Ҳаким Низомии Ганҷавӣ дар боби фарзанд

Аз чордаҳсола курратулъайн,

Болиғназари улуми кавнайн.

Ному насабат ба хурдсолист,

Насл шаҷари бузург холист.

Ҷойе, ки бузург боядат буд,

Фарзандии ман надорадат суд.

Чун шер ба худ сипаҳшикан бош,

Фарзандм хисоли хештан бош.

Ғофил манишин, на вақти бозист,

Вақти ҳунар асту сарфарозист.

Дониш талабу бузурги омӯз,

То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз.

*****

На бегона, гар ҳаст фарзанду зан,

Чу ҳамҷома гардад, шавад ҷомаканд.

Чу ҷома бар қадди фарзанд рост,

Набояд дигар меҳри фарзанд хост.

Чу боло барорад гиёҳи баланд,

Сиҳисарвро бошад аз вай газанд.

*****

Нашояд хасмии фарзанд кардан,

Дил аз пайванд бепайванд кардан.

Касе бар норбун-н орад лагадро,

Ки тоҷи сар кунад фарзанди ҳ (в) адро.

Дарахти тут аз он омад лагадхор,

Ки дорад баччаи худро нагунсор.

*****

Ба фарзанде, давлат бад нахоҳад,

Ҷуз иқболи падар бо ҳ(в)ад нахоҳад.

*****

Чӣ созад бо ту фарзандат, бияндеш,

Ҳамон бинад зи фарзандон паси хеш.

Ба неку бад машав дар банди фарзанд,

Талофӣ  худ кунад фарзанди фарзанд.

*****

Зинда-ст касе, ки дар табораш,

Бошад халафе ба ёдгораш.

Яъне, ки чу сарвбун бирезад, 

Сарве дигараш зи бун бихезад.

То чун ба чаман расад тазарве,

Сарве бинад ба ҷойи сарве.

Гар сарвбуни куҳан набинад,

Дар сояи сарви нав нишинад!

*****

Надорад падар ҳеҷ боистатар,

Зи фарзанди шойиста шойистатар!

Аз китоби Низомии Ганҷавӣ «Ҳазору як анддарз»

Таҳияи: мутахассиси пешбари шуъбаи 

хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд 

Наботова Б.

Теги: хизматрасонӣ ба маъюбон