Абдулҳамид Самад: Марсияи поиз
Тирамоҳ бо ҳангомаи шамолаки сарди баргрезон аз авҷи худ башорат дод. Ва шаҳриён гўё якбора чашм кушода диданд, ки долу дарахтон ва талу теппаҳои атроф бо ҳазорон ранг наққошӣ шудаанд. Мавҷи чунуни рангҳо, забонаи пурпечу тоби шуълаҳои хазон, баргҳо ва киштзорони чун рўи моҳ заринтоб, оби нилобии ҳавзу рӯдҳоро ҳамранги худ сохта, касро бо андешаҳои андўҳзо мекашанд.
Аз ҷониби кўҳсорон, ки лаккаҳои нуқрафоми пирях ҷо-ҷо аранге намоёнанд, боди тандхў ва худсару бахил дурушту густохона вазида, шохаҳои ба ҳам такязадаи дарахтони ғанабрафтаро меларзонад, меҷунбонад, метаконад. Ва аз ин шўхии беҷо ё ғилғилчаки пири хунукрў навдаҳо ибтидо бо ноз ҳамёза мекашанду китфу бозу меафшонанд, сипас баргҳои зард дар гўши ҳамдигар бо забони зард пичи-пичи тилоранг меоғозанд: ибтидо хоболуду норизо, пасон бо шўру исён ва печону рақсон. Ва ҳарфҳои зарди шохаҳо бодбараки заринбол ё парандаҳои тиллогун шуда, ҳазор андар ҳазор рў-рўи шаҳр ва кӯчаву бозор, гулгашту хиёбонҳо бол мекушоянд, танга – танга мерезанд. Осмон бо ҳама паҳноварияш ранги заъфаронро мегирад. Хуршед аз ин ҳангомаву худнамоии пуршукўҳи фасли поиз ҳайратзада, шабеҳи пири хаставу бедимоғ ба домони уфуқ такя зада, ноаён сўи абрпораҳо мелағжад…
Кашокаш ва гирудори шабонарўзӣ ҳатто чанористонҳои ҷонсахти шаҳрро ноором, бемору қаҳраборух сохтаанд. Шонаҳои пуразамат ба тундии бод тоб наоварда, мисли зане айғоқ меошўбанд; китфу бозу ва танаи дарахтонро ханҷолкашон бо иллату танбеҳ баргҳои панҷамонанди хешро бедареғ пош медиҳанд. Аҷиб, баргҳои аз банду асорат раста, чун пирзолҳои зарҳалпўши арғўштӣ аз ин озодӣ шоду бехуд, бо хазорон печу тоб ҷилваву бозӣ меоғозанд; дар оғўши сардбоди ошиқ, сарҳисобашон гум, дороии аз хоку чанги чандмоҳа ғункардаро сармастона пош дода, худро ба дару девор ва кўчаву бозор зада, аз ин пириву хартозӣ дар як нафас дилбазану шумрў низ мешаванд. Ангезаи хор-хори гулўву димоғ шаҳрро пур аз атсаву сурфа, фаху фих мекунад. Одамон дар гулгашту пиёдароҳ ва манзилу толорҳо чунон силсиладор апшу-апшу ва аҳу-ҳу меоғанд, ки дар чашмашон ашк ҳалқа мезанад.
Пиру барно, алалхусус касони диққи нафас ва душизаҳои нозуктабъ аз ҷангу ғуборафшонии дарахтон норозиву хашмгин, гила меоғозанд. Ва бо кароҳат боғи онҳоеро, ки шаҳр ба чанористон табдил додаанд, сангборон мекунанд.
– Дар олам ба тухми дигар дарахт қирон расида буд? – гулўяшро бо ангуштони ларзон молидаву ҳаш-ҳаш нафаскакшон бо овози хиррӣ менолад пиразане: – О ин чанори исқотиро фақат дар мазору саҳни масҷид ё сари роҳ мешинонданд. Одамҳои боақл ин дарахта ба деҳа роҳ намедоданд. Хизмати хирсонаро бубинед; як шаҳр пур аз чанор, пур аз офату балои ҷони одам аст.
– Акнун баргсўзӣ оғоз меёбад. Шаҳрро дуд пахш мекунаду доғҳои сиёҳ… Туфу… Дуди баргаш ҳам заҳри қотил аст…
– Магар калонҳои шаҳр бедимоғанд ё сўрох надорад бинияшон? Ё чангу ғубори ин чинорҳои касофат ба онҳо таъсир намекунад? – баъди атсаву сулфаи силсиладор бо даструймол лабу лунҷашро поккунон хашмолуду эътиромез ба худ меғуррад марди лоғарандоми асабӣ: – Буридан лозим! Якта намонда решакан бояд кард!
– Э мардуми ношукре… Воҳима накунед. Одам аз ҳамаи махлуқҳо сахтҷон аст. Умре байни пахтазор ба сари мо самолёт заҳр пошид, нафас гирифтему намурдем; умре оби заҳролуд хўрдему зиндаем. Шумо аз дуди барги чинор мемурдаед?… О бе сояи ин чинорҳо тобистон шаҳр мисли дўзах чунон тафсад, ки… Э носипосҳое, на аз сояи дарахт миннатдоред, не аз хидмати роҳбарҳо, – мўйлабҳои ғулияшро тобдиҳон бо ришханд посух медиҳад марди бардаму кулоҳдор ва меафзояд: – Кошкӣ тобистон як соатак дар гармии биёбонҳои Шаҳритус меҳмон мешудед. Ҳо, мағзи саратон, ки аз тасфи ҳаво мисли дўғи туруш пит-пит ҷўшад, баъд ба қадри сояи чанор мерасед. Чатри беминнат, роҳати ҷон аст сояи чанор…
Дарахтони хазонрасида хаставу ноҷўр, ба ин гуфтугўҳо бепарво, лек аз ҳуҷуми ногаҳонии боди тунд ошўбзада, ба сару қудуми роҳгузарон бо саховати беандоза тиллобарг нисор карда, ба ҳама ҷо фарши зарҳалӣ мегустурданд. Баргҳои зард сари шоху навдаҳо ва рўи кафи боди худсар бо забони зарду ҳарфҳои тиллогун дар мотами якдигар ва фасли ранҷуру пурнози поиз бо ранги зангор марсияи зарҳалин ифшо карда, бо ҳаёҳўй ва кафкўбиву наҷвои қаҳрабоӣ онро бе замзама месароянд. Абрҳо аз чор самт бо ҳар дастур, бовиқор, хашмгин, хаставу бетоб сар кашида, ба осмон ҷомаи тирафом пўшондан мехоҳанд, шўълаҳои офтобу шохи абрҳо шабеҳи гургу меш якдигарро чашми дидан надоранд. Афтударафти бод, абру офтоб соат ба соат шадидтар мегардад. Ва дар ин мубориза гоҳ-гоҳ аз дидаи абрҳо сиришк низ мечакад; аз мижгони хуршед сар-сари ёлаву болои ҷангалистонҳо даста-даста нур мерезад ва ё мўқлами зарҳаландуди ин шоҳи нодиркор, шукўҳи ҷилои рангҳоро дучандон меафзояд. Шаҳру талу теппа ва кўҳдомани атрофи он тасма-тасма, қитъа-қатъа рангрезу зарнигор, балки дар оғўши оташранг хомўшу андешаманд, ба ғанаб мераванд. Вале ҷавонони зебову хушлибос, аз гармӣ ва шавқи савдои ишқ хушбахту бепарво, ҳусну ҷамоли тирамоҳро ба шукўҳи баҳор ҳамсон шуморида, ба ҷои гул дар даст зеботарин хазонбарги чанор паҳлу ба паҳлу бо дўшизаҳои ҳурлиқо сайр доранд. Дилбохтагони поиз, онҳое, ки ин фаслро чун мўъҷиза аз дилу ҷон пазмонанд, аз лаззати ҳусн ва базми рангини дарахтон қаноатманд, аз сўҳбати зарҳалпечи баргҳо чун гуфтугўи пурмағзи пирони рўзгор шоду мамнун, ба андеша меғўтанд. Вале занону мардоне ранҷуру умрдида аз ошўби боди хазону чангу ғубор нохуш бо каф гулў ва сандуқи дил молида, ё бо дастрўймол пеши димоғ баста, ба хирмани хазонҳои сўзони бари роҳ ва дуди талху доғҳои сиёҳ бо нафрат нигариста, кашмакаши боду талоши баргҳои заъфаронии хушҷилои кафи бодро шабеҳи хона равшан кардани инсони аз умру заҳмати беҳисоб ва бемории дуру дароз хаставу дар табу тоб меҳисобанд. Вале поиз давр меронду марсияи зарҳалини худро замзама мекард.
МАНБАЪ: Абдулҳамид САМАД: “Шаҳсутун”. Душанбе, “Адиб”, 2020.
Таҳияи Фарзона РАҲМОНОВА,
мутахассиси маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.