Бо бачаҳо. Мустафо Шарқӣ: Пешонақашқа
Гулнораи дусоларо модараш ба ҳамсоязан Анор – хола супурда, худаш аз паси кадом як кори зарур ба шаҳр рафт. Кампир Анор – хола тез – тез ба хонаи Гулнораино меомад ва духтарча кайҳо ба ў одат карда буд.
Анор – хола Гулнораро рўи даст бардошта, ба хона даровард. Дар он ҷо, дар наздикии тахмон гурбаи пешонақашқае ҳалқа зада мехобид, дар миёнаҷои хона бошад ду гурбачаи худаш барин пешонақашқаю шўхчашм бо якдигар бозӣ мекарданд: аввал ду пои хешро бардошта, гўё қувваозмоӣ мекарда бошанд, ба китфи якдигар мезаданд, баъд китф ба китф монда ҳамдигарро тела медоданд, меафтиданд ва боз хеста ин корашонро аз сари нав такрор мекарданд…
– Пишшӣ – пишшӣ, – гуфта Гулнора гурбачаҳоро ба Анор – хола нишон дода. Вай аз гуштигирии онҳо ба ваҷд омада буд.
– Ҳа, инҳо пишакча – гурбача, – гуфта Анор – хола сухани Гулнораро тасдиқ карда. – Ман ҳозир ба онҳо шир медиҳам, ту ширхўрии онҳоро тамошо кун.
Анор – хола хурмаеро аз тоқча гирифта, ба ду тақсимӣ, ки дар наздикии дар, бехи девор меистоданд, шир рехт.
– Пиш – пиш, – ба тақсимиҳо шир рехта истода фарёд кард Анор – хола. – Ё шикаматон сер аст?
Гурбачаҳо ширро дида сўи Анор – хола давиданд. Онҳо дар як он тақсимиҳо расида, ширро бо забончаҳои силиқи лоларанги худ лесидан гирифтанд.
Гулнора ширхўрии гурбачаҳоро бо рағбат тамошо карда, забонашро беихтиёр лесида монд. Чӣ хел гурбачаҳои хушрўяк! Чӣ хел бофаросат онҳо! Чунон боэҳтиёт шир мехўранд, ки ҳатто як қатраашро ҳам намерезонанд.
Гулнора наздиктар омада ба гурбачаҳо чашм дўхт. Онҳо ба вай эътибор надода ширро лесидан гирифтанд. Гулнора ин манзараро лаҳзае тамошо карда, баъд сари ду по нишаст, гўё ў ҳам лелакашро ба тақсимиҳо дароз намуда, ҳамроҳи чорпоякони хушрўяк шир лесидан мехост.
Дар ҳамин дам пешонақашқа давида назди фарзандонаш омад ва бо думаш Гулнораро зада – зада аз ҷояш хезонданӣ шуд. «мяв, мяв – хез аз ин ҷо, хез аз ин ҷо!», – мегуфт Пешонақашқа.
Гулнора ноилоҷ аз ҷояш хеста назди Анор – хола омад. Кампир дуке дар даст ба кат такя карда рўи кўрпача менишаст ва аз пашми шутур ресмон мересид.
– Пишт… сил… сил, – гуфт ў бо овози қариб гиряолуд.
– Чӣ гуфтӣ, Гулҷон? – пурсид кампир. Вай бештар духтарчаро навозишкорона Гулҷон меномид. Гулнора такрор кард, вале Анор – хола боз суханони ўро нафаҳмид.
Гулнора аз бари домони Анор – хола дошта кашола кард. Кампир ҳам аз ҷояш хест. Духтарча гурбаро нишон дода, боз такрор кард:
– Пушт… сил…
– Ба ту ҳам шир диҳам?
– Ҳа – ҷавоб дод Гулнора.
Кампир ниҳоят «забони духтарчаро фаҳмидам» гўён осуда шуд ва ўро рўи гилем шинонда, як пиёла шир дод.
Гулнора ширро чашида дид. Шир ба ў маъқул шуд, вале нав ду – се ҳўрт кашида буд, ки гурба «мяв-мяв – ба ман ҳам те, камтар те» гуфта омад.
Гулнора ба Пешонақашқа ало – ало назар кард, гўё бо ин гуфтани буд: «Нав аз наздики бачаҳоят пеш кардӣ, шир надодӣ?»
Гурба боз сарашро бардошта, бо илтиҷо овоз баровард. Гулнора раҳм карда пиёларо назди гурба гузошт ва гуфт: «Ма, хул, хул».
Гурба ҳам маътали ҳамин ишорату иҷозат буд. Вай зуд сўи пиёла гардан дароз намуда, дар як дам тамоми ширро хўрда тамом кард. Кампир вақе аз кор сар бардошт, ки пиёла холӣ буду Пешонақашқа дар пеши пои Гулнора ҳалқа зада мехобид.
– Ҳа, Гулҷон, – гуфт кампир ҳалимона табассум карда, – бо Пешонақашқа унс гирифтӣ, шинос шудӣ?
Гулнора ҳам табассум карда сар ҷунбонд.
– Майлаш, бозӣ кун – вай гурбаи аҳлакак, дўстрўяк…
Пешонақашқа бачаҳояшро дида аз ҷояш хест: гурбачаҳо якдигарро таъқиб карда берун баромаданд. Пешонақашқа ҳам аз паси онҳо кашола шуда рафт.
Гулнора аз паси гурба нигоҳ карда монд, гўё бо ин гуфтанӣ буд: «Чаро аз наздам хеста рафт?»
– Бибӣ, пишшӣ… – овоз баровард Гулнора.
– Ҳа, гурба берун баромад? Ту танҳо мондӣ?
– пурсид кампир сар бардошта. – Ту ҳам рав, ҳамроҳаш бозӣ кун.
Гулнора якто – якто қадам ниҳода берун баромад. Пешонақашқа дар таги ток якпаҳлу мехобид, гурбачаҳо бошанд ба шикам хобида сина мемакиданд. Духтарча назди онҳо рафта сари ду по ба замин нишаст ва синамакии гурбачаҳоро тамошо кард. Як вақте Пешонақашқа аз ҷояш хеста гарданашро ба пеш ёзонд ва танбалона хамъёза кашид, гўё ба бачаҳояш гуфтанӣ буд: «Намебинед, монда шудам, хобам омад». Гурбачаҳо ҳам гўё аз фикри модарашон пай бурда бошанд, Пешонақашқаро ба ҳоли худ гузоштанду боз ба якдигар часпоканак карда, ким, – куҷо гурехта рафтанд.
Ҳамин вақт аз тарқиши девори похсагин як мори алое хазида баромад. Чашми гурба даррав ба мор афтид ва гўшҳояшро сих кард. Гулнора бошад ҳанўз аз хавф бехабар буд.
Гурба зуд худро канор гирифт, лекин сўи Гулнора хазида омадани мори алоро дида, аз пас поида – поида ба он наздик шудан гирифт.
Гулнора ҳам морро дид, аммо нагурехта дар ҷояш шах шуда монд. Мор бошад дар рў ба рўи Гулнора истода гўё меандешид, ки духтарчаро заҳр занам ё не. Ана мор сар бардошт, маълум аст, ки ҳозир Гулнораро заҳр мезанад. Аммо… Пешонақашқа хез зада аз гардани мор газида гирифт ва бо як пояш миёни ўро ба замин пахш кард.
Аз хона Анор – хола баромада монд ва қариб буд бо тамоми овоз фарёд кунад. Ба хушбахтӣ, мор дар даҳони Пешонақашқа буд ва ў намехост, ки душмани қаттолро аз зери дандонҳои тези худ раҳо кунад.
Гурба морро буғӣ карда кушт. Аз куҷое буд бачаҳояш омада монданд ва ҷисми беҷони морро кашола карда ба даруни пали пиёз даромада рафтанд.
Анор – хола Гулнораро рўи даст бардошта, худ ба худ гуфт: «Хайрият, ки Пешонақашқа будааст! Агар мор туро заҳр зада мекушт, ба модарат чӣ ҷавоб медодам?».
Модари Гулнора аз шаҳр баргашт ва аз дасти Анор – хола духтарчаашро гирифта, пурсид:
– Шумоя бесаранҷом накард? Азоб надод?
– Не, духтарам, мо вақтамонро бо хандаю бозӣ гузарондем, – ҷавоб дод Анор – хола ва аз ҳодисаи рўйдода ҳарфе назада, ба гурбаи дўстрўяш муроҷиаткар: – Канӣ, Пешонақашқа, бо Гулҷон хайру хуш кун. Хайр, Гулҷон!
Гулнора табассум кард, Пешонақашқа бошад «мяв – боз биё» гуфта монд.
МАНБАЪ: Мустафо Шарқӣ: “Кабӯтарони сулҳ”. Ҳикояҳо барои бачаҳо. Нашриёти “Ирфон”. Душанбе, соли 1964
Таҳияи Зуҳро Матимова, сардори шуъбаи депозитарӣ