Зевар Абдураҳмонов: “Таърихи муосири Тоҷикистон”

Таърихи муосири ТоҷикистонКитоби мазкур дар доираи барномаҳои таълимии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» мураттаб гардидааст. Дар он маводҳои таърихӣ вобаста ба давраи интихобшуда ҷаъоварӣ ва таҳлил гардидааст. Китоб ҳамчун курси лексияҳо тартиб дода шуда, барои устодони Донишгоҳ дар гузаронидани мавзуъҳои лексионӣ аз фанни таърихи Тоҷикистони муосир хидмат хоҳад кард.

Муаллиф дар пешгуфтор навиштааст: Дар маҷмуаи лексионии мазкур мо таърихи муосири Точикистонро ба 12 мавзуъ ҷудо намуда, дар шакли мухтасар оид ба муҳимтарин воқеаҳо ва дастовардҳои тахрихи давраи нимаи дуввуми асри XX ва аввли асри XXI маълумот ҷаъоварӣ намудем. Дар саҳифаҳои ин маҷмуа шумо метавонед бо рушди хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар давраи солҳои 50-90-уми асри, XX фарорасии сиёсати бозсозии М.С.Горбачёв ва оқибаҳои он барои Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намоед. Ин яке аз душвортарин давраҳои охири асри XX ба шумор меравад, зеро як давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ аз байн рафт ва ин омили сар задани нооромиҳо дар ҷумҳуриҳои собик Шуравӣ гардид. Барои таърихи Тоҷикистон ин давра имконияти бузургро ба бор овард, зеро моҳи сентябри соли 1991 истиклолияти Ҷумҳурии Точикистон эълон шуд ва дар арсаи ҷаҳонӣ давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардид. Дар китоб инчунин муаллиф воқеаҳои солҳои 90-уми асри XX, сабабҳо ва оғози муқовимати шаҳрвандӣ ва нақши босазои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун кафили ҳастии давлатдории тоҷикон ва ҳомии сулҳу ваҳдати миллӣ нишон медиҳад.

Ҷои муҳимро дар китоб таърихи қабули конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад, ки он самтҳои стратегии сохтмони давлатдории тоҷиконро барои оянда муайян намуд. Бо ба охиррасии ҷанги шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин давра дар сохтмони роҳҳо, таъмини истиқлоли энергетикӣ ва беҳбудии амнияти озуқаворӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Рушди илму фарҳанг, соҳаи кор бо чавонон, рушди сайёҳӣ ва дигар дастовардҳои миллат дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол бо илмҳои бузург ва неруи қавӣ ба мақсадҳои бузурги дар пеши худ гузошташуда равона мебошад. Расидан ба ин мақсадҳо ягонагӣ, ваҳдат ва сулҳи пойдор дар ҷомеаро тақозо мекунад, ки ҳифзи онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд ва ҷомеа дониста мешавад.

Ин китоб ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Ҷамила Гирдакова,
сармутахассиси Маркази
«Забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ».