Рӯ ба илм. Деметра – олиҳаи ҳосилхезӣ ва зироат

 

Деметра дар оин ва асотири Юнони Қадим илоҳаи ҳосилхезӣ ва зироат, духтари Кронос ва Рея, хоҳар ва завҷаи Зевс, модари Персефон (аз Зевс) ва Плутос (аз Иасион). Деметра ба одамон шудгору кишти заминро омўхта дар байни деҳқонон маҳбубият дошт.

Деметра дар асотир модари ғамзадаест, ки баъди рабудани духтараш Персефон аз ҷониби Аид дар шаҳри Элевсин (дар наздикии Афина) барои зудудани андўҳаш маъбад месозад.

Дар замони андўҳи Деметра заминро хушксолӣ ва гуруснагӣ фаро гирифта, барои пешгирии фавти одамон Аид бо ҳукми Зевс Персефонро ба модараш бармегардонад. Тибқи қарордоди ҷонибҳо Персефон шаш моҳро дар замин ҳамроҳи Деметра ва шаш моҳи дигарро ҳамроҳи шавҳараш Аид мегузаронад.

Шаш моҳи ҳамроҳи модараш будани Персефон замони хушҳолии Деметра, сарсабзии табиат (баҳору тобистон) ва шаш моҳи боқимонда замони андўҳи илоҳаи ҳосилхезӣ ва хазонрезию карахтии табиат (тирамоҳу зимистон) аст.

Дар осори ҳунарии бостон Деметра тимсоли зани ҷиддӣ тасвир ёфтааст, ки дар дасташ хўшаи гандум ва дар сар гултоҷ дорад. Дар асотири Руми Қадим бо илоҳа Серера айният дорад.

              Бозчоп аз Энсиклопедияи миллӣ.

             Таҳияи Марзия Зардодхонова

     корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.