Амир Шайхами Суҳайлӣ. Чор ғазал

Амир НизомуддинАмир Низомуддин Шайх Аҳмад мутахаллис ба Суҳайлӣ аз зумраи сухансароёни боиқтидори асри XV мебошад, ки ба забони тоҷикӣ ва туркӣ асар офаридааст. Давлатшоҳи Самарқандӣ дар “Тазкират-уш-шуаро” менависад: “Ва ҳоло ин амири фозил соҳиби ду девон аст: яке туркӣ ва яке форсӣ”. Алишер Навоӣ низ дар “Маҷолис-ун-нафоис”, “Хазойин-ул-маонӣ” ва “Муншаот” ин шахсро ҳамчун шоири ширинклом ва ҳамиддахлоқ таърифу таҳсин мекунад.

Суҳайлӣ муддати зиёде аввал дар даргоҳи Султон Абӯсаидмирзо ва сипас дар дарбори Султон Ҳусайни Бойқаро мулозимӣ мекардааст. Ӯ ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш девони ашъорашро мураттаб сохта будааст. Нусхаҳои девони осори тоҷикии Суҳайлӣ зиёд буда, аз он ҷумла як нусхаи он дар ганҷинаи шуъбаи Шарқшиносии АФ  РСС Тоҷикистон (№762), дигаре дар захираи дастхатҳои китобхонаи ба номи Салтиков-Щедрин, шаҳри Ленинград (№452) маҳфуз аст.

Инчунин Суҳайлӣ достони “Лайлӣ ва Маҷнун” офаридааст, ки нусхаи ягонаи маълуми он дар китобхонаи Бодлеани Оксфорд (Англия) нигоҳ дошта мешавад. Аммо то имрӯз девони туркии шоир дастраси тадқиқотчиён нашудааст.

Девони Суҳайлӣ аз ғазал, қасида, мустазод, тарҷеъбанд, таркиббанд, маснавӣ, қитъа, фард ва рубоиёт иборат аст. Инак, чанд намуна аз ғазалиёти шоир, ки соли 1970 дар маҷалаи “Садои Шарқ” дар таҳияи Аълохон Афсаҳзод ва Раҳим Воҳид чоп шудааст, манзури хонандагони арҷманд мешавад.

Эй з-оташи савдои ту дар сина шарарҳо,

В-аз ҳар шараре дар дили шӯрида асарҳо.

Дар сина хароши ситами ҳаҷри ту то кай?

Дарёб, к-аз ин ҳодиса хун гашт ҷигарҳо.

Худро ба ҷамоли дигарон сохта машъуф,

Пӯшида ба рухсори ту дорем назарҳо.

Бихром маҳи ман, ки бо юмни қадами ту

Аз гардани мо дур шавад миннати сарҳо.

Эй карда азимат сӯи байтулҳазани ишқ,

Ҳуш дор, ки дар роҳ хатарҳост, хатарҳо.

Аз равзани иқбол маҷӯ равшанӣ, эй дил,

То боз шавад бар рухи иқболи ту дарҳо.

Дар кӯи ту аз бехабарон аст Суҳайлӣ,

В-ин турфа, ки гӯяд зи ту ҳар лаҳза хабарҳо.

****    ****    *****

Чанд гоҳе чашм ба рӯи қамар хоҳам ниҳод,

Ҳарҷӣ бодобод, дандон бар ҷигар хоҳам ниҳод.

Хат  чӣ зоҳир мекунад бар чеҳрааш, чун баъд аз ин

Аз хати фармони ҳуснаш по ба дар хоҳам ниҳод.

Ғамза зоеъ, гӯ, макун дигар ки аз чини ҷабин,

Пеши пайконҳои дилдӯзаш сипар хоҳам ниҳод.

Гар дили муътод натвонад, ки бошад бе маҳе,

Чанд гоҳе чашм бар рӯи  қамар хоҳам ниҳод.

Паст хоҳам сохт дар кӯяш харобободи хеш,

Бар замини ошиқӣ тарҳи дигар хоҳам ниҳод.

Чашм хоҳам басту дасти тезрафторе гирифт,

Пой надониста дар кӯяш агар хоҳам ниҳод.

Эй Суҳайл, инҳо ки гуфтам, ҷумла аз бетоқатист,

Оқибат рӯзе дар ин андеша сар хоҳам ниҳод.

****    ****    ****

Зи мазлумон накардӣ ёд ҳаргиз,

Кӣ кардаст инчунин бедод ҳаргиз.

Зи ту чашмам нашуд мардумнишин кош,

Набудӣ ин харобобод ҳаргиз.

Таолуллаҳ, чи лутфу қомат аст ин ,

Ки дид ин шева дар шамшод ҳаргиз.

Мани афтодаро кӯҳи фиғон кун,

Нахезад аз замин фарёд ҳаргиз.

****    ****    ****

Ба рӯзи ғам касе ҷуз сояи ман нест ёри ман,

Вале ӯ ҳам надорад тоқати шабҳои тори ман.

Магӯ мурдию монд аз дарси ишқат Кӯҳкан омӣ,

Кӣ ӯро тахтаи таълим бас лавҳи мазори ман.

Ба булбул аз дили нолон чӣ гӯям, чун ба сад достон

Наёрад пеши он гул гуфт як дард аз ҳазори ман.

Шиновар шав дар оби дидаам чун мардуми обӣ,

Агар хоҳи, ки захме шӯӣ аз чашми фигори ман.

Мадам сӯи ман афсуни халос, эй порсо, зеро

Бад-инҳо барнахезад аз сари кӯяш ғубори ман.

Ба гесӯи дуто он маҳ маро мехост бурд аз раҳ,

На дар дасти ман андуҳи инони ихтиёри ман.

Сарамро баъд аз санги фалохун соз, эй гардун,

Чунин андохтӣ дур аз рикоби шаҳсавори ман.

Саре дорам гарон аз зикри шаб, ки ғаб-ғаби соқӣ

Ки з-он ратли гарон тӯфон барорад аз хумори ман?

Суҳайлӣ, назм агар ин аст, арбоби сухан яксар

Фурӯ шӯянд дафтарҳо зи шеъри обдори ман.

Манбаъ: Садои Шарқ, соли 1970 №2

Таҳияи Шавқинисо Носирова, мутахасис пешбари шуъбаи матбуоти даврӣ.