Дидор дар Китобхонаи миллӣ. Суҳбат аз дурнамои ҳамкориҳои муфид
6-уми майи соли 2022 мулоқоти директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумахон Хол бо директори Китобхонаи давлатии Русия Веденяпина М.А., директори Ассотсиатсияи кормандони фарҳанг, санъат ва маориф оид ба ҷалби бачаҳо ба хониши «Хонандаро тарбия мекунем» А.Э. Лебедева, намояндаи Агентии федералӣ дар умури кишварҳои ИДМ ва ҳамватанони бурунмарзӣ Д.Безносов багузор гардид.
Сараввал Веденяпина М.А., вобаста ба гузаронидани лоиҳаи озмуни байналмиллалии адабӣ барои наврасон «Китобхона-достон. Тоҷикистон-Русия» шарҳу тавзеҳ дод. Қайд намуд, ки наврасони аз 14 то 16 сола, бо пешниҳоди ҳикояҳои хурд дар ҳаҷми 5 саҳифа дар жанри реалистӣ – метавонанд иштирок намоянд. Созмондеҳандаи озмун китобхонаи давлатии кўдаконаи шаҳри Маскав буда, ҳамаи кишварҳои узви ИДМ дар он ширкат мекунанд.
Тавре М. Веденяпина изҳор дошт, Китобхонаи давлатии бачагонаи Русия 52-сола шуд ва он на танҳо дар қаламрави Федератсияи Русия, балки дар ҷаҳон бузургтарин китобхона ба шумор меравад. Ҳамасола 320 000 бачаҳо ба он ворид мешаванд, хонандагони маҷозии китобхона беш аз якуним миллион аст.
Роҳбари асотсиатсияи «Хонандаро тарбия мекунем» Анжела Лебедева баён намуд, ин озмун дурнамои бузург дошта, онҳо барои ҳамкориҳои байналмиллалӣ вақту қувва ва таваҷҷўҳи бештар сарф намудаанд. Ин роҳест, ки метавонем тавассути он миёни кишварҳову фарҳангҳоямон пул бисозем. Ва ин пулҳо ба воситаи наврасон оянда миллатту таърихамонро ба ҳам мепайвандад, афзуд ӯ.
Ҳадафи аз ин вохӯрӣ муаррифии лоиҳаи озмуни байналмиллалии адабӣ барои наврасон «Китобхона-достон. Тоҷикистон-Русия» ва дар оянда тақвият додани ҳамкориҳоро бо Китобхонаи миллӣ.
Директори Китобхонаи миллӣ ба меҳмонон дар бораи Китобхона ва шароитҳои он, толорҳои хониш, осорхонаҳои он, вуруди хонандагон ва маҳфилҳои сершуморе, ки ҳамеша дар ҷараёнанд, ҳикоят кард.
Профессор Ҷумахон Файзализод дар бахши дигари суҳбаташ аз ҳамкориҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ, табодули байнидавлатии китоб муфассал ҳарф зад. Вай гуфт иртиботҳои байналмилалӣ як бахши муҳим дар фаъолиятҳои Китобхонаи миллӣ ба шумор меравад. Дар айни замон Китобхона бо китобхонаҳои 26 кишвари минтақа ва олам иртибот дорад.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи лоиҳаҳои дигари ҳамкориҳои байникитобхонаҳо табодули афкор намуданд.