Китоби рӯимизии китобдорон. «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» (ТДУ)
Китоби «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» (ТДУ) аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и тарҷума ва нашр гардидааст. Он тарҷумаи мухтасари «Универсальная десятичная классификация»-и солҳои 1977-1989 ба забони тоҷикӣ мебошад, ки аз ҷониби Раъно Камолова ва Маҳмадвалӣ Зиёев тарҷума шудааст.
Дар пешгуфтори китоб омадааст, ки дар шароити кунунӣ, ки Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ ва фарҳангӣ ба даст овардааст, сокинони онро мебояд аз тамоми ҷузъҳои куллӣ ва фаръии илмҳои замони хеш бохабар бошанд. Маҳз ба ҳамин хотир ва бо тақозои фаъолияти корӣ лозим донистем, вобаста ба соҳаи китобдорӣ китоби «Универсалная десятичная классификатсия» (УДК)-ро аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, онро «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» унвон намоем. Бовар дорем, ки ин тасмими пешгирифта дар раддабандӣ, ки як самти муҳимми китобдорӣ аст, манфиатовар хоҳад буд.
Раддабандӣ дар луғат ба мазмуни сафбандӣ, табақабандӣ, ба тартиб овардан ба раддаҳо ва дараҷабандӣ дар шакли дастаҳои кӯчак ё бузурге, ки дар онҳо мавҷудот дорои шабоҳат мебошанд, омадааст.
Раддабандӣ худ ба унвони асоситарин созмондиҳандаи фаъолияти зеҳнии инсон маънидод шуда, таҳлили илмии он дорои марҳилаҳои хос мебошад.
Аз ҷумла, тасмимгирӣ дар мавриди хос, ташхиси ашёе, ки он дар раддаҳои хос ба ҳам монанд аст. Самтҳои асосии раддабандӣ иртибот миёни раддаҳо ва фарқ гузоштан миёни онҳо ба хотири ворид шудан ба раддаҳои фаръӣ ва тақсими онҳо мебошад.
Раддабандии маводи китобхонавӣ, ки бо ин усул амалӣ карда мешавад, чунин тавсиф шудааст: Танзими ташаккулёфтаи мавзуи китобҳо ва маводҳо аз рӯйи сохт дар рафҳои китоб, феҳристҳо ва иттилоот бо шеваҳои хос барои касоне, ки мехонанд ё иттилооти хосеро ҷустуҷӯ мекунанд. Раддабандии китобхонавӣ вазифаи дусамтаро иҷро мекунад:
1) Танзими мавод ба тариқи мантиқӣ дар рафҳои китобхонаҳо;
2) Таҳияи як намоиши қоидавӣ аз шиносномаҳои китоб дар феҳристҳои чопӣ, библиорафӣ ва монанди онҳо.
Дар заминаи китобдорӣ раддабандӣ ба унвони як ибора ҳам ба васеъкунии тарҳҳо барои дуруст нишон додани ҷанбаҳои гуногуни дониш ва ҳам ба ҳунари танзими китобҳо ё дигар ашё мувофиқат кунонидан мебошад.
Назарияи тарҳрезишудаи раддабандӣ барои нишон додани раддаҳо ва тақсими онҳо низомеро дорост, ки он танзими хулосаи мавзуъҳо ва таҳияи пайдарпай дар муайянсозии раддаҳо бо нишонаҳо мебошад. Намунаи он нишонаҳо дар раддабандии таснифоти даҳгонаи Милвел Луис Девӣ мебошанд, ки онҳо аз ададҳои арабӣ ташкил ёфтаанд.
Хонандагон метавонанд китоби «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» (ТДУ)-ро дар «Китобхонаи миллӣ» мутолиа намоянд.
Таҳияи Маҳмадвалӣ Зиёев, сармутахассиси
Маркази «Тоҷикшиносӣ».