Гуфтугӯ аз достони “Қишлоқи тиллоӣ”-и Мирсаид Миршакар дар маҳфили “Фурӯғ”

ФуругДар маҳфили “Фурӯғ” дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ин навбат аз достони машҳури “Қишлоқи тиллоӣ” –и Мирсаид Миршакар сухан рафт. Иштирокдорони маҳфил аъзоёни шуъбаи мазкур ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” мебошанд.

Азизи Азиз – нависандаи кӯдакон маҳфилро бо порчаҳои достони “Қишлоқи тиллоӣ” оғоз карда, таъкид дошт, ки дар идома бо бачаҳо аз боби ин достони машҳури адабиёти кӯдакон суолу ҷавоб мекунад.

Таъкид гардид, ки “Қишлоқи тиллоӣ” аз шумори он достонҳоест, ки дар асоси афсонаи халқии помирӣ навишта шудааст. Чи тавре ки худи шоир дар оғози достон мегӯяд, вай ба ин достон чизе ҳамроҳ накарда, аз забони гўяндааш нақл намудааст:

Ҳикоят кард помирии доно,

Ба назм оварда, бинвиштам дар ин ҷо:

Вале аз худ дар ин дастони тайёр

Ягон ҳарфе на кам кардам, на бисёр.

Асоси достонро пеш аз ҳама қисми даромади он, ки шоир дар ин қисм дар бораи ин сюжетро аз забони гўяндаи халқ шунидани худ ва асрҳо боз аз забон нақл ёфтани он ривоят кардааст, тасдиқ менамояд:

Нишастам дўш бо марди  куҳансол,

Аҷаб пири суханвар буду хушҳол.

Шунидам ман ҳикоятҳои ўро,

Ба назм оварда, бинвиштам дар ин ҷо:

Шунидам аз падар ин достонро,

Падар бишнида аз бобош онро,

Вале бобо зи бобоҳои дигар

Шунидаст ин ҳикоятро, бародар.

Ҷараёни маҳфили имрӯзаро бо ишораҳои ровии маҳфил Азизи Азиз қироати порчаҳо аз достони мазкур ва таҳлили онҳо дар бар гирифт.

Гуфта шуд, ки достони “Қишлоқи тиллоӣ” аз рўйи нақли Сайёд даҳ нафар аз деҳқонони камбағал ва хонахаробшуда ба ҷустуҷўйи Қишлоқи тиллоӣ ба кўҳу дашт ба сафар мебароянд ва ҳар кадом ба ҳар тараф мераванд. Манзил тай мекунанд, аз мамлакате ба мамлакате ва аз дашту саҳро ба деҳаву шаҳрҳо мераванд, вале Қишлоқи тиллоиро намеёбанд. Аксарияти онҳо дар мусофират бо хорию зорӣ вафот меёбанд. Як нафар аз онҳо, ки зинда монда буд, бо орзуи ватан аз мусофират бозгашта, ба қишлоқе меояд, ки он ба ҳамон Қишлоқи тиллоии афсонавӣ монандӣ дошт.

Мусофир дар ин қишлоқ ба ҷавоне дучор меояд, ки ў писари худи вай – Шарафҷон буд. Шарафҷон ба ў мефаҳмонад, ки ин ҳамон қишлоқи пешина аст, вале дар натиҷаи ёрии Ҳокимияти Советӣ ва ғалабаи сохти колхозӣ тамоман тағйир ёфта, ба қишлоқи ҳақиқӣ мубаддал гаштааст…

Иштирокчиёни маҳфил ҳамчунин ба чанде аз суолҳои худ вобаста ба достони тилоии Мирсаид Миршакар посух гирифтанд.

Бояд гуфт, ки шоири маъруф Мирсаид Миршакар барои бачаҳо асарҳои зиёд навиштааст ва пажӯҳишгарони осораш ба ин назаранд, ки ниме аз ашъори адиби маъруф барои кӯдакону наврасон аст.

Мирсаид Миршакар ҳаёти кӯдаконро хуб меомӯзад ва сужаҳои аҷоиб ёфта, барояшон бо шавқ ҳикоят мекунад. Ин нависанда  барои фаҳмову шавқовар баромадани шеърҳояш аз эҷодиёти даҳонакии халқ ҳунармандона истифода бурдааст ва беҳтарин шеърҳои бачагонаи ӯ мувофиқи зарбу оҳанги назми халқӣ навишта шудаанд.

Достони “Қишлоқи тиллоӣ” бо забони содаву софи хоси эҷодиёти Мирсаид Миршакар навишта шудааст. Дар ин достони аз ҷиҳати ғоявӣ баланд сохтмони колхозӣ ҳамчун факти ба ҳақиқат мубаддал гардидани орзуҳои чандинасраи халқи меҳнаткаш ифода ёфтааст. Ҳамин буд, ки гӯяндаи ин достон дар соли 1950 сазовори Ҷоизаи давлатии СССР шуд.

     Маврид ба зикр аст, ки маҳфили “Фурӯғ”-и шуъбаи кӯдакон ва наврасон дар ҳамкори бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии кӯдакону наврасон “Баҳористон” баргузор гардида, ҷараёни он тариқи шабакаи телевизионии мазкур пурра намоиш дода мешавад.

Наргис НАЗАРЗОДА
Бахши матбуот ва робита бо ҷомеа