Сарсухани нависандаи маъруф Ҷонибек Акобир ба китоби Ҳоҷӣ Тағоймуроди Маҳмурод

Бовар дорам, хонандаи хушзавқ ва некбин, оне ки мехоҳад як зиндагии арзишманди инсонӣ ба сар дорад, аз қаҳрамонони деҳотии нависанда-Акаи Шариф, Маллаой, Суҳроб, Қорӣ, Аҳмад, бобои Мирасил, акаи Маҳмадраҷаб ва зумраи дигар-яъне аз фитрат ва ҳаққинамакшиносии онҳо сари ифтихору нангу номус баланд мекунад. Чунон ки гуфтем, шахси адиб аз ин ҷиҳат ба талқину ташвиқ ҷаҳд накардааст, ҳарчанд шахсият ва орои  худи ў барои  хотирнишин баромадани симоҳо нақши муҳим бозидаанд. Балки дилу эҳсоси нависанда ин қаҳрамононро дўст доштааст-дўст доштани ҳақиқӣ!

****    ****    ***

Ҳар гоҳ бо нависандаи бетамаъ, ҳақиқатнигору равшандил Ҳоҷи Тағоймуроди Маҳмадмурод хоҳ дар кўча, хоҳ дар бозор ё дар ягон маҳфилу маросиме вомехўрам, ба ростӣ, ба ман ҳолате рух медиҳад, ки гўё бо қаҳрамонон ва симоҳои некбини ҳикояҳояш рўбарў меоям. Ин симоҳо зоҳиран аз дигар қаҳрамонони адабиётамон тавофуте надоранд, чунон ки қавл аст, ҳама бандагони Худо ва фарзандони Тоҷикистонанд, танҳо тавофут ин аст, ки дар биниш, пажӯҳиш ва тасвиру таъбироти самимиву воқеии нависандаи хайрандеш ва озодасухан хонанда ба зўдӣ шефтаи рафтору кирдор, солориву хирадмандии азалӣ ва табиати фарзонаи миллати тоҷик мешавад ва ҳатто хонандаи коҳидаву зудранҷ ва ноқобил низ ба оро ва гароишҳои ҳуввиятоҳанги одамони содаву заҳматкаш, ҳақбин, ҳимматбаланду худобовар меҳр мебандад. Ва бе ҳеҷ  гуна тасвироту  қолабӣ ва таъқиду панду андарзхонии шахси адиб ин одамон пеши назари хонандаи худогоҳ наҷобат ва солории шахсияти бурдборро пайдо мекунанд. Ин содагӣ, ки мегўям, на ба мафҳуми нохудогоҳист, балки асли фаҳмиш ва ҳадафмандона зистани инсонро дар назар дорам. Исноне, ки сарочаи фитрати нарму хушоби табиаташ бо гардиши айём, замон ва ифтилофҳои шадиди рўзгор бематлаб намеразмад, балки огаҳмандона даргузар ва бебақо будани ҷараёни вақту фазоро тафаҳҳус мекунад. Ин замири поку имонҷўи вай аст, ки дар перояи ҷон зистани ҷовидон дорад.

Каҳрамонони фурўтану баимони Хоҷӣ Тағоймурод, хоҳ мардуми деҳот, хоҳ шаҳрнишин, ҳама саҳибгавҳаранд, яъне зистан, орзу парваридан, меҳрубонӣ ва накўкорӣ кардан ба худ ва ва ҳамҷинсони муҳиташон моҳияти шукўҳманди зиндагиашон медонанд. Онҳо камбизоату нодор, дар азобу озоранд, аммо чун имони қавӣ ва виҷдони ҷаҳоншиносу инсонсоз доранд, тамъ ва лаззоти ҳаётро шарафмандона идрок мекунанд ва ба дигарон ҳидоят медиҳанд.

Бовар дорам, хонандаи хушзавқ ва некбин, оне ки мехоҳад як зиндагии арзишманди инсонӣ ба сар дорад, аз қаҳрамонони деҳотии нависанда-Акаи Шариф, Маллаой, Суҳроб, Қорӣ, Аҳмад, бобои Мирасил, акаи Маҳмадраҷаб ва зумраи дигар-яъне аз фитрат ва ҳаққинамакшиносии онҳо сари ифтихору нангу номус баланд мекунад. Чунон ки гуфтем, шахси адиб аз ин ҷиҳат ба талқину ташвиқ ҷаҳд накардааст, ҳарчанд шахсият ва орои  худи ў барои хотирнишин баромадани симоҳо нақши муҳим бозидаанд. Балки дилу эҳсоси нависанда ин қаҳрамононро дўст доштааст-дўст доштани ҳақиқӣ!

Ҳоҷӣ Тағоймуроди МаҳмуродКитобчае, ки адиб ба шеваи ҳикояҳои хурд-хурд, гоҳе даҳонакӣ барои хонандагонашон пешкаш кардааст, аз ин гуна қахрамонон бисёр дорад. Будани онҳо ҳам дар ҳаёт, ҳам дар адабиёт, барои бақои Ватан ва Миллатамон, вақте ки раванди воқеаҳои ҳузнангезу хатарноки глобализатсияи асрӣ таҳдид мекунанд, хеле заруранд.

Андеша, характер, тарзи бинишу шинохти ин гуна қаҳрамонон ба хонандаи маҷзуб ба шеваҳои зоҳиризисти асрӣ, ки гоҳе бемаънӣ ва риёкорона ба ҳаёт, суннат, анъана ва сарнавишти зебову рангоранги мо ворид мешаванд, дасти шафоату одамгарӣ дароз мекунанд ё ҳеҷ набошад, чун ҳушдоре ўро фаросўи ахлоқи ҳамида ва шинохти солими ҳаёт савқ медиҳанд.

Вақте ки хонанда ба дунёи зебои андеша, худшиносӣ, ҳадшиносӣ ва худошиносии қаҳрамонони китоб бе ягон ташвиқу тарғиб меҳр мебандад, барои худ интихоб кардани зиндагии бомаъниро ёд мегирад. Хидмати беминнати каломи бадеъ ҳам аслан дар ҳамин аст.

Роҳро донистан ва интихоб кардан даркор, роҳро…

Ҳоҷӣ Тағоймуроди Маҳмадмурод на фақат ин гуна роҳро медонад, балки ҳунармандест, ки асолату рисолати роҳро аз тариқи сухан ва тафаккури зебо ҳимоя ва наҷобат бахшида метавонад.

Ҷонибек Акобир

Китоби “Як тика ёди бачагӣ”-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Рисолат Шералиева, мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд.