Як тренинг дар Китобхонаи миллӣ аз мафҳуму ҳуқуқҳои маълулон гуфт

тренинг-дар-Китобхона«Шахсони дорои имонияташон маҳдуд дар хона омўзиш мебиннад, ки ин хуб аст, аммо бояд вориди ҷомеа бошанд, бо ҳама баробар таҳсил ва кору зиндагӣ намоянд. Мо барои чунин шахсон мактабҳои тобистона ташкил намуда, духтаронро ба омўзиш тарғиб менамоем. Бонувонро аз хонаводаашон иҷоза гирифта, ба мактабҳои тобистона ба осоишгоҳҳо бурда, омўзиш медиҳем».

Ин суханонро Насиба Иноятова корманди Ташкилоти Лигаи занҳои маъюб «Иштирок» њангоми баргузории тренинг дар шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ иброз дошт.

Мавсуф ҳадафи тренингро омўзиш ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахсони имконияташон маҳдуд, бахусус занҳо унвон намуда, дар идомаи сухан афзуд, ки дар ин тренинг ба маълулон чизҳои навро меомўзонанд, аз ҳуқуқҳояшон мегӯянд ва дар њолати зарурї аз њаќќашон дифоъ намуданро таълим медињанд.

тренинг-дар-Китобхона

Мақсади тренинг ҳамчунин дар он аст, ки маърифати ҳуқуқии афроди мазкур баланд гардида, дар ҷомеа аз худашон дифоъ намуданро меомўзанд, дигар ҳамтақдиронашонро низ огоҳ менамоянд.

Дар нишаст зикр гардид, ки як мушкили занони маъюб имрўз солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивист, зеро ин мавзуъ бисёр ҷиддӣ ва зарурї шуморида мешавад. Чун, баъзе модарон ба духтаронашон мегӯянд: “Ту маъюбӣ, ба ту чӣ даркор аст шавҳару фарзанд. Худат як маъюбӣ, боз як маъюби дигарро ба дунё оварда, дарди сари мо мекунӣ. Кӣ ӯро мехўронаду мепўшонад?”.

Ташкилоти Лигаи занҳои маъюб «Иштирок» бо ин гуна духтарон кор мекунад, то тафаккурашон дигар шавад. Ба гуфтаи Насиба Иноятова пас аз чунин семинарҳо аллакай тасаввуроташон дар бораи худашон тағйир меёбад, ҳис мекунанд, онҳо низ инсонанд ва мисли ҳамаи одамони дигар ҳақу ҳуқуқи баробар зистан доранд. Ва худашон тасмим мегиранд, ки ба дармонгоҳ бираванд ё нараванд.

Волидон ва ё аъзои дигари оила даъво мекунанд, ки ту аз банкомат истифода бурда наметавонӣ. Баъзан онҳо ҳатто ҳамон кумакпулӣ ё нафақаи маъюбии худро намебинанд.

Ин ташкилот ба ин бонувон дар ин масъалаҳо низ кор мебарад, ба онҳо роҳи истифода аз банкомат ва ҳақуқ ҳуқуқи истифода аз нафақаашонро мегӯяд.

Ин гуна омӯзишҳо барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд хеле заруранд, чун донистани њуќуќњои худ бидуни шак инсонро руҳбаланд мекунад ва худро дар миёни ҷомеа бегона намедонад.

Раҳима БОБОЕВА,
бахши матбуот ва

робита бо ҷомеа.