Нақши тоҷикон дар рушди илм ва тамаддуни башарӣ

«Мо бояд ба таърихи гузаштаамон бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем», – таъкид менамоянд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ин суханони пурҳикмат аҳамияти бузурги омӯзиши таърих, гиромидошти мероси ниёкон ва тарбияи насли донишмандро нишон медиҳанд. Миллати тоҷик аз қадим ҳамчун халқи фарҳангсолор, китобдӯст ва илмпарвар шинохта шуда, дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Таърихи тоҷикон аз сарчашмаҳои куҳан оғоз мегардад. Китоби муқаддаси «Авесто», ки яке аз қадимтарин осори хаттии ҷаҳон ба шумор меравад, далели равшани тамаддуни бостонӣ ва ҷаҳонбинии баланди ниёкони мо мебошад. Маҳз тавассути чунин осор ҷаҳон аз фарҳанг, ахлоқ ва андешаи амиқи мардуми ориёинажод огоҳ гардидааст. Номи тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи башар бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, то имрӯз ҳамчун миллати соҳибтамаддун эҳтиром мегардад.

Миллати тоҷик дар тули асрҳо фарзандони бузургеро ба дунё овардааст, ки бо осору хидматҳои худ ҷаҳонро мутаҳаййир сохтаанд. Аз ҷумла, Абуалӣ ибни Сино бо кашфиёт ва асарҳои илмии худ дар рушди тиб, фалсафа ва илмҳои табиӣ саҳми беназир гузошт; Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ поягузори адабиёти классикии тоҷик буда, бо ашъори пурмазмуни худ фарҳанги суханвариро рушд бахшид; Абулқосим Фирдавсӣ бо офаридани «Шоҳнома» таърих ва ҳувийяти миллатҳои форсизабонро зинда гардонд; Умари Хайём бошад, дар баробари шоирӣ, дар улуми риёзӣ ва нуҷум (ситорашиносӣ) низ ба дастовардҳои бузурги илмӣ ноил гардид.

 Шарқшинос Николай Павлов низ тоҷиконро миллати донишманду дорои фарҳанги мондагор арзёбӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, «Мо дар остони эҳёи муҷаддади ин миллати боқариҳа ва пойдор – тоҷикон қарор дорем. То бад-ин эҳё тоҷикон бе мақсуд зиндагӣ доштанд ва чунин зиндагии сангин самараи се зарбае буд, ки Чингизхон, Темур ва хонҳои Манғитӣ ба пайкараш задаанд. Аз адолат бояд даромад, ки то имрӯз тоҷикон аз пойдортарин миллат маҳсуб мешаванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад-ин шумораву шиддат зарбаҳоеро рӯ ба рӯ шудаанд, аммо каме фурсут кифоят буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад». 

Дар китоби “Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим” саҳми тоҷикон дар пешрафти илм ва тамаддуни башарӣ созанда дониста шудааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки бузургтарин мазҳаби исломӣ — мазҳаби Абуҳанифа буда, яке аз машҳуртарин муҳаддисони дунё Муҳаммад ал-Бухорӣ мебошад. Инчунин, Муҳаммад ал-Хоразмӣ ҳамчун асосгузори илми алгебра шинохта мешавад, ки кашфиёти ӯ дар рушди математикаи ҷаҳон нақши бузург бозид.

Аз дастовардҳои дигари донишмандони тоҷик метавон фаъолияти Ҷамолиддинро ёдовар шуд, ки дар Чин ҳафт навъи асбоби ситорашиносӣ ихтироъ намуда, тақвими дақиқе таҳия кард. Ин тақвим соли 1281 дар тамоми қаламрави Чин расман қабул гардид. Ҳамчунин, Алӣ ибни Аббос аввалин ҷарроҳии маълуми бемории саратонро анҷом додааст, ки сатҳи он ба дастовардҳои тибби муосир баробар арзёбӣ мешавад.

Профессори фаронсавӣ Жак Рислер низ нақши донишмандони мусулмон, бахусус тоҷиконро дар рушди математикаи давраи Эҳёи Аврупо бисёр муҳим шуморидааст. «Муаллимони математикаи Ренесанси мо (яъне Эҳёи Аврупо) мусулмонон буданд», ки садрнишонии ин илм донишмандони тоҷик будаанд. Ин гуфтаҳо нишон медиҳанд, ки тоҷикон на танҳо дар фарҳанги Шарқ, балки дар ташаккули илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ низ саҳми арзанда доранд.

Имрӯз вазифаи ҳар як фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон, аз он иборат аст, ки мероси пурғановати ниёконро омӯзанд, ба китобу дониш рӯ оваранд ва барои пешрафти Ватан саҳмгузор бошанд. Миллате, ки таърихи бузург ва фарҳанги воло дорад, бояд ҳамеша барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди илм ва тарбияи насли босавод талош намояд. Зеро ояндаи дурахшони ҳар миллат аз сатҳи дониш, маърифат ва худшиносии фарзандони он вобаста аст.

Таҳияи Орзуҷон Искандаров, 

сардори Маркази “Тоҷикшиносӣ,

Мадина Ҳамроева, мутахассиси 

Маркази «Тоҷикшиносӣ»