Китобҳои солинавӣ. “Мақоми Абдулвосеи Ҷабалӣ дар адабиёти асри XII форсу тоҷик”
Дар рисола бори нахуст дар адабиётшиносии ватанию хориҷӣ масъалаи таъйини мақоми Абдулвосеи Ҷабалӣ дар адабиёти асри XII форсу тоҷику форс ба миён гузошта шудааст. Масъалаҳои алоқаманд ба ин мавзӯъ: омилҳои таҳаввули шеъру шоирӣ дар рӯзгори Абдулвосеи Ҷабалӣ, муносибати эҷодии шоир бо шоирони ҳамзамон ва мақому манзалати адиб дар эҷоди бадеӣ, ҳунари шоирӣ ва саҳми Ҷабалӣ дар тағйири сабки давраии замон ба таври яклухт ва монографӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтааст.
Дар ин китоб бо мақсади таъйини саҳми Абдулвосеи Ҷабалӣ дар тағйири сабки шеърии роиҷ дар рӯзгори шоир масъалаҳои марбут ба шинохти аносири ҳунарӣ бо таваҷҷуҳ ба мухтассоти сабкофарин, басомади падидаҳои нодири ҳунари адибӣ ва зуҳури онҳо дар эҷодиёти шоир таҳлилу таҳқиқ шудааст, ки чунин равиш дар адабиётшиносии тоҷик нав мебошад.
Муаллифи рисола Ҳамза Собиров буда, барои адабпажӯҳон, омӯзгорон, донишҷӯён ва доираи васеи алоқамандон пешниҳод шудааст.
Китобро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба чоп тавсия кардааст.
Мадина Ҳамидова