Қаҳрамони Тоҷикистонро шиносем. Шоҳбаҳор Шоҳхуморов. «Ҷавонии ҷовидон”. Бахши 6
1 ноябри соли 1917 пас аз ҷангу бетартибиҳои чоррӯза дар кӯчаҳои Тошканд байни қувваҳои инқилобӣ ва муқобилони он ҳокимият ба дасти Шӯрои намояндагони коргарону сарбозон гузашт. Баъди 15 рӯз Анҷумани кишварии Шӯроҳои намояндагони коргарон, сарбозон, деҳқонон ва мусулмонон дар Тошканд ҷамъ омада, ғалабаи Ҳокимияти Шӯравиро дар кишвари Туркистон ба расмият даровард. Моҳи апрели соли 1918 Анҷумани Шӯроҳои кишвар Туркистонро Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳайати Федератсияи Руссия эълон намуд
РЎИ МАВҶИ ТЎФОН
Шириншоҳ дар семинарияи омўзгорӣ бо азму суботи беш аз пеш ба донишомўзӣ машғул буд. Соли 1919 ин донишгоҳ ба шўъбаи русии Мактаби меҳнатию педагогии Тошканд номгузорӣ шуд. Пас аз анҷоми соли таҳсил Шириншоҳ дар давраи таътили тобистона одатан дар корхонае ба кор даромада, барои таъмини рўзгораш пул кор мекард. Охирҳои моҳи майи соли 1920 пас аз анҷоми таҳсил вай ҳамчун хонандаи фаъол бо роҳхати Комиссариати халқии маориф ба ихтиёри шўъбаи маорифи ноҳияи Каттақурған фиристода шуда, дар зарфи чор моҳ дар кори ба соли нави таҳсил омода сохтани мактабҳо ширкат дошт.
Вай ба иҷрои вазифаи ба ўҳдааш гузошташуда бо масъулияти баланд муносибат намуда, худро ҳамчун ташкилотчии хуб ва мутахассиси кордон нишон дод. Ба ҳамаи масъалаҳои ташкили кори маорифу мактаб нағз сарфаҳм рафта, ҳамроҳи кормандони маориф дар бобати бо воситаҳои таълимию хоҷагӣ таъмин намудани мактабҳо, дуруст ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳо саҳмгузорӣ менамуд. Ҳамаи ин фаъолияти самарабахш ва муносибати дилсўзонаю пурмасъулаш ба иҷрои супориш дар тавсифномаи шўъбаи маориф зикр гардида, дар асоси он Комиссариати халқии маорифи Ҷумҳурии Туркистон ба Шириншоҳ ташакур изҳор намуд.
Лаёқати ташкилотчигӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ, дониши хуби ҳаматарафа, ба дараҷаи кифоя донистани забонҳои тоҷикӣ, рўсӣ, ва туркӣ, ростқавлию масъулиятшиносиаш аз назари ташкилотҳои ҳизбӣ пинҳон намонданд. Ин ташкилотҳо бо мақсади мустаҳкам намудани обрўю нуфузи худ дар байни халқ маҳз ҳамин гуна ҷавононро аз донишкадаю омўзишгоҳҳо ҷустуҷўю дастгирӣ ва ба сафҳои худ дохил менамуданд. Ба ташкилотҳои ҳизбӣ асосан коммунистони содиқ, ки аз марказҳои сиёсию фарҳангии Русия ба Туркистон фиристода шуда буданд, роҳбарӣ мекарданд. Шириншоҳ бо чанде аз онҳо, монанди Юмакаев, В. Лапшин, А. Митрофанов, В. Котенков, Т.М. Дяков, А.М. Дяков дар шароиту вазъияти гуногун вохўрда, мусоҳиб шуда буд, ба хирадмандӣ, софдилӣ, инсондўстӣ, ғамхори халқи заҳматкаш буданашон боварӣ ҳосил карда буд. Ва бо маслиҳату тавсияи онҳо қарор дод, ки ҳаммарому ҳамсафи онҳо, шомили ҳизби коммунист шавад. Кумитаи ҳизбии ноҳияи Новгороди шаҳри Тошканд соли 1920 ўро ба номзадӣ ва соли 1921 ба узвияти Ҳизби коммунисти (болшевикони) Русия қабул намуд.
Дар шароити авҷгирии дигаргунсозиҳои инқилобӣ дар кишвари Туркистон ва бинобар ин ногузир вусъат ёфтани аксуламали ҳомиёни тартиботи кўҳна дар шакли босмачигарӣ тамоми соҳаҳои халқи кишвар ба шикасту харобӣ дучор гардиданд. Дар шаҳрҳо нон намерасид, гуруснагии оммавӣ таҳдид мекард. Аҳолӣ аз чунин чизҳои ҳамешазарур, монанди карасин, собун, танқисӣ мекашид. Мақомоти ҳизбию давлатӣ барои аз ин аҳволи ногувору хатарнок баровардани кишвар тадбирҳо меҷустанд. Қарор дода шуд, ки фаъолони ҳизб, кормандони болаёқату кордон баҳри ҷамъ овардани ғалла аз деҳқонон ва шаҳр овардани он сафарбар карда шаванд.
Моҳи майи соли 1921 Шириншоҳ ба Кумитаи Иҷроияи Маркази Туркистон даъват карда шуд ва дар ҳайати 500 нафар ба ном «донишҷўёни пролетарӣ» ба шаҳри Қуқанд – маркази вилояти Фарғона ва аз онҷо ба ихтиёри кумитаи ҷамъоварии озуқаи уезди Хуҷанд фиристода шуд. Вай дар ҳайати комиссияи ҷамъоварии озуқа дар ноҳияи Дилварзин ба кор сар кард. Гурўҳе, ки ў роҳбарӣ менамуд, байни мардум моҳияти ин қарори ғайриоддии ҳукуматро, ки аз ночорӣ, баҳри наҷоти ҳазорҳо нафар шаҳриёни дар қабзаи қаҳтию гуруснагӣ ҳалокшаванда андешида шудааст, пурсаброна фаҳмонда медод ва деҳқононро водор менамуд, ки ғаллаи зиёдатиро ихтиёрона оварда супоранд. Дар давоми дуюним моҳи кораш вай муваффақ шуд, ки садҳо тонна ғалла ба кўмаки мардуми гуруснаи шаҳр фиристода шавад. Дар тавсифномаи кумитаи озуқаи уезди Хўҷанд, ки ба КИМ Туркистон пешниҳод шудааст, гуфта мешавад: «Таҷрибаомўз Ш. Шоҳтемур дониши хуб дорад, аз ҷиҳати сиёсӣ хеле босавод буда, аз ҷиҳати ғоявӣ устувор аст, корманди камолёфта, боинтизом ва пухтакор аст, ба вай кори мустақилонаро бовар карда супоридан мумкин аст».
ДАР ПОМИР ЧӢ ГАП?
Шириншоҳ дар тамоми давраи дар Тошканд буданаш лаҳзае ҳам диёраш – Кўҳистони Бадахшонро аз ёд набароварда буд. Ба виситаи низомиёне, ки дар қальаи Хоруғ бо онҳо шинос шуда буд ва акнун онҳо дар штаби фронти Туркистон хидмат мекарданд, аз вазъияти сиёсию иҷтимоии Помир пайваста бохабар мешуд.
Хабари ғалабаи инқилоб дар Тошканд моҳи июли соли 1918 ба Хоруғ расида буд. Баъди чанд вақт отряди сарҳадчиён бо сардории Афанасев ба Помир омад, вале дере нагузашта маълум гардид, он рўҳияи аксулинқилобӣ дошта, ба ёрии сардори отряди Помир полковник Фенин, ки тартиботи кўҳнаро ҷорӣ менамуд, омадааст. Дар байни сарбозони отряд норозигӣ меафзуд, онҳо ноаён ба ду гурўҳи муқобил ҷудо мешуданд. Полковник Фенин аз афзоиши таъсири сарбозони инқилобӣ ҳаросида, моҳи ноябри соли 1918 пулу аслиҳаи отрядро ғанимат гирифта, ҳамроҳи 32 нафар ҳаммаслаконаш бо роҳи Вахон ба Ҳиндустон рафт.
Моҳи феврали соли 1919 ба Помир Комиссияи ҳарбӣ-сиёсӣ бо сардории А. А. Холмаков ҳамроҳи отряди камшумори сарбозон омад. Он барқароршавии Ҳокимияти Шўравиро эълон намуда, кумитаҳои инқилобиро ташкил кард, ҳифзи сарҳади давлатиро ба роҳ монд. Вале тобистони ҳамон сол А. А. Холмаков аз ҷониби аксулинқилобчиён ба ҳалокат расид.
Охирҳои соли 1919 ба Помир отряди гвардиячиёни сафед бо сардории полковник Тимофеев омада, тартиботи Ҳокимияти Шуравиро аз миён бардошт. Вале тарафдорони сохти нав пинҳонӣ амал карда, лаҳзаи мувофиқро интизор буданд, то ки ба амали фаъолона гузаранд. Дар ин миён отрядҳои аскарони сурх ҳудуди вилояти Ўш ва водии Алайро аз босмачиён тоза намуданд. Дар Помир низ отрядҳои аскарони сурх ташкил ёфтан гирифтанд, ки ба онҳо сарбозони инқилобии рус роҳбарӣ мекарданд. Полковник Тимофеев бо отрядаш ноилоҷ роҳи гурезро ба сўи Ҳиндустон пеш гирифт.
Фирор намудани полковник Тимофеевро шунида, гумоштагони аморати Бухоро қалъаи Хоруғро ба даст гирифта, Помирро таҳти тасарруфи амири Бухоро эълон карданд. Вале отряди мусаллаҳи ҷавонони маҳал 27 июли соли 1920 қалъаи Хоруғро ишғол карданд ва бо ҳамин дар Помир боз Ҳокимияти Шуравӣ элон гардид. Бо мақсади мустаҳкам намудани сохти нав роҳбарони отряди инқилобӣ қарор доданд, ки намояндагони худро ба Тошканд барои талаби кўмаку ёрӣ фиристонанд. Ҳайати намояндагон иборат аз 20 нафар (П. Воловик, А. Наврўзбеков, М. Бодуров, М. Карамшоев, А. Айдаров, Х. Боқиев, И. Исмоилов, В. Гулмамадов, З. Нағзибеков, Р. Бойназаров ва дигарҳо) ба Тошканд расида, аз ҷониби роҳбарони ҳизбию давлатии Туркистон В.В. Куйбишев ва М.В. Фрунзе пазируфта шуданд. Бо мақсади мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шуравӣ ва сарҳади давлатӣ ба Помир отряди нави ҳарбӣ бо сардории Семикин фиристода шуд. Вале ин отряд ҳам аз ўҳдаи иҷрои вазифаҳои ба ўҳдааш гузошташуда набаромад. Тобистони соли 1921 Кумитаи инқилобии Помир қарор дод, ки ҳайати нави вакилонро иборат аз се нафар: Хубоншо Кирмоншоев, Бозича Қосимов ва Гулрўз Шералихонов барои пурсидани ёрӣ ба Тошканд фиристад.
Вазъияти Помир роҳбарияти ҳизбию давлатии Ҷумҳурии Туркистонро ба ташвиш оварда буд. Мустамликахоҳони Англия пайт меҷустанд, то ба он ҷо сар дароваранд, дастаҳои босмачиён ба тарафи Помир ҳаракат менамуданд. Дар худи Кўҳистони Бадахшон байни тарафдорони сохти наву кўҳна мубориза шиддат меёфт. Дар чунин шароити мураккаб қарор дода шуд, ки ба Помир экспедитсияи фавқулоддаи ҳарбию сиёсӣ фиристода шавад.
Дар қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Туркистон, ки 9 июли соли 1921 пас аз муҳокимаи масъала «Дар бораи ба Помир фиристодани отряд» қабул гардид, қайд карда мешавад, бо мақсади мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шуравӣ ба Помир экспедитсия ва отряди нави сарбозон фиристода, ба роҳбарии он Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар ҳайати якнафарӣ намояндагон аз Комиссияи Фавқулодаи Умумироссиягӣ (ВЧК), Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Туркистон ва Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Туркистон гузошта шавад. Ба Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ ҳамчун мақомоти олии Ҳокимияти Шўравӣ дар Помир дар бобати ташкили мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ба амал баровардани тадбирҳои гуногуни сиёсӣ, хоҷагӣ ва маданӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ваколати фавқулодда дода шуда буд. Он ҳуқуқ дошт, шахсонеро, ки ба барқароркунии Ҳокимияти Шуравӣ халал мерасонанд, бевосита ба ҷавобгарӣ кашад. Душвору мураккаб будани вазифаҳои комиссияи фавқулода роҳбарони Ҳукумати Туркистонро водор менамуд, ки дар масъалаи хостагирии комиссия махсусан эҳтиёткор бошанд, ба иштибоҳ роҳ надиҳанд. Бинобар ин номзадҳои пешниҳодшударо ҳамаҷониба санҷида, муҳокима карда, ба қавле аз ғалбер мегузаронданд.
Қарор дода шуд, ки яке аз аъзоёни Сегона бояд ҳатман аз байни зодагони Помир бошад, таърих, забону маданият, урфу одат, анъанаю суннатҳои мардумони ин диёрро нағз донад. Баробари ин дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ, қобилияту истеъдоди ташкилотчигӣ, сифатҳои баланди ахлоқу одоб, интизому масъулиятшиносӣ, ба кори инқилоб ва манфиатҳои халқи заҳматкаш содиқу вафодор бошад.
Аз байни якчанд номзади пешниҳодшуда ягона шахсе, ки ҳамаи ин сифатҳоро дар худ таҷассум менамуд ва бо корҳои амалиаш аллакай исбот карда буд, Шириншоҳ Шоҳтемур буд.
10 июли соли 1921 ба Дилварзин ба унвони Шириншоҳ аз номи КМИ Туркистон барқия расид, фавран ба Тошканд баргардад. Дар ин ҷо ҷаласаи вохўрии роҳбарияти Ҳукумати Туркистон бо ҳайати Экспедитсияи фавқулоддаи ҳарбӣ-сиёсӣ доир мегардид, Шириншоҳ ҳам ба ҳамин мақсад даъват карда буданд. Вай дар ҳамин ҷо, ҳайати роҳбарикунандаи ин экспедитсия ба сифати аъзои Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ таъин шудааст. Намояндаи КИМ Туркистон қайд намуд, ки ба ўҳдаи экспедитсияи вазифаи душвору мураккаб, вале пурифтихор, масъулияти калони сиёсӣ гузошта мешавад. «Шумо бояд дар кишвари «Боми Ҷаҳон», дар сарҳадҳои Афғонистон, Хитой ва Ҳиндустон Ҳокимияти Шўравиро барқарор намуда, бартариҳои сохти сотсиалистиро намоиш диҳед», – гуфт вай.
Шириншоҳ ба чеҳраҳои ҳамроҳонаш менигарист ва дилаш аз ҳисси ифтихору боварӣ ба ояндаи нек пур мегашт. Вай мақсад дошт, таҳсилро дар Дорулфунуни Осиёи Миёна идома диҳад, ҳуҷҷатҳои заруриро ҳам мураттаб сохта, ба имтиҳоноти дохилшавӣ тайёрӣ медид. Вале аз ин ният муваққатан даст кашидан лозим меомад. «Вақте, ки чунин имконияти мусоид фаро расидааст, бояд ба ёрию кўмаки мардуми диёри азиз шитофт», – аз дил гузаронд вай.
Шириншоҳ бисёре аз ҳамсафаронашро мешинохт, бо чанде аллакай муносибати дўстона дошт. Тариҷан Михайлович Дяков, ки раиси Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ, роҳбари бевоситаи ў таъин шудааст, Алексей Михайлович Дяков – духтури экспедитсия, Фёдор Алексеевич Митрофанов – корманди Шўъбаи махсус ўро ҳатто барои дохилшавӣ ба сафи ҳизб тавсия намуда, ба покии дилу ниятҳояш кафолат додаанд. Аксарияти аъзоёни экспедитсия зодагони Осиёи Миёна буда, забонҳои тоҷикию туркиро медонистанд, дар задухўрдҳо бо босмачиён иштирок намуда, таҷрибаи ҳарбӣ ҳосил карда буданд.
Мақсаду вазифаҳо, душвориҳои фаъолияти экспедитсияро иштирокчиёни бевоситаи он М. А. Аллахвердов, Ф. А. Митрофанов, А. М. Дяков, И. С. Крилов дар ёддоштҳои худ муфассал баён намудаанд. Инак, порчаеро аз ин ёддоштҳо манзури хонандаи гиромӣ мегардонем.
(Идома дорад)
Таҳияи Фарзона Раҳмонова,
мутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ