Ганҷинаи маърифат: феҳристи адабиёт (1933-1922)

Ганҷинаи маърифатДастури библиографии «Ганҷинаи маърифат: феҳристи адабиёт (1933-1922)» аз ҷониби Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» нашр шудааст.

Феҳристи мазкур зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Зайниддин Низомӣ омода шуда, онро Маҳмадвалӣ Зиёев мураттаб намудааст.

Дар пешгуфтор мехонем: Суннати китобхонӣ ва анъанаи китобдорӣ аз рӯзгори қадим ҷузъи фарҳанг ва бахши муҳимми зиндагии миллати тоҷик будааст. Халқи тоҷик аз замонҳои пешин китобро «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» ҳисобида, рушди фарҳанги китобхонӣ ва бунёди китобхонаҳоро аз муҳиммоти рисолати инсонии худ медонистанд. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар асрҳои гузашта низ дорои китобхонаҳо ва муассисаҳои илмӣ дар шаклҳои гуногун будааст ва ба ҳар роҳу васила китобу китобхониро мояи рушду камоли маънавии башар ва пешрафту тараққиёти бахшҳои мухталифи кору рӯзгор медонистанд.

Бахусус ин суннат ва анъанаи аҷдодӣ дар асри ХХ бо таҳаввулоти азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии давру замон шаклу мазмуни худро дигар намуда, дар шакли китобхонаҳои муосир, ҳифзу нигоҳдории маводи гуногунарзиши чопӣ, нашри китобу маҷаллаҳо ва ба оммаи мардум пешниҳод намудаи онҳо барои мутолиа рушду инкишоф намудааст. Дар ин замина соли 1933 Китобхонаи оммавии давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуда, баъдан соли 1934 дар арафаи таҷлили 1000-солагии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номи Китобхонаи давлатии Тоҷикистон номи  Фирдавсиро гирифт, ки қадами устувор дар самти бо шаклу усулҳои замонавӣ ҳифзу нигоҳдории китобу маводи чопӣ ва ба мардум пешниҳод надмудани онҳо ҳисобида мешавад. Аз он замон ба баъд шумораи китобхонаҳои шаҳриву маҳаллӣ ва китобхонаҳои оммавӣ рӯз ба рӯз зиёд гардида, ба махзанҳои бузурги илму маърифат табдил ёфтанд.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон барои бунёди китобхонаҳои муосир, нашри китоб ва дигар маводи хонданӣ заминаҳои мусоид фароҳам омада, бо рушди босуръати техника ва технологияи муосир функсияҳои фаъолияти китобхонаҳо, шаклу услуби хизматрасонӣ ва ҳифзу нигоҳдории китобҳо низ дигар гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳои фаъолияти ҷомеа ва рушду инкишофи бахшҳои гуногуни илму маърифат соҳаи китобдорӣ низ рӯ ба пешрафту инкишоф ниҳода, вобаста ба талаботи замони муосир шаклу мазмун ва моҳияти худро дигар намуда истодааст. Дар ин робита оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти китобдорӣ, библиографияшиносӣ, фарҳанги китобхонӣ ва бунёди китобхонаҳои гуногун аз ҷониби донишмандон, китобдорон ва китобхонашиносону фарҳангпажӯҳон таҳқиқоти мухталиф ва пажуҳишҳои зиёд дар шакли китобу мақола ва суҳбату гузоришҳо ба нашр расиданд.

Соли 2023 аз бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани Китобхонаи миллии Тоҷикистон 90 сол (1933-2022) сипарӣ шуд ва зарурати ҷамъовариву дар шакли феҳристи адабиёт таҳия ва нашр намудани мақолаву гузоришҳо, суҳбату вохӯриҳои олимони соҳаи китобдорӣ ва пажуҳишгарон ба миён омадааст.

Бинобар ин тасмим гирифта шуд, ки ба муносибати 90-солагии Китобхонаи миллӣ дастури библиографии фаъолияти Китобхона таҳия ва нашр карда шавад.

Дастури мазкур метавонад барои олимону пажӯҳишгарон ва китобдорон сарчашмаи хуби иттилоотӣ-маълумотӣ бошад ва барои анҷоми таҳқиқоти гуногуни соҳавӣ кумакрасон гардад.

Хонандагон метавонанд дастури библиографии «Ганҷинаи маърифат: феҳристи адабиёт (1933-1922)»-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Таҳияи Маҳмадвалӣ Зиёев,
сармутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»