Бо бачаҳо. Чанд шеъра аз китоби Раҳмат Назрӣ “Ширангубин”

Раҳмат НазрӣМОМОИ МО

Момои ширин

Ҷон асту ҷонон.

Гирди сари ў

Ҳастем гардон.

 

Лаззат бубахшад

Ў коми моро.

Ширин бигирад

Ў номи моро.

 

Хонад ба оғўш

Ў ҳар кадоме.

Омезад аммо

Номе ба номе.

 

Ҷамшедро ў

Хуршед гўяд,

Хуршедро ў

Уммед гўяд.

 

Миҷгонаро ў

Марҷона номад,

Парвинаро ў

Парвона номад.

 

Аммо баробар

Моро шиносад.

Бо меҳр як хел

Моро навозад.

 

НАБЕРАБОН

Момо наберабон аст,

Момои ҷон ба ҷон аст.

Овора аз паси мо,

Аз пушти ҳар каси мо.

Ҳарҷодавак ба ҳар ҷо,

Пинҳоншавак дигар ҷо.

Ҳай- ҳай ҳама ҳаёҳў

Ин сў кунему он сў…

Эҳе, бас аст, хап- хап!

Дорам ба гўшатон гап:

Дастобадаст бо мо

  Кўдак шудаст момо!

 

АФСОНАИ   ХОБ

Момоям имшаб

Паҳлўи ман хуфт.

То зуд хобам

Афсонаам гуфт.

 

Аз роҳҳо гуфт,

Аз моҳҳо гуфт.

Ҳам аз замин гуфт,

Ҳам аз ҳаво гуфт.

 

Аз боғ ҳам гуфт,

Аз роғ ҳам гуфт.

Аз гургу харгўш,

Аз зоғ ҳам гуфт.

 

Аз шир ҳам гуфт,

Аз дўғ ҳам гуфт.

Ў рост ҳам гуфт,

Дурўғ ҳам гуфт.

 

Ҳамчун Лавандак

Дар хоби фандак

Чашмони худро

Пўшидам андак.

 

Момои худро

Ман боб кардам,

Хоби худаш бурд,

То хоб кардам.

ИДИ  БОБО

Бобоҷон аз чӣ шод аст,

Пешонияш кушодаст.

Ё рўз рўзи ид аст,

Ё хоби нағз дидаст?

 

Таронае зери лаб

Замзама дорад аҷаб!

Ришаш тарошида ў,

Гулоб пошида ў,

 

Қадам занад рост-рост,

Подардаш акнун куҷост?

Ба осмон ҳўши ў,

Ба сўйи дар гўши ў…

 

Ба боздиди бобо

Ҳай дер кард, оббо,

Набераки қашангаш,

Валек тўпалангаш!

 

Аз китоби Раҳмат Назрӣ “Ширангубин”. Душанбе соли 2022

Ин ва боз даҳҳо китоби шавқовари ба ин монандро шумо метавонед дар толори хониши адабиёт барои кӯдакон ва наврасон мутолиа кунед.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова