Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 3 – уми март

Соли 1756 дар Уисбич, Кембриджшир файласуфи сиёсии англис, рӯзноманигор, нависанда ва намоишноманавис Уилям Годвин, яке аз асосгузорони фалсафаи сиёсии озодандешӣ ва анархизм (анархизм – ҷараёни ҷамъияти майдабуржуазии зидди марксизм), таваллуд шудааст.

Соли 1793 китоби Годвин «Таҳқиқи адолати сиёсӣ» ва соли 1794 романи машҳури «Ашёҳо тавре ки ҳастанд ё Калеб Вилямс» нашр шуд, ки дар он муаллиф андешаҳои китоби «Таҳқиқи адолати сиёсӣ»-ро таблиғ кардааст.

uilyam-godvinМоҳи июли соли 1796 Годвин бо мақоланависи машҳури онзамонаи Англия, муаллифи китоби «Муҳофизати ҳуқуқи занон» Мэри Воллстоункрафт никоҳи шаҳрвандӣ мебандад. Вақте ки дар моҳи декабр маълум шуд, ки Мэри ҳомиладор аст, онҳо тасмим гирифтанд, ки никоҳашонро қонунӣ кунанд. 30 август, Мэри Воллстоункрафт духтарча таваллуд кард ва пас аз 12 рӯз бар асари табларзаи ҳомиладорӣ вафот кард. Годвин тсарнавишти завҷаашро зери унвони «Тарҷумаи ҳоли муаллифи китоби муҳофизати ҳуқуқи занон» нашр кардааст. Дар ҳамон сол ӯ китоби «Таҳқиқ: Мулоҳизаҳо дар бораи маориф, ахлоқ ва адабиёт»-ро ба итмом расонд, ки Малтусро водор сохт, ки «Очерк оид ба қонуни аҳолӣ» нависад.

Соли 1805 нашриёти «Китобхонаи ҷавонон»-ро таъсис дод, ки тўли бист сол роҳбари он буд.

Годвин 7 апрели соли 1836 дар Лондон вафот кард.

jurij-karlovich-oleshaСоли 1899 дар Елизаветград (ҳоло Кировоград, Украина) дар як оилаи ашрофзои фақир нависанда ва шоири рус Юрий Карлович Олеша таваллуд шудааст. Вай айёми бачагӣ ва ҷавонии худро дар Одесса гузаронда, ҳамчун нависанда нахустин бор дар он ҷо шинохта шудааст.

Аввали солҳои 20-уми асри гузашта дар Одесса замоне буд, ки насрнависону шоирони ҷавон, ки баъдтар адабиёти замони Шӯравиро ба авҷи шуҳрат расонданд: И.Илф ва Е.Петров, В.Катаев, Е.Багритский ва дигарон, ки Олеша низ миёни онҳо буд.

Соли 1922 ба Москав кўчида, дар рўзномаи роҳи оҳани «Гудок» кор мекунад ва дар он ҷо бо тахаллуси Зубило фелетонҳои назмӣ эҷод мекард.

Соли 1927 Олеша аввалин романи худ «Ҳасад»-ро нашр кард. Вале ҳанӯз пеш аз ин, дар соли 1924 китоби намоёну шавқангези «Се шикамкалон» аз чоп баромад, ки яке аз асарҳои машҳури бачагона гардид.

Маҷмӯаи «Донаи гелос» (1931) ҳикояҳои дар солҳои гуногун навиштаи Олешаро муттаҳид кардааст. Дар он замон нависанда аввалин намоишномаи худ «Рўйхати корҳои нек»-ро эҷод кардааст, ки дар Театри Мейерхолд ба саҳна гузошта шуд.

Дар соли 1934 киноповести «Ҷавони сахтгир» рўйи нашр омад. Ў дар бораи ҳамзамонони худ (В. Маяковский, А. Толстой, Илф ва ғайра) ёддоштҳо, дар бораи нависандагони рус ва хориҷӣ очеркҳо эҷод кардааст.

Дар солҳои охири ҳаёташ Олеша зери унвони шартии «Рӯзи бе эҷод нест» қайдҳо дошт ва мехост дар асоси он баъдтар роман нависад. Бо вуҷуди ин, ин кори ў нотамом монд – 10 майи соли 1960 дар Москав нависанда аз сактаи қалб даргузашт.

Соли 1910 шумораи аввалини маҷаллаи афсонавии олмонии Der Sturm аз чоп баромад.

Соли 1918 шеъри Александр Блок «Дувоздаҳ нафар» дар рӯзномаи «Знамя труда» чоп шуд.

muhibullohi-urbonСоли 1948 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори тоҷик Муҳибуллоҳи Қурбон ба дунё омадаст. Баъди хатми мактаби миёна дар факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров ва Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав, ғоибона) таҳсил кардааст ва муддате дар мактаби деҳа муаллими забони инглисӣ будааст. Солҳои 1980-1990 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» (ҳозира «Адабиёт ва санъат») фаъолият бурдааст.

Соли 1990 сардабири рӯзномаи «Ҳафганҷ» таъин шудааст. Солҳои баъдӣ дар Сафоратхонаи ИМА дар Душанбе мутарҷимӣ кардааст.

Қиссаву ҳикояҳояш аз соли 1975 чоп мешаванд ва иддае аз онҳо ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ ва қазоқӣ тарҷума шудаанд. Муаллифи китобҳои «Зери чодари қиргун» (1985), «Шакаркуш» (1988), «Шавҳаркуш» (1997), «Соҳил» (2012), қиссаи мустанади шарҳиҳолии «Дар сафорати Амрико ва баъди он» (2014) ва ғайра мебошад.

Аз рӯи сенарияи ӯ филми ҳунарии «Маҳбуб» (1989) ба навор бардошта шудааст.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 2010 рӯзноманигори рус Андрей Юревич Ленский, сардабири маҷаллаи “Беҳтарин бозиҳои компютерӣ” даргузашт.

Соли 2010 рӯзноманигори амрикоӣ Ҷон Стромейер, барандаи Ҷоизаи Пулитсер (1972) тарки олам кард.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА.