Абуалӣ ибни Сино. “Рисолаи ҷавдия”
Чунон ки аҳли маърифатро маълум аст, ҳакими бузург Абуалӣ ибни Сино дар баробари рубоиёти шӯрангез як силсила осори илмии худро бо забони фасеҳи модариаш, забони тоҷикӣ таълиф кардааст. Номгӯйи ин қабил асарҳои Шайхурраис хеле зиёд аст. “Донишнома”, “Қарозаи табииёт”, “Нафс”, “Набз”, “Зафарнома”, “Дар ҳақиқат ва кайфияти силсилаи мавҷудот…” ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Рисолаи “Ҷавдия” низ аз силсилаи осори ба тоҷикӣ таълиф гардидаи ин марди бузург аст.
Дар мамлакати мо хеле аз асарҳои Абуалӣ ибни Сино ба забонҳои мухталиф тарҷима ва нашр шудаанд. Вале, мутаасифона, ба ҷуз аз маҷмӯи рубоиёти Шайхурраис аз осори эшон чизи дигаре дастраси хонандаи имрӯзаи мо нашудааст. Рисолаи “Ҷавдия”, ки ҳоло ба андаке ихтисор ба табъ мерасад, дар ин бобат иқдоми аввалин мебошад.
Рисолаи номбурдаро бори нахуст доктор Маҳмуди Наҷмободӣ дар арафаи ҷашни ҳазорумин солгарди таваллуди Абуалӣ ибни Сино, ки чанд сол қабл аз ин дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта шуд, дар Теҳрон (соли 1330 шамсӣ – 1370 қамарӣ) ба табъ расонидааст. Нусхае, ки имрӯз ба диққати хонандагони муҳтарам пешкаш мешавад, аз рӯи ҳамин чоп аст.
Рисолаи “Ҷавдия” ҳарчанд, ки марбут ба масоили илми тиб аст, мутолиаи он барои мухлисони эҷодиёти ҳакими бузург аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Умарбек Султонов
…Бидон, эй азиз, ки ин рисолаест бар сабили эҷоз ва ихтисор ба ғояти фавоиди мусаммо ба ҷавдия, ки афзал-ул-ҳукамо Абуалӣ ибни Сино ҷиҳати Султон Маҳмуд иншо намудааст ва дар мутолиаи ин нусха анвои фавоид ҳосил ояд…
Бидон, ки ҷамеи иллатҳо аз хӯрдани бисёру гуфтану бисёр ва хуфтани бисёру муҷомиати бисёр падид ояд. Аз хӯрдани бисёр меъда табоҳ шавад ва ҷигар заиф шавад ва дарди шикаму гурда падид ояд ва ногувориш ва бодҳои зишту тухма ва сустии аъзо бувад.
Ва аз хоби бисёр зардии рӯй ва гаронии тан бошад ва мағз тиҳӣ гардад ва чашм биомосад, савдо ғолиб шавад.
Ва аз бисёр гуфтан дарди сар ва шақиқа (дарди асабҳои нисфи сар) бувад ва ҳарорати сафро ва зиёдатии ранҷ ва ба охири умр иллатҳои саъб ориз гардад…
Боби аввал
Дар илоҷи чашм
Бидон, ки тамоми маразҳои чашм аз касрати ҷимоъ ва бехобӣ ва гиристан ва дарду ҳарорати бисёр ва пойи бараҳна рафтан дар гармо ва оби сардро бар сар рехтан падид ояд.
Мағзи шафтолуро бисӯзонад ва ба сурма бисоянд ва дар чашм кашанд, дафъи ҳарорат бикунад. Ва агар оби розиёнаро (оби кашниз) ба сурма изофа кунанд ва дар чашм кашанд, дафъи ҳарорат бикунад ва шабкуриро бибарад. Ва агар оби кишта ё гулоб дар чашм кашанд, обилаи чашмро бибарад. Ва агар донаи хурмо бисӯзонад ва бо ангубин ба ҳам дар чашм кашанд раги саблро (ранги сурхии чашм) бибарад ва сафедиро бибарад. Бунафша бикӯбад ва бо гулоб зимод (марҳам) кунад ва бар чашм ниҳад омосу дарди чашм дафъ кунад. Атсаи бисёр агар чашм омос кунад, сирка ва равған бар сар кунад, дафъ шавад. Тутиё дар чашм кашанд об рафтани чашм дафъ кунад ва басорат афзояд. Ва мили зарин дар чашм нури чашм афзояд. Ва мили танҳо заррин ҳамин фоида кунад. Ва агар магасро хушк кунанд ва бисоянд ва бо сурма ба чашм даркашанд, мижаҳо бирӯёнад ва равшанӣ афзояд. Чун хуни хирс дар чашм кашанд, мӯй, ки дар чашм зоида бошад, дафъ кунад. Хуни ҳудҳудро дар чашм кашанд, сафедии куҳанро бибарад. Чиҳил рӯз шири зан ба чашми кӯдаки кабудчашм кашанд, сиёҳчашм шавад. Чашми харчанг бар касе банданд, ки дарди чашм дошта бошад, дарҳол нек шавад.
Боби дуввум
Дар илоҷи дарди дандон
Агар дарди дандон аз бод бувад, судобро (гиёҳе мисли ҳулба) бикӯбанд ва дар зери дандон гиранд, дард сокин шавад. Оқарқарҳо (гиёҳе, ки шохаҳояш рӯи замин мехобад ва бехи он дар тиб истифода мешавад) дар буни дандон муфид аст. Лисонул усфурро (забони гунҷишк) ҳамин амал кунад чун бихобад. Ва агар бехи ҳалийун (морчӯба, морогиёҳ) бар дандон ниҳад, беранҷ дандонро берун орад, ки набояд кандан. Ва агар дард бисёр бувад, бехи хиёр (бодиринг) дар зери дандон гирад муфид бувад. Ва агар гӯшти буни дандон бисёр рӯида шавад, зангор (занги оҳан ва мис) бо асал маъҷун (омехта) кунад ва дар пораи катон (канаб) печад ва дар он ҷо ниҳад, гӯштро дафъ кунад. Ҳар ки тархун (эстрагон) дар буни дандон молад, дафъи хун омадан аз дандони ӯ биканад. Ва агар башпари тоза мазмаза кунад, дафъи хун омадани буни дандон бикунад. Ва агар тахун бихояд, бӯи бад аз даҳон афъ кунад. Ва агар зарнихи сурх дар даҳон гирад, бӯи даҳон хушк кунад. Ҳар киро хӯрадандон бувад, барги шафтолу хушк кунад ва бикӯбад ва дар даҳон нигоҳ дорад, хӯра рафъ кунад. Ва агар турб биҷӯшонад ва бо асал бихӯрад, дафъи балғам ва об рафтани даҳон бикунад.
Манбаъ:Садои Шарқ, соли 1971 №1
Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахасси пешбари шуъбаи матбуоти даврӣ