Китобхонаҳо дар даврони навин. ҶОН ДЮРИ
Ҷон Дюри (солҳои 1595-1680) китобдори ҳирфаӣ буд, ки дар вазифаи кӯмаккитобдори китобхонаи салтанатӣ кор мекард. Шояд битавон ӯро нахустин назарияпардози китобдории Инглистон номид. Ба ҳангоми хидмат дар китобхонаи салтанатӣ, ду нома дар боби вазоифи китобдори ҳирфаӣ ба Самуэл Ҳортилб навишт. Ин ду нома соли 1650 бо унвони “Китобдори ислоҳшуда” мунташир шуд.
Пиндорҳои вай дар мавриди китобдорӣ бисёр густарда, муассир ва нав буд. Ӯ муътақид буд, ки ҳадафи китобдорӣ “роҳ ёфтан ва интиқоли манобеи дониш ба ҷустуҷӯйҳои муносиб аст”. Вай аз ҳамасронаш дар низомнома даровардани усули китобдорӣ пешрафтатар буд. Ба боварии вай китобдор на танҳо бояд ба ҳадди кофӣ таълимдида низ бошад ва санҷаи (стандарти) ҳирфаиро, ки ба он таалуқ дорад, бартарӣ бахшад. Бо садои баланд мегуфт: “китобдорон шоистагии дарёфти муздеро доранд, ки битавонанд ба осонӣ зиндагӣ кунанд ва дар натиҷа тамоми нерӯи худро ба анҷоми вазоифи маъмулии хеш ба кор андозанд”. Ин вазоифро ба шаҳри зер бар мешуморид:
- Пайравӣ аз сиёсати мусбат дар фароҳамоварии китоб ва афзоиши маҷмӯи китобхона;
- Таҳияи як феҳрист аз рӯзомади нигаҳ доштани он;
- Барқарории иртибот бо соири коршиносон дар ҷиҳати бархӯрд ва пешбурди мавзӯҳое, ки ҳанӯз дар улуми мухталиф ба камол нарасидаанд.
Ба гуфтаи Дюри китобдор “бояд дар маноби омӯзишӣ ва ғайри он бохабар бошад ва муваззаф аст аз он маносири онҳо ҳидоят намояд”. Ӯ мехост китобхонаи донишгоҳӣ маркази илм ва адаб бошад ва аз китобдорони донишгоҳӣ интизор дошт, хонандагонро роҳнамоӣ ва ба кори машваратии онҳо кӯмак кунанд. Ва ба эҳтимоли зиёд яке аз пешгомон ва ҳомиёни истифода аз феҳристи радаӣ буд, ки дар замони худ пиндори инқилобӣ маҳсуб мешуд. Шояд афкори ӯ барои замонаш хеле зуд будааст, аммо ин ҳирфа ҳаргиз онҳоро фаромӯш накарда ва дар қарнҳои баъд муҷаддадан матраҳ шудаанд ва саранҷом ба унвони мафоҳими навин, дар сатҳи густурдае мавриди пазириш ва иҷрои китобдории навин қарор гирифтаанд.
Аз китоби С. Сулаймонӣ “Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ”. Душанбе, 2013.
Таҳияи Барно Самиева.