Гӯшаи “Китобҳои гӯё” дар Китобхонаи миллӣ

Бо ташаббуси Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд як теъдод китобҳои гӯё ва имову ишора дар шакли электронӣ ва ҳамчунин китобҳои чопӣ тақдим кард. Ҳадаф аз ин иқдом дастгирии афроди маъюб ва беҳбуди шароиту имконот барои омӯзиш ва нишон додани маҳорати хоси онҳост. Ин аст ки дар шуъбаи мазкури Китобхонаи миллӣ акнун “Гӯшаи китобҳои гӯё” амал мекунад.

Сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ Саодат Набиева иброз дошт, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Китобхона, хосатан, бо шӯъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ин Агентии бонуфуз барои хонандагони шуъбаи мо китобҳои махсус ,чи дар шакли чопӣ ва чи дар шакли электронӣ ҳадя намудааст. Саодат Набиева ҳамчунин афзуд, ки мо бо камоли майл хонандагонро ба ин Гӯшаи китобҳои гӯёи шуъбаамон таклиф менамоем.

Як қатор китобҳои савтӣ ва имову ишора аз тарафи кормандони шуъба аввал ба компютерҳо ва баъдан ба ноутбукҳои дар хидмати хонандагонбуда боргирӣ шуданд, ки ин барои хонандагони қувваи босираашон суст ва маҳдуд (нобиноён) тӯҳфаи саривақтӣ аст.

Китобҳои Ато Мирхоҷа “Эҳсосамро шиносам”, Муҳриддин Сабурӣ “Мисли худат бош”, Роберт Макклоски “Марминҷон барои Соро”, Муродалӣ Собир “Наҷоти моҳиён” ва монанди инҳо аз зумраи китобҳои савтии тақдимшудаанд. Ногуфта намонад, ки дар ин қатор гӯшиҳои бесим низ барои истифодаи хонандагони шуъба тӯҳфа гаштанд.

Шуъбаи мазкур аз ҷумлаи шуъбаҳои асосии хидматрасонӣ дар Китобхона маҳсуб ёфта, барои беҳтар намудани дастрасии хонандагонаш ба китоб пайваста талош меварзад.

Махфират Муҳиддинова бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.