Аз бойгонӣ. 37 сол пеш. Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром дар бораи Наима Қаҳҳорова

 Сивуҳафт сол пеш Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром, ки сармуҳаррири барномаи “Суҳбати дӯстон”-и радиои Тоҷикистон будааст, Наима Қаҳҳороваро дар саҳифаи маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” муаррифӣ кардааст. Муҳим забони мақола нест, чун дар он калима ва ибораҳое истифода шудаанд, ки имрӯз корбурд надоранд. Муҳим шинохти як донишманди пурҳунар аз ҷониби шахсияти маъруф аст. Китобу маҷаллаҳои куҳан илова ба он ки манбаъу махзани донишанд, боз таъриханд.

Ин мақоларо пурра меорем.

ШЕЪР РЕЗАД АЗ КАЛОМАШ

Ӯ аз оилаи коркуни партиявӣ дар шаҳрӣ Панҷакент чашм ба дунё кушод. Падараш Абдулаҳад Қаҳҳоров яке аз ходимони барҷастаи  партия ва ҳукумати мо, шахси равшанфикр ва тамаддунпарвар буданд, ки дар ташаккули маданияти шаклан миллию мазмунан социалистии мо ва равнақи шахсият ва эҷоди адибони тоҷик саҳми босазо гузоштаанд. Муҳити зиндагӣ ва оиладории хуби падар барои фарзандонаш мактаби бузурги ҳаёт гашт.

Барои ҳамин ҳам Наима дилбастаи шеъри баланду нишонрас шуд. Мутолиаи китоби шуаро, насиҳати гавҳардори падар, меҳрубонии додару хоҳарон шахсияти ӯро ҷавҳардор кард. Ӯ занест ҳалиму хоксор, инсоннавоз, фарохандешаю дурнигоҳ. Ҳар кас, ки ба симои ӯ бо чашми дил менигарад, дар замири ӯ дунёеро мебинад, ки ба ҷуз покию зулолӣ ва некхоҳӣ дигар осоре надорад.

Ман Наимаро 2 сол муқаддам аз ин дар бинои кӯҳнаи комитети радиошунавоӣ дида будам. Як рӯз раиси комитети радио ба назди ман, ки вазифаи сармуҳарририи радиожурнали ҳаҷвии “Сӯҳбати дӯстон”-ро адо мекардам, чанд нафар духтаронро оварду гуфт:

       –  Инҳо таҷрибаомӯзон аз университет. Ба инҳо тарзи навиштани  хабар ва мақолаҳои адабиро омӯзед…

    –  Бо ҷону дил, – гуфтам ва оҳиста – оҳиста ба кор шуруъ кардем. Дар байни духтарҳо Наима ҳам буд. Эҳсоси баланди шеърфаҳмӣ, хоҳишу ҳирси коромӯзӣ ва меҳру муҳаббати ӯро ба адабиёти гузашта ва ҳозира пай бурда, ба ӯ вазифаҳо медодем.

            Мо дар охири радиожурнал ҳар ҳафта панду ҳикмати шоирони классикамонро мешунавондем. Як рӯз ман аз Наима, ки донандаи хуби ҳуруфоти арабист, илтимос кардам як панднома тартиб диҳад. Вай рӯзи дигар занг зада, бо телефон “ҳамин байт мешавад ё не?” гӯён чунин байтро хонд:

             Роҳрав он нест, ки гаҳ чусту гаҳе хаста равад,

             Раҳрав он аст, ки оҳиставу пайваста равад.

     –   Мешавад, – гуфтам ба ӯ ва гӯшаки телефонро гузоштам. Вале овози ширину форам ва лангардори ӯ дар гӯши ман дер садо дод. Чун рӯзи дигар пандномаро овард, гуфтам, ки акнун онро худатон мехонед. Ӯ андаке шармиду розӯ шуд.

            Мо ӯро назди микрофон оварда гуфтем: “Марҳамат бихонед!” Духтарак микрофон ва студияи сабти овозро дида, саросема шуд, тасаввур кард, ки тамоми республика гӯшу чашм шуда ба ӯ менигаранд. Ҳарчанд кӯшиш мекард, овозаш намебаромад. Мо медонистем, ки ин ҳаяҷон гузаранда аст. Якуним саҳифа абъётро қариб як соат дар навор навиштем…

            Бозёфт! Овози Наима он рӯз барои мо бозёфт буд. Аз ҳамон вақт сар карда ӯ пандномаҳои “Сӯҳбати дӯстон” ва ашъори адибони классику ҳозиразамонро хондан гирифт. Дере нагузашта ба комитети радио талабномаҳо омаданд. Ҳама хоҳиш мекарданд, ки Наима Қаҳҳорова шеърҳои классикионро хонад…

            Боре мувофиқи дархости устодҳои шодравон Турсунзода, Раҳимзода ва дигарон дар иҷрои Наима мо ғазалҳои Ҳофизи Шерозиро шунавондем. Устодҳо ба хонанда офарин хонданд, зеро он солҳо (балки ҳозир ҳам) чун Наима шеърхон надоштем.

             Ҳар як ҳиҷо, калима, ташбеҳу истиора ва мисраву байтҳо аз нафаси ӯ зинда гашта, дили шунавандаро ба хурӯш меорад. Сухан эъҷоз аст, вале сеҳри каломи ӯ ин эъҷозро  тахти равон медиҳад.

            Боре таклиф шуд Маҳмудҷон Воҳидов, ки он вақт нав ба майдон мебаромад, бо Наима ғазалиёти ҳазрати Ҷомиро қироат кунанд. Мо ин хоҳишро ба Наима расондем, ӯ озурдадилона рад кард. Чун сабабро  пурсидем, гуфт: Афсӯс, шеърро на ҳама мефаҳманд. Дирӯз як марди зиёии журналистнамо таъна зад, ки гӯё як байти Ҳофизро нодуруст хондам.

  • Кадом байташро? – пурсидем беқаророна.

Наима ин байтро хонд:

            Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:

            Бо дӯстон муруват, бо душманон мадоро.

  • Куқояш ғалат будааст?
  • Мегӯянд, ки осоиши ду гетӣ тасвири ин ду ҳарф аст, на тафсир!

          Ин эроди  нодуруст чун чун як коса оби хунук ба сари ман рехт. Баъзе одамҳо бо нодонии худ тан надода, дигаронро айбдор карда мегарданд. Ман ин байтро хондам:

                    Намеранҷам, агар сад сол нодон н-оварад ёдам,

                     Вале мирам, агар доно кунад як дам фаромӯшам.

         Ин байт барои ӯ маъқул афтод ва розӣ шуд, ки бо Маҳмудҷон ғазалиёти Ҷомиро хонад. Ҳангоми сабти овоз Маҳмудҷон як байти Ҷомиро аз рӯи матн ин тавр хонд:

Қатли Ҷомиро чӣ ҳоҷат бори теғ,

Ғамзае ӯро кофият мекунад.

Наима зуд микрофонро  боздошта, арз кард, ки ин ғазалро мо аз хурдӣ медонем, падарам дар дастхати асл сатри якумашро интур хонда буданд:”Қатли Ҷомиро чӣ ҳоҷат захми теғ”.

Мо ҳама муддаиён ба эроди ӯ розӣ шуда, ифтихор кардем, ки донишҷӯи дирӯза имрӯз маънофаҳму адоёб шудааст.  Бо мурури вақт шӯҳрати шеърхонии Наима аз республикаҳои Осиёи Миёна то ба Эрону Афғонистон доман кашид. Ӯ мухлису ҳаводорони зиёде пайдо кард. Дар райони Айнӣ зани дилогоҳе ба ман гуфт: “Вақте, ки овози ӯро мешунавам, ба хаёлам чашмаҳо забон мебароранд, боғҳо дар зимистон гул мекунанд, тухми бадӣ нест мешаваду ниҳоли некию дӯстдорӣ месабзад”.

Ман завқ бурда, хурсанд мешудам, ки дар камоли ин зани соҳибдилу соҳибисиеъдод андаке саҳми камина ҳам ҳаст.

Фаъолияти Наима Қаҳҳорова танҳо бо шеърхонӣ интиҳо намеёбад. Ӯ дар Институти шарқшиносии АФ СССР рисолаи номзадӣ дифоъ карда, чанд сол аст, ки мудири бахши адабиёти мамлакатҳои араби Институти шарқшиносии АФ Тоҷикистон аст. Бисёр шогирду дастпарваронаш барои ривоҷи илми ватанӣ хизмат доранд. Худи ӯ чун олими сермаҳсул, чун хонандаи дилошӯби ашъори рангин ба халқу Ватан хидмти беминнат мекунад. Ман ин чанд байтро чун арзи ихлосу эҳтиром ба ӯ ҳадя карда, дар ҳаёту кораш комёбию барор хоҳонам.

            Бесухан ҳам шеър резад, меҳр резад аз каломат,

            Оламе дардошноён дар сипосу эҳтиромат.

            Булбулон сармаст аз лаҳни шакарпарвардаи ту,

             Шоҳбозон бетакаллуф банд гардида ба домат.

             Мардуме сар то ба по гӯшанд: кай ояд садоят,

             Нахли шеъри ман барӯманд аз шукӯҳӣ файзи номат.

            Баски деворат баланд аст, ошёнат дастнорас,

            Нест амсоли ту дар боғи сухан, эй сарвқомат.

            Рӯдакию Ҳофизу Хайём миннатпарвари ту,

            Зинда бошӣ дар паноҳи ин Ватан, фарзанди миллат!

            Қутбӣ Киром

Аз маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, 1984, №9.

 

Таҳияи Барно Самиева,

 мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг

ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.