Шуҳрати баъд аз марг. Адибе, ки сил дар 24-солагӣ аз по уфтонд

Антониу-ди-Кастру-АлвисАнтонио де Кастро Алвис ҳамагӣ 24-сол умр дид. Аммо аз кӯдакӣ ҳаёташ бо дарду ранҷу ғаму кулфат гузашт. Аз тири бегона захмӣ шуду аз пой маҳрум гашт ва баъд гирифтори сил шуду аз ҳамин беморӣ тарки олам кард. Умри кутоҳ, вале шуҳрати абадӣ ёраш шуд. Аммо бо тани ранҷуру кулфати фаровон зидди ғуломиву ғуломдорӣ низ мубориза бурд ва натиҷаи ин заҳамоташро ҳам дид. Асарҳое ҳам офарид, ки барояш умри дубора бахшиданд.

14-уми марти соли 1847 нависандаи бразилӣ Антонио де Кастро Алвис таваллуд шуд.

Нависанда дар оилаи  табиб  Антонио Хосе Алвис ба воя расидааст. Соли 1859 вақте, ки Антонио 12-сола буд, модараш вафот кард. Соли 1862 вай кўшиш кард, ки ба риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Ресифи дохил шавад, вале аз имтиҳон нагузашт, танҳо соли 1864  ба ў муяссар шуд ба донишгоҳ дохил шавад. Дар ин давра ӯ аввалин шеърҳои худ «Ғуломон» ва «Шаршараи Пауло Афонсо»-ро эҷод кард ва ба зудӣ  миёни ҷавонон маъруфият пайдо кард. Ӯ ҷавони зебову болобаланд буд, чашмони оҳумонанд, мӯйҳои зебо ва овози бурро дошт.

Соли 1866 падараш вафот кард ва бародараш Хосе, ки аз ғамгинӣ азоб мекашид, даст ба худкушӣ зад, аммо Антонио худро гум накард. Вай дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекард.

Соли 1867, ӯ драмаи «Гонзага»-ро навишт, ки он дар як театри маҳаллӣ ба саҳна гузошта шуд ва муваффақият пайдо кард. Соли 1868 Антонио ба Сан-Паулу кӯчид. Дар ин шаҳр шоирро шўҳрати умумибашарӣ иҳота карда буд.

11 ноябри соли 1868 ҳангоми шикор дар наздикии шаҳр Антонио бо тири тасодуфӣ аз пои чапаш захмдор шуд ва бинобар таҳдиди сиёҳмурдагӣ (гангрена) онро буридан лозим омад.

Баъди ин ӯ бо пойи сунъӣ ва асо роҳ мерафт. Соли 1870-умро дар зодгоҳаш Баия гузаронда, кўшиш мекард, ки аз бемории сил, ки дар Сан-Паулу гирифтор шуда буд, шифо ёбад.

Китоби “Espumas flutuantes” (Кафки шинокунанда) – ягона китобест, ки дар тӯли ҳаёташ нашр шудааст. Ҳамаи китобҳои дигари ӯ пас аз марг нашр шуданд.

Ашъори Антонио асосан ба мавзуъҳои инсонпарварӣ ва иҷтимоӣ тамаркуз кардааст. Вай ба ғуломфурўшӣ ва барҳам додани ғуломӣ муқобил баромад. Аз сабаби маъруфияти худ ҳамчун шоир, дар маъракаи қабули қонуни соли 1871, ки ғуломии фарзандони ғуломонро манъ мекард, саҳми муҳим гузошт.

Антонио  инчунин дар мавзуъҳои таърихӣ очеркҳо эҷод кардааст. Ўро аъзои Академияи адабии Бразилия интихоб карданд. Аммо тамоми кӯшишҳои ӯ барои мубориза бо сил бенатиҷа буданд ва ӯ соли 1871 дар Салвадор дар синни 24-солагӣ вафот кард.

Шӯҳрати  пасомаргии Кастро Алвис аз умри ӯ зиёдтар буд. Соли 1900 зодгоҳаш Курралино ба номи ӯ гузошта шуд, дар бораи ӯ китобҳои зиёде навишта шуда, ду филм низ офарида шудааст («Vendaval Maravilhoso», 1949 ва «Castro Alves — Retrato Falado do Poeta», 1999). Кастро Алвис  ҳамчун бузургтарин шоири Бразилия эътироф шудааст.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА