Китоби нав: “Марди хирад”

Марди хирадИн маҷмуаи мақолот нашри дуюм буда, ба ҳаёт, фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ ва ҷамъияти кимиёшиноси маъруфи тоҷик, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (МАН ВШ), Корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, барандаи Ҷоизаи Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, доктори илми кимиё, профессор Бандаев Сироҷиддин Гадоевич бахшида шудааст. Дар китоб фикру андешаҳои мутахассисон, устодон, ҳамкорон, шогирдон ва дӯстон гирд оварда шудаанд.

Доктори илмҳои таърих, профессор А.Ибодуллозода дар пешгуфтораш ба китоб навиштааст, ки дар тамоми давру замон миллати фарҳангдӯсти мо бо фарзндони фарзонааш, аз ҷумла олимони маъруф, омӯзгорони эҷодкору навоварони соҳаи илму маорифаш ифтихор мекунад. Онҳо дунёи маънавии ҳар як халқро чун ситораҳои осмонӣ ҷило дода, оламиёнро аз нуру хирад, ақлу дониш, маърифату муҳаббаташон мунаввар месозанд. Шинохти шахсиятҳои бузургу нотакрор, арҷгузорӣ ва қадр нумудани меҳнату заҳматҳои бунёдкоронаи симоҳои барҷаста ва варзидан миллат амали басо муҳиму кори савоб буда, тарғиби ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи онҳо барои ҷавонон, бахсус омӯзгорони ояндаи кишвари азизамон аҳаммияти калони тарбиявӣ дорад. Яке аз чунин шахсони хирадманд ва оқилу донишвар, ки сазовори эҳтироми аҳли илму маориф ва ҷомеаи мо гаштааст, олими варзидаи соҳаи кимиё, профессор С.Г. Бандаев мебошанд.

Профессор С.Г. Бандаев дар раванди татбиқи ислоҳот ва рушди соҳаи маорифу илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мудири кафедра, декан ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ корҳои хеле зиёдеро ба анҷом расонидааст. Таҳти сарварии бевоситаи ӯ стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои нави таълимӣ, доир ба тахассусҳои равияи омӯзгорӣ, барномаҳои нави замонавии таълимӣ ва як қатор санадҳои меъёрии соҳавӣ таҳия шудаанд, ки онҳо мавриди баҳрабардории омӯзгорону кормандони донишгоҳхои Тоҷикистон қарор доранд.

Лексияҳои профессор С.Г. Бандаев гӯшнавозу дилнишин ва равону фаҳмо буда, бо ҷумлаҳои мантиқан баланд ва ҳамчунин бо корбурди маводу таҷҳизоту химиявӣ баргузор мешаванд. Пай бурдан душвор нест, ки ӯ таҷриба ва маҳорати баланди педагогӣ дорад. Ин ҷиҳатро дар таҳия ва дастраси ҳаводорони химия гардонидани китоби дарсии «Химияи органикӣ» (барои синфи 10), ки профессор С.Г. Бандаев барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ навиштааст ва яке аз беҳтарин маводи таълимӣ маҳсуб меёбад,мушоҳида кардан мумкин аст. Пофессор С.Г.Бандаев дар соҳаи химияи органикӣ ва элементоорганикӣ мутахассиси варзида буда, дар байни олимони ин соҳа дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мақому нуфузи хосса доранд. Аз ин ҷост, ки соли 2024 бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Бандаев Сироҷиддин Гадоевичро ба донишгоҳ ҳамчун хонандаи 42-юми Хонишҳои Синоӣ даъват карданд, ки дар он маҳфил бо маърузаи илмӣ баромад карда, сазовори Дипломи Фахрӣ ва нишони хотиравии «Хонандаи Синоӣ» супорида шуд.

Устод ба ҳамаи дараҷаҳои баланд дар илму таълим ва тарбияи омӯзгорони ҷавон ба туфайли меҳнати ҳалол, сабру тааммул ва хоксорию поксириштӣ ноил гардидаанд. Ин мисраъҳо барои чунин шахсиятҳои суруда шудаанд:

Зиндагиро аз китоби рӯзгор омӯхтам,

                         Ишқи меҳнатро ба авҷи касбу кор омӯхтам.

                         Дар ҷахони хоксорӣ ёфтам қадри баланд,

                         Сархамиро аз дарахти мевадор омӯхтам.

Аз муҳтавои маҷмуаи мазкур ва зиндагиномаи Сироҷиддин Гадоевич бармеояд, ки вай мактабҳои бузурги илмии кимиёшиносони Санк-Петербургу Маскав ва Олмонро гузашта, доир ба омӯзиш ва таҳқиқи органикӣ саҳми арзанда гузоштааст ва дар Тоҷикистон мактаби илмии хешро бунёд намудааст. Ҷолиби қайд аст, ки дар ин мактаби илмӣ як зумра ҷавонони лаёқатманд рисолаҳои докторӣ, номзадӣ, корҳои дипломӣ ва озмунии худро ба сомон расонида, ба гирифтани унвонҳои илмӣ ва ҷоизаҳои гуногуни умумииттифоқию ҷумҳуриявӣ ноил гардидаанд.

Ҳар нафаре, ки ин китобро варақ мезанад, хоҳ ҷавон бошаду хоҳ калонсол, шахсияти нотакроре чун идеали зиндагӣ, идеали олимию омӯзгорӣ, идеали одамгарию хислатҳои ҳамидаи инсонӣсимои нуронии С.Г.Бандаев пеши назараш ҷилвагар мешавад. Чеҳрааш пур аз нуру гуфтораш батамкин, рафтораш пандомӯз, дар бар ҳамеша либоси озодаву шинам дорад. Умуман, таносуби зоҳиру ботин ва дилу ният дар ӯ хеле волост. Аз ин рӯ, ошноӣ бо ҳаёту фаъолияти илмӣ, педагогӣ ва ҷамъиятии ин шахсияти маъруфро барои дигарон, хусусан насли ҷавон ибратбахшу намуна меҳисобем. Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки фармуда:

Дар мактаби ҳақоиқу назди адиби ишқ,

 Хон, эй писар, ки рӯзе ту низ падар шавӣ.

Ба мактаби илмӣ ва омӯзгории профессор Бандаев Сироҷиддин       Гадоевич солиёни зиёд ошноӣ дорем ва аз ҳамкорӣ бо ин устоди фарзона, шахси покизарӯзгор, дасту дилаш тоза, масъулиятшинос, бовиҷдону эҷодкор ва ҷӯянда эҳсоси сарфарозӣ менамоем. Умедворем, ки устод Бандаев Сироҷиддин Гадоевич барои ба сатҳи арзанда боло бардоштани раванди таълиму тарбия дар нахустдонишгоҳи ҷумҳурӣ боз корҳои зиёдеро ба сомон мерасонанд ва баҳри шукуфоии илму маорифи Тоҷикистони азиз саҳми хешро боз ҳам афзунтар хоҳанд намуд.

Хонандагон китоби «Марди хирад»-ро метавонанд дар Китобхонаи  миллӣ бихонанд.

 Адиба Мардонзода,
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.