наздиктар аст (“нонаки кашкин”, “раво нест низ”, “гирдаи калон”) ва ин ба услуби Рӯдакӣ бештар мутобиқат дорад.

  1. Байти дуввуми порчаи №96 дар ҳама нашрҳо ин тавр аст:

Ин иғдасарӣ ба чӣ кор ояд, эй фато?

Дар боби дониш ин сухан беҳуда мегӯй!

Лекин таҳрири “Луғати фурс” саҳеҳтар менамояд:

Дарёб дониш, ин сухан беҳуда нагӯй!

Ин ҷо маъно мукаммалтар аст ва ғайра аз ин, дар замони Рӯдакӣ пешоянди “дар боби” эҳтимол ҳанӯз кор фармуда намешуд.

Аз фарқи калимаҳои баъзе шеърҳо, дар “Луғати фурс”ҳастанд чунин вариантҳои шеърии Рӯдакӣ ҳосил мешавад, ки варианти аҷиб ва ҷолиби диққат ҳисоб кардан мумкин аст. Инҳоро низ дар матни интиқодӣ зикр кардан зарур аст. Аз инҳо фақат ду мисол меорем.

1.Мисраи аввали байти дуввуми порчаи №58 дар ҳама нашрҳо чунин аст:

Кунун ҳамонаму хона ҳамону шаҳр ҳамон.

Дар “Луғати фурс” ба ҷои “шаҳр ҳамон” ибораи “шеър ҳамон” омадааст.

2.Дар порчаи №73 ба ҷои:

Бӯса диҳам бар лабони паривашон.

дар “Луғати фурс”  чунин омадааст:

Бӯса диҳам бар ду лабони паринажод.

Дар ин сурат ба ҷои қофияи якзайли “бихон”, “равон”, “паривашон” қофияи маснавӣ “бихон”-“равон” ва “шод”-“паринажод” ҳосил мешавад.

Аз ин мисолҳо маълум мешавад, ки тадқиқи шеърҳое , ки дар “Луғати фурс” омадаанд, чизи нав бисёр хоҳанд дод. Дар “Луғати фурс”-и нашри А. Иқбол ва М. Д. Сиёқӣ дар байтҳои Рӯдакӣ ҳамагӣ 207 бор фарқи калимаву ибора ба назар расид. Бо вуҷуди он ҳама корҳои матншиносӣ, ки то ин вақт ба анҷом расида буд, ин фарқҳо аз назари аҳли тадқиқот дур мондааст.

Он чӣ ин ҷо зикр шуд, чанд мулоҳизае буд, ки аз таҳлили фақат як фарҳанг ҳосил шудааст. Мақсади мо аз ин гузориш ба тадқиқи эҳтиёткоронаи дигар фарҳангҳои қадим низ ҷалб кардани диққати аҳли ин кор буд.

Ш. Москва

Манбаъ: Садои Шарқ, соли 1970 №2
Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахасис пешбари шуъбаи матбуоти даврӣ.