Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 5-уми май

Як-рузи-таърих-05-05-2023Соли 1816 аввалин сонети шоири англис Ҷон Китс чоп шуд.   Шоири насли навраси романтикҳои англис Ҷон Китс 31 октябри соли 1795 дар Лондон ба дунё омад ва дар 25-солагӣ, 23 феврали соли 1871 дар Рум даргузашт. Бузургтарин асарҳои Китс дар синни 23-солагии ӯ навишта шудаанд.

Эҷодиёти Китс ба романтизми инглисӣ унсури нави эллинизми он замон (эллинизм – давраест дар таърихи ноҳияҳои шарқии Баҳри Миёназамин, Осиёи Пеш ва атрофи Баҳри Сиёҳаз истилои Искандари Мақдунӣ солҳои 334-324 то замони мо – сар карда то солҳои 30-уми замони мо), парастиши зебоӣ ва лаззати ҳамоҳангии ҳаётро ворид кард. Эллинизми Китс бо тамоми қуввааш дар ду шеъри бузурги ў: «Эндимион» ва «Гиперион», инчунин дар шеъри «Қасида ба гулдони юнонӣ» таҷассум ёфтааст.

Ҷон Китс дар солҳои охири умраш аз фаъолияти адабӣ ботамом даст кашида буд.

Соли 1883 дар Олтой нависанда, мунаққид ва рӯзноманигори рус  Георгий Гребеншиков таваллуд шуд. Вай муаллифи асарҳои “Дар паҳнои Сибир”, “Хонигарии Ботурбек”, “Любава”, “Ҷӯраевҳо” буд.

Соли 1902 дар Суррей дар синни 65-солагӣ бар асари бемории саратони гулӯ нависандаи амрикоӣ Брет Гарт тарки олам кард. Вай бештар бо асарҳояш аз ҳаёти тиллоҷӯёни Калифорния машҳур аст ва ин адибро яке аз поягузорони жанри вестерн дар адабиёт медонанд. Жанри вестерн ҳунаре аст, ки дар филм, телевизион, радио, бозии видеоӣ, адабиёт, наққошӣ ва соири ҳунарҳои таҷассумӣ мавриди истифода қарор мегирад. Достонҳои ин жанр бештар дар нимаи дуюми қарни 19 дар Амрико пайдо шуданд.

Шуҳрати Брет Гарт хеле бармаҳал аз Амрико ба Аврупо расид, адибоне чун Диккенс ва Киплинг аз осори Брет ба ваҷд омада буданд.  Дар Русия низ ба зудӣ маъруфият пайдо кард.

Соли 1912 дар деҳаи Синдеви ноҳияи Шуғнони ВМКБ Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар дида ба олам кушод. Се дафъа котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Солҳои зиёд раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.

Аз охири солҳои 30-юм бештар барои бачаҳо шеър гуфтааст. Достони «Мо аз Помир омадем» (1939) беҳтарин асари барои бачагон офаридаи ӯст.

Аввалин асари ҳаҷман бузургу шоистаи ӯ достони машҳури «Қишлоқи тиллоӣ»-ст, ки пеш аз ҷанг ба навиштани он шурӯъ карда, соли 1942 ба итмом расондааст. Ин асар баробари нашраш ба фонди тиллоии адабиёти шӯравӣ дохил гардида, ба ҳамаи забонҳои халқҳои ҷамоҳири бародарӣ тарҷума ва чоп шудааст. «Кишлоқи тиллоӣ» дар таҳияи худи муаллиф борҳо дар саҳнаҳои театрӣ пешкаши тамошобинони ҷавон гардидааст…

Матлаби бештар дар бораи адиби номвар ин ҷост: САДУ ЁЗДАҲ СОЛИ МИРСАИД МИРШАКАР

Соли 1907 нависандаи Шӯравию украин Ирина Вилде ба дунё омад. ЮНЕСКО исми ӯро қатори машҳуртарин шахсиятҳои асри ХХ ворид карда буд.

Соли 1915 нависандаи автралиёӣ Том Ҳангерфорд зода шуд. Вай муаллифи китобҳои “Шохи тиллоиро бияфшон”, “Дарё ба соҳил мерасад” мебошад. Соли 2002 соҳиби ҷоизаи адабии Патрик Уайти Австралия шуда буд.

Соли 1932 дар шаҳри Киев нависанда, мақоланавис, намоишноманависи рус Леонид Жуховитский таваллуд шуд. Аз дӯстони Феликс Лев, Фозил Искандар, Евгений Евтушенко ва Владимир Войнович буд. Муаллифи беш аз 40 китоб ва 15 намоишнома буд. Китоби “Дар бораи муҳаббат”, ки дар Шветсия 185 нусха чоп шуда буд, адиб аз беҳтарин навиштаҳои худ медонад.

Китобҳояш бо бештар аз 40 забони олам тарҷума шудаанд, намошномаҳояш зиёда аз 350 маротиба дар театрҳои Русия ва Аврупо ба саҳна гузошта шудаанд.

Соли 2014 қатори дигар адибони рус аз сиёсати Кремл нисбат ба Қрим интиқод карда буд.

Мавҷуда-ҲакимоваСоли 1932 дар шаҳри Хуҷанд шоири маъруфти тоҷик Мавҷуда Ҳакимова ба дунё омад. Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод» ва «Пионери Тоҷикистон» чоп шудаанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Суруди саҳар» (1964), «Илҳом» (1970), «Мошини мошинсавор» (1972), «Ба сӯйи нур» (1976), «Набзи роҳ» (1977), «Тӯйи баҳор» (1980), «Диёри муҳаббат» (1987), «Бӯйи баҳор» (2002) ва ғайра мебошад.

Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Мошин дар мошин» (1972), «Қатраи Офтоб» (дар тарҷумаи ӯзбекӣ; Тошканд, 1975), «Наш Нурек» (1975), «Дастони моҳир» (1978), «Баҳори шукуфон» (1980), «Шаршара» (1982) ва «Кто красивый» (1982) барои бачагон офарида шудаанд.

Дар бораи адиби маъруф бештар ба ин матлаб таваҷҷуҳ кунед: Дар ғами мардум нагирям, номи ман Мавҷуда нест

Эшмуҳаммад ДодохоновСоли 1947 дар деҳаи Дуғдонаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон адиб ва қиссанави узбектабор Эшмуҳаммад Додохонов таваллуд ёфтааст.

Солҳои 1969-1981 дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Колхозобод», солҳои 1981-1983 дар рӯзномаи ноҳиявии «Байрақи Коммунизм»-и ноҳияи Ҷилликӯл фаъолият кардааст.

Аз соли 1983 дар рӯзномаи «Совет Тожикистони» (ҳозира «Халқ овози») ба ҳайси мудири шуъбаи адабиёт ва санъат, муовини сармуҳаррир ва мухбири махсус дар вилояти Хатлон кор кард.

Ҳикояву қиссаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Комсомоли Тоҷикистон», «Халқ овози», «Адабиёт ва санъат», «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати», «Муштум», «Фирӯза» ва ғайра чоп шудаанд.

Китоби қиссаҳояш «Кулфат» (1990) ва «Қуюн» (1992) дар Тошканд аз чоп баромадаанд. Соли 1999 китобаш «Оёғи ердан узилган аёл»Зане, ки пояш аз замин канда шудааст») дар Хуҷанд интишор ёфтааст. Соли 2000 қиссаи «Қуюн» («Тӯфон») бо таҳриру иловаҳои нав дар Душанбе чоп шудааст.

Маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳояш «Кӯнгил мулки» («Мулки дил») соли 2004 ба табъ расидааст.

Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Эшмуҳаммад Донохонов 12 сентябри соли 2020 вафот кард.

Соли 1951 дар деҳаи Қалъаи Баланди ноҳияи Истаравшан шоири тоҷик Валиҷон Акбарӣ зода шудааст.

Аз 14-солагӣ ба шеърнависӣ пардохта, барои матбуоти даврӣ пайваста хабару мақола навиштааст.

Намунаҳои ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳо, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳои «Ганҷи ороста» (2004),  «Сабзаи меҳр»  (2006), «Ҷилваи андеша» (2008) ва ғайра дар алоҳидагӣ ба табъ расидаанд.

Аз соли 1992 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2009 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Одина-АзимӣСоли 1952 дар деҳаи Самҷони шӯрои деҳоти Ланглифи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳи вилояти Суғд шоири тоҷик Одина Азимӣ таваллуд шуд.

Бо шеърнависӣ асосан аз охири солҳои шастум оғоз намуда, аввалин сурудаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва алманахҳои «Шукуфаҳои умедбахш»-у «Модарнома» чоп шудаанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Ману ту» (1984), «Умеди сур» (1991), «Деҳаи мо» (1992), «Ашки сапеда» (1995), «Нигоҳи дил» (1998) ва ғайра мебошад.

Чанде аз шеърҳояш бо забонҳои булғорӣ ва ӯзбекию қирғизӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

15 апрели соли 2000 аз олам даргузашт.

Рустам Ваҳҳобзода Соли 1960 дар деҳаи Капалии ноҳияи Тоҷикобод шоир, нависанда, тарҷумон, мунаққид, пажӯҳишгар, муҳаррир, Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода ба дунё омад.

Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси аспирант ва устоди донишгоҳи номбурда ба фаъолият пардохтааст.

Ҳамзамон, мухбири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», солҳои 1991-1992 котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг», солҳои 1994-2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсӣ будааст.

Аз соли 2007 дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошта, роҳбари маҳфили адабии донишгоҳ аст.

Сардабири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» мебошад.

Соли 2008 дар мавзӯи «Таҳаввули поэтикаи вазн ва ритми шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ карда, онро ба гунаи дастури таълим ба чоп расондааст.

Барои маҷмӯаи «Шаҳри Хуршед» Барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Маълумоти муфассалтар дар бораи адиб ин ҷост: РУСТАМ ВАҲҲОБЗОДА

Ҳафиз-РаҳмонДар ин рӯз адиб, донишманд, пажӯҳигар, тарҷумони тоҷик Ҳафиз Раҳмон ба дунё омад. Ӯ соли 1986 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), соли 1997 шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 2001-2004 муҳассили маълумоти дуюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон (2009), ДМТ (2022), нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2011), «Аълочии телевизион ва радио» (2013), «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2016) сазовор шудааст.

Муаллифи беш аз 400 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, дастурҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ аз фанни «Таърихи адабиёти ҷаҳон» аст.

Муаллифи силсилабарномаҳои «Марворидҳои бесадаф» буда, ба ҳайси муаллиф ва баранда дар таҳия ва пахши барномаҳои телевизионии иҷтимоию сиёсӣ ва адабию фалсафии «Тафсир», «Афкор» ва «Жемчужины мысли» саҳм дорад. Муаллифи якчанд филмҳои мустанад, аз қабили «Ойини зиндагисоз» (бахшида ба Наврӯзи байналмилал), «Пойдевори тамаддун» (гиромидоштизабони давлатӣ), «Ҳикмати рамзҳои Парчам» (таърих, хосият ва моҳияти рамзҳои Парчам), «Мизони адолат» (роҷеъ ба ҳуқуқи инсон аз таърих то имрӯз) мебошад.

Соли 2010 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ; аз моҳи сентябри соли 2010 то моҳи августи соли 2012 ба сифати сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ба қуллаҳои дониш» – нашрияи расмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; аз 13-уми августи соли 2012 то 3-юми ноябри соли 2014 дар вазифаи муовини аввали директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон; аз 3-юми ноябри соли 2014 то ҳол ба ҳайси котиби масъули Шабакаи якум фаъолият дорад. Аз соли 1987 инҷониб узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Ҳафиз Раҳмон чанде қабл рисолаи номзадиро дифоъ намуда, пайи таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошад.

Маълумоти бештар: МЕЛОДИ УСТОДИ РОҲНАМО ВА АҲЛИ КОР МУБОРАК!

Соли 1969 дар Вилнюс дар синни 65-солагӣ шоир ва тарҷумони литвонӣ  Теофилис Тилвитис аз олам рафт. Вай соҳиби унвони Шоири халқии Литва буд. Барандаи ҷоизаи Сталин, дорандаи ордени Ленин, Байрақи Сурхи меҳнат, “Нишони Шараф” буд.

Кэтрин-Морган-ВалентеСоли 1979 дар Сиэтл нависандаи амрикоӣ Кэтрин М. Валенте ба дунё омад. “Моҳии бобилӣ”, “Абадзинда”, “Ҷоизаи бузурги тасаввур”, “Афсонаҳои ятимон”, “Духтаре, ки кишвари муъҷизаосоро бо киштии худсохт давр зад” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1985 дар Сидней дар синни 61-солагӣ нависандаи автралиёӣ британиёитабор Картер Браун аз олам рафт. Вай бо номҳои мустаори Текс Конрад, Кэролайн Фарр, Том Конвей ва Пол Валдес низ асар чоп кардааст.

“Муштарии бесилоҳ”, “Тиҷорати марговар”, “Куштор дар майдони наворбардорӣ” асарҳои ӯ дар жанри тахайюлӣ мебошад.

Марина ЮрйевнаСоли 2022 дар синни 77-солагӣ нависанда асарҳои тахайюлии Украина Сергей Дяченко тарки олам кард. Ӯро бештар ҳамроҳи ҳасараш Марина Юрйевна Дяченко-Ширшова ном мебаранд. Ҳарду ҳам аз ҷумлаи нависандагон ва филмноманависоне мебошанд, ки бо забонҳои русӣ ва украинӣ дар жанри тахайюли илмӣ ва афсона асарҳои эҷод кардаанд.

Онҳо то соли 2009 дар Киев, аз 2009 то 2013 дар Москав зистаанд ва баъдан ба Лос-Анжелиси ИМА кӯч бастаанд.

Таҳияи Б.Шафеъ