Китоби нав аз таърихи мамолики Аврупо ва Амрик

Таърихи-АврупоКитоби «Таърихи навтарини мамлакатҳои Аврупо ва Амрико» бо тавсияи Шурои илмӣ – методии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва Шурои олимони факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳи мазкур ба табъ расидааст. Ии китоб нашри дуюм бо таъғйиру иловаҳо буда, таърихи Аврупо ва Амрикоро дар солҳои (1918-1945) дар бар  мегирад.

Муаллифони китоб Мунаввара Шарифова ва Мирзо Мирзоев дар пушгуфтори китоб навиштаанд, ки таърихи навтарини мамлакатҳои Аврупо ва Амрико (давраи навтарин) аз Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр (соли 1917) оғоз гардида, то замони ҳозираро дарбар мегирад. Омӯзиши давраи аввали таърихи навтарини (1918-1945) мамлакатҳои Аврупо ва Амрико  дар силсилазанҷири таълими пурраи давлатҳои хориҷӣ мақом ва манзалати хосаро соҳиб мебошад. Ин давра бешак давраи нави эҳёи давлатдории як қатор давлатҳои ҷаҳон аз ҷумла дар минтақаи Аврупои Шарқӣ мебошад.

Дар курси мазкур заминаҳои асосӣ ва раванди барқароршавии ҳизби коммунистӣ дар мамлакатҳои ҷаҳон, таъсиси ҳизби фашистӣ дар рақобат бо ҳизби комунистӣ ба вуҷуд омадани мамлакатҳои нав, озодшавии як қатор мамалакатҳои мустамликавӣ, ки дар натиҷаи инқилобҳо ва муборизаҳои миллӣ- озодихоҳӣ истиқлолияти худро ба даст оварданд, маълумот дода мешавад…

Дар китоб вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳои Аврупо ва Амрико дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон ва солҳои баъдиҷангӣ, рушди минбаъдаи ин давлатҳо, вазъи сиёсии ҷаҳон дар арафаи Ҷанги дуюми ҷаҳон, мақсад ва манзалати мамлакатҳои империалистӣ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон таҳлил шудааст.

Касоне ки хоҳиши мутолиаи китоби «Таърихи навтарини мамлакатҳои Аврупо ва Амрико» – ро дорад метавонад дар «Китобхонаи миллӣ» мутолиа намояд.

Фарзона ШАРИФОВА,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.