Боздиди ҳайати эронӣ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Субҳи дирӯз гурӯҳе аз меҳмонон, ширкаткунандагони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон ҷаноби оқои Муҳаммадмеҳдии Исмоилӣ аз Китобхонаи миллӣ боздид ба амал оварданд. Меҳмонони олиқадрро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ҳамроҳӣ мекард.

Меҳмононро муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода истиқбол намуд ва қудумашонро ба остонаи ин боргоҳи маърифат хайрамақдам гуфт.

Меҳмонон аввал аз мусаввараи таърихии Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шариф дидан намуданд. Сипас ба толорҳои хониш, осорхонаи китоб ҳидоят шуданд.

Боздиди ҳайати эронӣ

Онҳо бо шароити нигаҳдории китобҳои нодир, нусхаҳои қаламӣ шинос шуданд, қадимитарин дастанависҳоро тамошо карданд. Меҳмонон бештар ба китоби “Таърихи Табарӣ”, ки дар асри XIII китобат шудааст, нусхаҳои гуногуни “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ, асарҳои Саъдиву китобҳои Мирзо Бедил ва дастхатҳои устод Садриддин Айнӣ бештар таваҷҷуҳ карданд.

Дар ҷараёни  вохӯрӣ миёни ҷонибҳо гуфтугӯи дӯстонаю самимона вобаста ба нашри китобҳои адибони ду кишвар, баргузории намоишҳои китоб,  барномаҳои фарҳангӣ,  ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои марбути соҳа сурат гирифт.

Пас аз анҷоми вохӯрии дӯстона ҷонибҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон суҳбат ороста, баргузории рӯзҳоро дар Тоҷикистон падидаи беназири фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.

Гуфтанист, ки шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи он вазири фарҳанги Тоҷикистон ва вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон суханронӣ карданд.

Боздиди ҳайати эронӣ

Зикр шуд, ки робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон солҳои зиёдест, ки густариш меёбад. Ин натиҷа ва самараи талошҳои сарони ҳарду давлат буда, дар ин радиф муносибатҳои фарҳангии ҷумҳуриҳо низ мақоми хосса дорад. Тоҷикистон ва Эрон ду миллати ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихиии муштарак мебошанд.

Даар ҷамъомад аз ҷониби ҳунармандони эронӣ барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

Қарор аст рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон то 6 ноябр идома кунад.

Имрӯз, 1-уми ноябр намоиши ҳунарҳои мардумии ин сарзамин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Боздиди ҳайати эронӣ

Дар ҷараёни баргузории рӯзҳо инчунин маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ» аз ҷониби гурӯҳи мусиқии «Пож», «Сурӯши Мавлоно» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, намоиши филмҳои эронӣ дар Кохи Наврӯз ва кинотеатри Ватан, маҳфили адабӣ бо иштироки шоирони Эрону Тоҷикистон баргузор мегарданд.

3-4 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Эрон бо иштироки ҳайати меҳмонон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб идома меёбанд.

Раҳима БОБОЕВА