Азия-плюс: Макони дилкаш бо толорҳои барҳавову мунаққаш (ВИДЕО)
Воқеан, бинои Китобхонаи миллӣ бо тарҳи зебо ва сохти муҷаллои худ ба ҳусни зебои шаҳри маҳбубу дӯстдоштанӣ – Душанбеи нозанин зебоии хос зам мекунад. Атрофи бинои Китобхона нишоне аз зебоипарастии мардуми тоҷик ва ҳамзамон аз тозагиву озодагӣ ва покиии ин миллати куҳан ва бофарҳанг далолат медиҳад.
- Имрӯз бинои Китобхонаи миллӣ ба яке аз нигораҳои зебои шаҳри Душанбе табдил шуда, сайёҳону меҳмонони зиёд ҳамарӯза аз он дидан мекунанд ва аз меъморӣ, ҳусну ҷилои он ба ваҷд меоянд.
- Дар баробари ин, толорҳои бино барои баргузории ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ мувофиқ буда, ҳамасола даҳҳо конфронсу симпозиумҳои ҷаҳонӣ дар ин макон баргузор карда мешавад.
- Илова бар ин, сатҳу сифати хидматрасонии маъмурони Китобхонаи миллӣ ба дили баргузоркунандагони ҳамоишу конфронсҳо хеле созгор буда, аз ин гуна хидматрасониҳо изҳори хушиву роҳат мекунанд.
- Итминони комил дорем, ки ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллӣ дилхоҳ афрод, ташкилоту муассиса ва дигаронро шоду масрур ва болидарӯҳ мегардонад.
- Биёед! Бинои мо ҷойи муносиб барои маҳфилу нишасту ҳамоишҳои шумост!
Телефон барои тамос: 221-04-10; 935694004
Мавзуна Орумбекова, сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷмент