Туҳфаи солинавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба маъюбон ва сарбозон
Дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва қишрҳои осебпазири ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Дар ин росто роҳбарияти ва кормандони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ иқдоми хайрхоҳонаро пеш гирифта, ба 50 нафар кўдакони имконияташон маҳдуди Муассисаи ғайриидавлатии кўдакони маъюби «Боварӣ ба фардо» туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.
Инчунин дар арафаи Соли нави милодӣ ба афсарону сарбозони қисми ҳарбии 0123-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмаки хайриявӣ кард. Ин кумакҳо аз маводҳои ғизоӣ аз қабили орду шакар, равған, тухм ва шириниҳои гуногун иборат буд.
Гуфтанист, ки кумак ба ятимону маъюбон дар остонаи ҳар ҷашну маросим дар Ки тобхонаи миллӣ ба анъана даромадааст ва пайваста анҷом мешавад.