Марз ва марзбонӣ. Самарқанд
Яке аз шаҳрҳои бузурги Суғд дар ҷои харобаҳои Афросиёб воқеъ будааст. Бостоншиносон муқаррар кардаанд, ки девори муҳофизтии Афросиб 5 км аст, вале сарчашмаҳо ин деворро 2,5 баробар дарозтар ёдовар шудаанд.
Ковишҳо нишон додаанд, ки деворҳо аз хишти хом ва гил будааст. Муҳри сангӣ бо тасвири подшоҳ ва худоёни камондардаст ба ҳамин давра мансуб аст. Дар асрҳои миёна яке аз шаҳрҳои пурвусъат буд, Аз хавфи бодиягардон бо ҳисоре пўшида буд, ки 12 фарсах дошта 12 дарвоза. Бино ба қавли Ибни Фақеҳ пушти дарвозаҳо ду дари чўбӣ боз дарвозаҳои дудараи дигаре дошт ва миёни дарвозаҳо дарвозабонон меистоданд. Ба қавле Абумуслим дар соли 135 ҳ.к. дарвозаҳо, кунгураҳо ва бурҷҳои нигаҳбониро сохтааст. Тўли саросари ҳисор 75 фарсах буд. Абумуслим онро ба 340 бахш тақсим кард ва дар ҳар 200 газ як бурҷ вуҷуд дошта. Дар ин сурат миқдори бурҷҳо ба 450 мерасида.
Пеш аз ҳуҷуми Чингиз шаҳри Самарқанд 100 ҳазор хонавор доштааст. Ин натиҷаи ғорати Хоразмшоҳ ва бераҳмию бешафқатии Қарахониён буд. Ҳоло он, ки дар замони Сомониён беш аз 500 ҳазор нуфус дошт.
Дар баробари онҳо шаҳрҳои Тирмиз, Гурганҷ, Кеш, Пайканд, Хуҷанд ва ғ. дорои девору дарвозаҳо буданд. Мувофиқи маълумоти Муқаддасӣ Зардуч ё Зардух, Рўзванд қарияи мустаҳкаме буданд, ки дар атроф ҳандак дошт. Нузвар ва Замахшар ҳандақ ва дарвозаи оҳанӣ доштанд ва дорои пуле буда, ки ҳар шаб бармедоштанд. “Ва ҳам дар бораи Гардемон маълумот аст бо ду дарвоза ва ҳандақи пуроб, ки дар гирдогирди он буда, ки як тирпарто арз дошт. Ва дар канори дарвозаҳо чархи партоб (тиру санг қарор дошт).
Вашгирд
Қасру қалъаҳои ҳокимони маҳалӣ ҳама давру замон устувор буд. Аз хавфи душманон дижҳои дастнорас ва мустаҳкам бунёд карда мешуд. Болои теппаҳои баланд, соҳили рўдҳо бурҷҳои дидбонӣ барои назорати гирду атроф бунёд мегардид.
Ишораи Фирдавсӣ:
Ба ҳар ҷой бар бора шуд дидбон,
Нигоҳбон ба рўзу ба шаб посбон.
Ба ҳамин маъниист. Барои дар ғафлат намондан ҳушёрию зиракиро дар бунёд доштан. Вашгирд аз шаҳристони қадимтарин аст, ки ҳамчун истеҳком ном бурда мешавад. Дар Авесто бо унвони Виса вомехўрад. Дар матнҳои дигар ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бо номҳои Виса, Вашҷирд, Вашгирд, Васагирд ва ғ.
Айни камолоту шукуфоии шаҳрро тасвир намуда ал Балозурӣ дар “Футуҳул Булдон” овардааст, ки аз Тирмиз роҳ то ба шоҳигарии Ҳошим ибни Баниҷур, ки ду шаҳристони зебо ва мустаҳкам: Вахш ва Ҳаловард дорад, мебарад. “Сипас ба шаҳри Шумон, ки ҳаммарзи шоҳигарии Ҳошим бини Баниҷур ва ворисони ўст… ва баъд ба шаҳристони сарҳаду Вашҷирд, ки вилояти паҳновар аст бо 700 қалъаи ( дижи) дастнорас..”
Воқеан, ҳини ковишҳои бостоншиносӣ азамати шаҳр тасдиқ шуд. Бино ба пажўҳиши Д.Довудӣ ҳафриёт муқаррар кард, ки Вашгирд дорои 2-қалъа: Қалъаи Сангин ва Қалъаи Фотимаи Заҳро будааст.
Вашгирд дар шоҳроҳи абрешим қарор дошт. Корвонҳои тиҷоратӣ аз Балх ба василаи Тирмиз, Чағониён, Вашгирд даштҳои Олой ва Кошғару Чин молу маснуот мебурданд. Пайдо гардидани сиккаҳои чинӣ дар ин маврид далели қотеъанд. Ҳимояи шаҳру кишвар ва амну осудагии савдогарон вазифаи муқаддаси шаҳрёрон ба ҳисоб мерафт: Деворҳои сангин ва ғафс бо бурҷҳои зиёд шаҳодат медиҳанд, ки қалъаҳо иншоотҳои ҳарбӣ муҳофизатӣ буданд.
Исботи дигар ин аст, ки дар қисмати шимоли Файзободи ҳозира дар яке аз теппаҳо вайронаҳои таҳкурсии сангин ва деворҳо ва хишти пухта кушода шуд. Маълум гардид, ки дар он вайронаҳои бурҷ ё манораи посбонист, ки сарҳаду шахр қарор дошт.
Аз китоби Ҷонибек Асрориён ва
Анушервон Асрориён “Марз ва марзбонӣ”,
Душанбе соли 2017.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.