Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ботир Алабергенов
Алабергенов Ботир Нурматович 9.05.1941 дар шаҳри Тошҳавзӣ Ҷумҳурии Туркманистон таваллуд шудааст. Рассом, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2002). Хатмкардаи Донишкадаи театрӣ бадеии Тошканд (1973).
Солҳои 1973 – 84 муаллими Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, 1984 – 2003 муаллими ДДСТ ба номи М. Турсунзода ва ҳамзамон рассоми Фонди бадеии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 бознишаста.
Алабергенов дар лавҳанигорӣ, кошикорӣ, нақшакашии бадеӣ муваффақ шудааст. Дар бораи ҳаёти рӯзмарраи мардум, мавзуъҳои ҳарбӣ, манзараҳои гуногуни Тоҷикистон асарҳо офаридааст.
Лавҳаҳои “Нома”, “Нақли ҷавонгар”, “Бинокорони Норак”, “Тракторчӣ”, “Боғбон”, “Роҳсозон”, “Бузкашӣ”, “Падарони мо”, “Адиб” (дар бораи С. Айнӣ), “Тиллои сафед”, “Суруд”, “Маҳви бесаводӣ”, “Бригадаи зарбдор”, “Шоҳмотбозон” аз ҳунари баланди нигорандагии Алабергенов шаҳодат медиҳанд.
Кинотеатри “Ворух” (шаҳри Исфара), корхонаи пахтатозакунии шаҳри Хуҷанд, “Кохи ваҳдат” (шаҳри Душанбе) ва дигар иншоотро оро додааст. Дар тарбияи рассомони ҷавон саҳми калон гузоштааст.
МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 271.
Муаллиф: А. Ҳасанов
Таҳияи Садирзода Шаҳноза
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.