Академик Бертелс: Идомадиҳандагони “Шоҳнома”
«Шоҳнома» дар таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ҷое чун офаридаи Ҳомер дар адабиёти Аврупо дорад. Талош барои ҳамсанҷии Фирдавсӣ бо Ҳомер борҳо дар Аврупо анҷом гирифта, аммо ин коре аст бемаънӣ ва абас. Кўшиш барои поин овардани мақоми Фирдавсӣ бо ёдоварии тафовути ҳунари ў аз ҳунари Ҳомер, бегуфтугў корест нодуруст. Достонҳое, ки кормояи офаридаҳои ҳамосии ду шоири нобиға қарор гирифтанд, ба дасти мардум падид омада буданд, ки заминаҳои таърихӣ ва равонии гуногун ва ноҳамсонӣ доштаанд.
ИДОМАДИҲАНДАГОНИ «ШОҲНОМА»
«Шоҳнома» бедиранг пас аз марги Фирдавсӣ бо истиқболи густурдае рў ба рў шуд. Ба рўзгори Султон Маҳмуд шоирони дарбори Fазна мекўшиданд бо истеҳзо ва нешханд аз таъсири «Шоҳнома» бикоҳанд. Аммо дар нимаи дувуми садаи ёздаҳуми тарсоӣ ёдоварии достонҳои гуногуни «Шоҳнома» дар шеърҳои дарбор чунон одӣ ва густарда мешуд, ки ошноии жарф ва бунёдии сарояндагон ва хонандагони ин шеърҳоро бо манзумаи Фирдавсӣ мерасонад. Наметавон бар ин назар буд, ки ҳамоно матни Фирдавсӣ бедиранг нигариши чунин густаришеро, ки ба гузашта ва пешиниёни меҳан буд, шиддат бахшид ва шояд ҳам бисёре аз ёдовариҳои диловарии Рустам бо Исфандиёр, ҳарчанд ба таъсир аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар адабиёти дарборӣ падид омада бошанд, на манзумаи ў, балки достонҳо ва овардаҳои мардумро ба дида доштааст. Бахубӣ равшан аст, ки метавон гуфт, ҳар офаридаи бузурги ҳунари мардумӣ ё бедиранг асарҳои наздик ба онро, ки пештар ҳам буда, дилпазиртар карда ва нигаришро ба онҳо мекашонад. Бо ангезаи падид овардани достонҳое ҳаммонанд бо баҳрагирӣ аз суннатҳои куҳани ҳамосӣ асарҳое дида мешавад. Бад-ин гуна аст, ки даврабандии афсонаҳо, ки онро ба равшанӣ ҳам дар афсонаҳои русӣ ва ҳам дар осори ҳамосӣ бахше бузург аз мардуми Осиёи Миёна мебинем, сохта мешавад. Ҳарчанд «Шоҳнома»-ро танҳо аз назари хостгоҳҳояш (ва он ҳам андаке) метавон аз осори шифоҳӣ баршумурд, менамояд, ки ин асар то андозае дар сарнавишти офаридаҳои мардумӣ аз ин даст саҳим шуда бошад. Ба гумон раванди даврабандӣ бисёр зуд оғоз мегардад ва чеҳраи Рустам, ки шахсияти асосии манзумаи Фирдавсӣ низ ҳаст, дар конуни ҳамаи ин «идомаҳо» ҳаст. Дар оғоз чанд манзума, вобаста ба номи хонадони яли Систон падидор мешавад. Чунонки бар чунин манзумаҳое огоҳӣ дорем: «Сомнома» (дар бораи ниёи Рустам), «Ҷаҳонгирнома» (дар бораи писари Рустам), «Фаромурзнома» (дар бораи набераи Рустам) ва «Баҳманнома» (дар бораи писари Исфандиёр). Аз вижагиҳои ин манзумаҳо ин аст, ки бештарашон бо дардномаи мардум, паҳлавонони Систон вобастаанд ва танҳо яке онон, Баҳман, аз табори шаҳриёри «Варҷованд» ва густаришдиҳандаи оини Зартушт (Гуштосп) аст. Ба назар мерасад, ки безории Фирдавсӣ аз Гуштосп тасодуфӣ набуда ва реша дар муносиботи тўдаи мардум бо ў будааст.
Ин манзумаҳо ба ҷуз андаке ҳама аз муаллифони ношинохтаанд. Аз он ҷо ки нусхаҳои хаттии инҳо бисёр кам ба дасти мо расидааст ва бархе аз онҳо ҳатто як нусха беш надоранд, бояд пиндошт, ки ин манзумаҳо ҳеч гоҳ аз густарише бузург бархўрдор набудаанд. Сабаб бояд ин бошад, ки ин манзумаҳо аз муаллифоне ношинохтаанд, бо осори мардумӣ вобастагии чандоне надоштаанд. Бештар диловариҳои паҳлавонони ҳамаи ин манзумаҳо танҳо зодаи тахайюли сарояндагони онҳост, ки кўшидаанд ба гунае оҳангҳоеро, ки дар чакомаи Фирдавсӣ аст, густардатар сохта ва дигаргун кунанд. Пайдост, ки ба дурахшандагии сохтаҳои мардумӣ, беандоза рангу луоб зада ва роҳи иғроқ паймудаанд. Чуночи дар конуни «Барзунома», ки бахше аз онро Т. Макан ҳамчун афзудае бар чопи «Шоҳнома»-и худ овардааст, дастони разми Рустам бо наводаи худ Бурзуро ҷой дод, ки ҳамоно бозгўи берўҳ ва рангбохтаи достони пурнубуғи Фирдавсӣ дар бораи Рустам ва Сўҳроб аст. Чунин манзумаҳое бино бар маъмул, анбошта ва саршор аз васфи разму пайкор аст, ки ҳамоно бозгў ва такрори он чизҳоест, ки дар Фиравсӣ ҳаст.
Аз зиёдагўӣ ва якнавохтии ин манзумаҳо равшан мегардад, ки чаро ҳеҷ гоҳ нигарише ба онҳо нашуда ва дар китобхонаҳои гуногун, гарди фаромўшӣ бар рўяшон нишастааст. Дар манзумаи Фирдавсӣ диранге бисёр кардем, аммо пайдост, ки ҳатто андаке аз масъалаҳоеро, ки дар вобастагӣ ба ин пайковӣ ва баррасӣ падид меояд, агар боз нагуфтаем ин аз он аст, ки маъхази кофӣ дар даст ҳанўз надорем.
«Шоҳнома» дар таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ҷое чун офаридаи Ҳомер дар адабиёти Аврупо дорад. Талош барои ҳамсанҷии Фирдавсӣ бо Ҳомер борҳо дар Аврупо анҷом гирифта, аммо ин коре аст бемаънӣ ва абас. Кўшиш барои поин овардани мақоми Фирдавсӣ бо ёдоварии тафовути ҳунари ў аз ҳунари Ҳомер, бегуфтугў корест нодуруст. Достонҳое, ки кормояи офаридаҳои ҳамосии ду шоири нобиға қарор гирифтанд, ба дасти мардум падид омада буданд, ки заминаҳои таърихӣ ва равонии гуногун ва ноҳамсонӣ доштаанд.
Бо ин ҳама дар асарҳои Ҳомер ва Фирдавсӣ, нуктаҳои муштарак ҳам дида мешавад. Ҳамон гуна, ки «Илиада» ва «Одисей» ҳанўз ҳам дилкашу зебо менамояд, «Шоҳнома» низ то ба имрўз гироӣ ва кашиши худро барои мо нигаҳ доштааст. Ошкор аст, ки ангезаи амали бархе паҳлавонони манзумаи Фирдавсӣ аҳриманӣ аст ва бархе аз ин паҳлавонон аз хунхорӣ ва вайронгарии оғозин бархўрдоранд. Аммо «Шоҳнома» чеҳраи аз ёд нарафтании ҷавонмардонеро низ ба тасвир кашида, ки омодаанд диловарона дар роҳи меҳан ҷон бибозанд. Набояд инро ҳам аз ёд бибарем, ки ҳамоно Фирдавсӣ буд, ки ҳазор сол пеш ба шарҳи қиёми хурўшони мардум ва сарнагунии юғи ситами бегона пардохт ва дар бисёре аз ҷунбишҳои раҳоибахши мардумони ховарзамин номи Кова илҳомбахши қиёми онҳо будааст. Бегуфтугў чизҳои бисёре аз ин манзума, инак барои мо пазируфтанӣ нест, аммо охир адабиёти форсӣ арзишҳои фарҳангии бисёре ба армуғон оварда, ки яке аз волотарини ин арзишҳо, ҳамоно «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аст, ки дар миёни шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон ҷое устувор ва дурахшон дорад.
МАТОЛИБИ БЕШТАР АЗ ИН КИТОБ:
- ЕВГЕНИЙ БЕРТЕЛС: “ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ”. ДАҚИҚӢ
- ЕВГЕНИЙ БЕРТЕЛС: “ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ”. ДАҚИҚӢ. ИДОМА
- ЕВГЕНИЙ БЕРТЕЛС: “ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ”. ДАҚИҚӢ. АНҶОМ
- АКАДЕМИК ЕВГЕНИЙ БЕРТЕЛС: СОХТИ ЧЕҲРАҲО ВА САБКИ «ШОҲНОМА»
- АКАДЕМИК ЕВГЕНИЙ БЕРТЕЛС: ДОСТОНИ «ЮСУФ ВА ЗУЛАЙХО»-И ФИРДАВСӢ. БУД Ё НАБУД?
Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.
Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025 зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.
Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.