Дар бораи муҳоҷират чиро бояд донист?
Ахиран Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби А.Бобоевро бо номи “Равандҳои муосири муҳоҷирати аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он” интишор дод, ки чанд нусха аз он ба Китобхонаи миллӣ ҳам расидааст. Дар монографияи мазкур қонуниятҳои раванди муҳоҷирати аҳолӣ аз лиҳози табиӣ ва ҳуқуқӣ бо дарназардошти таҳлили он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, сар карда аз давраи ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози ҷанги шахрвандии солҳои 90-ум асри гузашта мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд.
Муаллиф ба ин назар аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории миллӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналхалқӣ фаъолият дар самтҳои гуногуни муҳоҷират ба роҳ монда шудааст ва мо зарур донистем, ки аввалин маротиба дар доираи як монографияи тоҷикӣ ҳамаи панҷ намуди муҳоҷиратро бо қонунияти ҳуқуқӣ, аз қабили: муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони кишварамон ба хориҷа,муҳоҷирати экологӣ, муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ), муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирати гурезаҳои хориҷӣ ва шахсони паноҳҷӯянда ба ҷумҳурии мо инчунин дигар намудҳои муҳоҷратро мавриди таҳқиқ қарор диҳем.
Тавсияҳо ва хулосаҳои асосии муаллиф доир ба танзими равандҳои муҳоҷират ва истифодаи самараноки он дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат имконият медиҳанд,ки дар асоси таҷрибаи байналхалқии давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон қононгузории миллӣ дар самти муҳоҷират такмил дод шавад ва механизмҳои муосири идоракунии давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират такмил дода шавад ва маханизмҳои муосири идоракунии давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират татбиқ карда шаванд.
Натиҷаҳои таҳқиқот мумкин аст дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои илмӣ ва таълимоти олии мамлакат, ташкилотҳои байналхалқӣ, ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин дар таҳияи барномаю стратегияҳои давлатӣ оид ба рушди иқтисодию идоракунии давлатии муҳоҷират, истифода бурда шаванд.
Ба қарори Шӯрои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои тоҷикистон,протоколи №8 ноябри соли 2021 барои нашр тавсия дода шудааст.
Китоби “Равандҳои муосири муҳоҷирати аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он” дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст.
Таҳияи Гулрӯ ИСМОИЛОВА