Ҳафтоду ду сол қабл дар ин рӯз Бернард Шоу тарки олам карда буд. Кист ӯ?

Джордж Бернард Шоу / George Bernard Shaw72 сол қабл дар чунин рӯзе дар шаҳри Ҳертфордшир нависандаи бритониёӣ, драматург, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (1925), Бернард Шоу дар синни 94-солагӣ  вафот кард.Ҷорҷ Бернард Шоу драматург, нависанда, адабиётшинос 26 июли соли 1856 дар Дублин, дар оилаи тоҷири ғалла Ҷорҷ Шоу ва Лусинда Шоу, овозхони ҳирфаӣ таваллуд шудааст. Ӯ ду хоҳар дошт: Лусинда Франсис, овозхони театр ва Элеонора Агнес, ки дар синни 21-солагӣ аз бемории сил даргузашт.

Ҳусни хатти Шоу чунон хоно ва осонфаҳм буд, ки ин ба Шоу баъдтар, вақте ки ӯ нависандаи касбӣ шуд, хидмати хуб кард: дастнависҳои ӯро ба осонӣ чоп мекарданд. Вақте ки Шоу 16-сола буд, модараш бо ошиқаш ва духтаронаш аз хона фирор кард. Бернард тасмим гирифт, ки бо падараш дар Дублин бимонад. Вай баъди соҳибмаълумот шудан, корманди идораи амволи ғайриманқул шуд. Вай чандин солҳо ба ин коре, ки ба худаш писанд набуд, машғул буд.

Соли 1876 Шоу ба назди модараш ба Лондон рафт. Аҳли оила ўро хеле самимона пешвоз гирифтанд. Дар ин муддат вай китобхонаю осорхонаҳои оммавиро тамошо кард. Вай дар китобхонаҳо ба кори пурҷўшу хурўш шурўъ намуда, аввалин асарҳои худро офарид ва баъдтар дар рўзномае бахши мусиқии онро роҳбарӣ мекард. Бо вуҷуди ин, романҳои аввалини ӯ то соли 1885, вақте ки ҳамчун мунаққиди эҷодӣ маъруфу машҳур гардид, муваффақ набуданд.

Муаллиф то охири умри худ песаҳо эҷод мекард, вале танҳо баъзеи онҳо мисли асарҳои аввалинаш муваффақият пайдо карданд. «Аробаи себ» (1929) дар ин давра машҳуртарин песа гардид. Асарҳои баъдӣ, аз қабили «Талх, вале ҳақиқат», «Тангии сахт» (1933), «Миллионер» (1935) ва «Женева» (1935) шуҳрати чандоне надоштанд.

Бернард Шоуро беҳтарин нависандаи иқтибосҳо дар ҷаҳон, рекордсмени афоризмҳо, андешаҳои хирадмандона ва латифаҳои дар маҷмӯаҳои мухталиф нашршуда меноманд. Бо вуҷуди он ки худи ӯ иқрор шудааст: “Услуби шӯхии ман – ин рост гуфтан аст, ки аз ростӣ дида, ҳеч чизи хандаовартаре дар ҷаҳон вуҷуд надорад.”

Ҷорҷ Бернард Шоу соли 1925 ба ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт сарфароз гардидааст.

Соли 1939 бошад, ӯ ҷоизаи Оскарро барои беҳтарин сенарияи филми “Пигмалион” (Pygmalion) ба даст овард.

Шоу аз 21 то 31 июли соли 1931 аз Иттиҳоди Шӯравӣ дидан кард ва рӯзи 29-уми июл бо Иосиф Сталин мулоқот намуд. Аз Шӯравӣ бо таассуроти хуб баргашт ва борҳо онро дар навиштаҳо ва суханрониҳояш васф кардааст.

Солҳои охир драматург дар хонаи худаш зиндагӣ мекард ва дар синни 94-солагӣ аз бемории гурда даргузашт. Тибқи васият ҷасади ӯро сӯзонданд ва хокистарашро бо хокистари ҳамсараш пош доданд.

Дар Китобхонаи миллӣ дӯстдорони адабиёти олам метавонанд аз Бернард Шоу ин китобҳоро дархост ва мутолиа намоянд:

  • «Ученик дьявола»
  • «Новеллы»
  • «Избранные пьесы»
  • «Дон Жуан дает объяснения»
  • «Афоризмы»
  • «Автобиографические заметки»
  • «Избранные произведения в 2-х томах»
  • «Избранное»
  • «О драме и театре»
  • «О музыке и музыкантах»
  • «Пигмалион»
  • «Плохо но правда»
  • «Полное собрание пьес» в 6-ти томах.

Таҳияи Сафаргул Ҳусейнова,
сармутахассиси Шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ.