Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 4-уми март
Соли 2003 нависанда, филмноманавис ва коргардони синамои Фаронса Себастян Жапризо аз олам рафт. Номи аслии ӯ Жан – Батист Росси буд ва асарҳои аввалинашро бо ҳамин ном интишор дода буд. Вай 4-уми июли соли 1931 дар шаҳри Марсели Фаронса дида ба олам кушода буд.
Романи аввалинаш “Оғози девонагӣ” дар Фаронса ва ИМА чоп шуд. Баъдан бо тарҷумаи асарҳои Дэвид Сэлинджер (нависандаи амрикоӣ) машҳур шуд.
Соли 1962 вай барои навиштани аввалин романи детективии худ сужа пайдо кард. Ин роман “Купеи афроди маҳкум ба марг” ном дошт. Бар пояи ин роман филми “Қотил дар вагон” ба навор гирифта шуд.
Ин роман ва филм роҳи адибро ба нависандагӣ ва филмноманависӣ боз кард.
Соли 1852 дар шаҳри Москав дар синни 42-солагӣ адиби маъруфи рус Николай Гогол тарки олам кард. Вай поягузори равияи адабии реализми интиқодӣ буд. Ӯро ҳамчунин яке аз бузургтарин танзпардозони ҷаҳон медонанд.
Николай Гогол 20-уми марти соли 1809 дар губернияи Полтаваи Русия ба олам омада буд. Нависандагоне бузурге чун Михаил Булгаков, Фёдор Достоевский, Рюноскэ Акутагава, Фланнери О Коннор, Франс Кафка иқрор буданд, ки таҳти таъсири эҷодиёти Гогол қарор доштанд.
Дар бораи рус ё украин будани нависанда то ҳол баҳс меравад ва худи ӯ низ ҷойе дақиқ ба мансбияти миллиаш нанавиштааст. Аз сӯи дигар то кунун ягон асари Гогол пайдо нашудааст, ки ба забони украинӣ навишта шуда бошад.
Сабаби марги ӯ низ то кунун баҳсбарангез аст ва як фарзияи дақиқ дар бораи бемории адиб, ки билохира ӯро ба бистари марг кашидааст, вуҷуд надорад.
Николай Голог бидуни шак нависанда бузурги сатҳи ҷаҳонист ва аз ӯ осори гаронмоя барои наслҳои баъдӣ боқӣ мондааст. “Шабҳо дар канори деҳкадаи Диканко”, “Миргород”, “Тарас Булба”, “Вий”, “Достонҳои питербургӣ”, “Хиёбони Нева”, “Шинел”, “Ҷонҳои мурда”, “Муфаттиш” аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои ӯ мебошанд.
Чанд асари ӯ ба забони тоҷикӣ низ тарҷума шудааст. Аз рӯи мазҳакаи ӯ “Муфаттиш” бо ҳамин ном дар театри ба номи Лоҳутӣ намоишнома таҳия шуда буд.
Соли 1865 нависандаи аҳли Эстония, намоишноманавис, рӯзноманигор ва дипломат Эдуард Вилде ба дунё омад. Ӯ яке аз машҳуртарин чеҳраҳои адабиёти Эстония ба шумор меравад ва ба унвони аввали нависандаи ҳирфаии кишвари Эстония шинохта шудааст.
Вилде намояндаи реализми танқидӣ дар адабиёти Эстония ба мебошад.
Соли 1872 шоир, намоишноманавис ва нависандаи жанрҳои романтикии Дания Йоҳаннес Карстен Хаух аз олам гузашт. Ихтисосаш ҷонваршинос (зоолог) буд ва дар ин фан доктори илм шуда буд.
12-уми майи соли1790 дар Норвегия ба дунё омад ва 4-уми марти соли 1872 дар шаҳри Рум вафот кард.
Вай муаллифи чандин романҳои таърихӣ ва шеърҳои лирикӣ мебошад.
Соли 1989 нависандаи рус Кристина Гептинг ба дунё омад. Модари ду фарзанд буда, ҳоло дар шаҳри Новгород зиндагӣ мекунад. Аввалин романаш соли 2018 чоп шудааст ва онро ширкати синамосозии HHG-и Владислав Пастернак харидорӣ кардааст ва қарор аст аз рӯи он филм бардорад.
Соли 2006 дар синни 78-солагӣ шоири тоҷик Саттор Шокирзода аз олам гузашт. Вай 1-уми январи соли 1928 дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ таваллуд шуда буд. Соли 1969 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм кард.
Солҳои тӯлонӣ дар колхозҳои ноҳия муҳосиб буда, чанде муовинии раиси колхози Ленинро бар уҳда дошт. Муддате раиси деҳшӯрои Арали ноҳия буд. Дар баробари ин, пайваста машқи шеър мекард.
Ашъораш дар китобҳои «Насими саҳро» (1964), «Соати доно» (1965, барои бачаҳо), «Таронаи саҳро» (1981) ва «Файзи замин» (1986) чоп шудаанд.
Бо нишону ифтихорномаҳои замон тақдир шудааст.
Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
4 марти соли 2006 тарки олам кард.
Таҳияи Б.Шафеъ