19 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ баъди хатми як давраи омӯзишӣ соҳиби Шаҳодатнома шуданд
Ин давраи омӯзишӣ, ки таҳти унвони «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» аввали моҳи октябри соли равон оғоз шуда буд, рӯзи 10-уми ноябр ҷамъбаст гардид. Салима Раҷабзода-муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ ва Гадобек Маҳмудов-муовини директор дар маросими ҷамъбасти давраи омӯзиши ҳузур ёфтанд ва суханронӣ карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандони Китобхона, ки дорои маълумоти ғайритахассусӣ мебошанд, пайваста давраҳои омӯзиширо дар мавзӯъҳои мухталиф роҳандозӣ мекунанд.
Курси бозомӯзии «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» дар ҳаҷми 36 соат аз 4 – уми октябр то 10 ноябри соли ҷорӣ идома дошт ва дар тон 19 нафар кормандони навкор ҷалб гардиданд, ки омӯзгорон ва мутахассисони пуртаҷрибаи соҳаи китобдорӣ ба шунавандагон машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ гузарониданд.
Тибқи нақша баргузории ин гуна давраҳои омӯзишӣ барои соли оянда низ дар назар аст.
Саидзода Исмоил, корманди Маркази такмили ихтисос.