Коршиносони эҷодкори Китобхонаи миллӣ. Бекназар Аҳмадов
Аҳмадов Бекназар 27 – уми майи соли 1926 дар деҳаи Сарихосор, ҳоло ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) ва факултаи китобхонашиносии Донишкадаи педагогии Тошканд ба номи Низомии Ганҷавӣ (1961-1966) таҳсил кардааст.
Сипас, муддате дар китобхонаи вилоятии Самарқанд ба сифати китобдори калон фаъолият намуда, аз соли 1968 то 1992 мутахассиси калони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон адои хизмат кардааст. Қариб даҳ соли охир ӯ корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ будааст.
Номбурда дорои унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999) мебошад. Ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ якзайл эҷод кардааст. Таваҷҷӯҳашро бештар корнамоиҳои тоҷикписарон дар Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ба худ кашидааст, ки ба он муносибат 111 албом тартиб додааст. Дар онҳо оид ба иштирокдорони ҷанг ва ҳаёти мардум дар ақибгоҳ бо далелҳои равшан маводи фаровон инъикос ёфтаанд.
Ӯ яке аз ташаббускорони бунёди Осорхонаи китоби Китобхонаи миллӣ ба шумор меравад. Яке аз мураттибони дастурҳои: “Давлати бузурги бостонӣ”, “Марказонидани маҷмӯи китобхонаҳои оммавӣ ва давлатӣ”, “Дурдонаҳо аз олами китоб”, “Китобхона ва чорводор”, “Китоби сол”(дар се барориш) ва ғайра мебошад.
Теъдоди умумии дастуру тавсияномаҳо, очерку мақолаҳо, лавҳаю мухбирномаҳои таълифоташ зиёда аз панҷсадро дар бар мегирад. Пурмаҳсултарин муҳаққиқи бахши китобдорӣ ва китобшиносии тоқик ба шумор меравад. Нисбати фаъолияти ӯ мақолаҳои зиёде дар матбуот чоп шудааст. Номбурда аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ будааст.
Соли 2015 дар синни 89-солагӣ дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.
НАМУНАИ ОСОР
- Дом в котором живут книги.– Душанбе: Ирфон, 1974.–42с.
- Тоҷикписари тоҷик: Китобномаи шарҳиҳолӣ Тешабой Одилов.–Душанбе, 2001 .– 48с.
- Китобдори Чилчанор //Маданияти Тоҷикистон .–1983.–6 июн.
- Хазинадор: Оид ба фаъолияти мудири шуъбаи дастхатҳои шарқи Китобхонаи миллии ҶТ ба номи А. Фирдавсӣ Абдуллоҷон Юнусов //Ҷумҳурият .–1997.–9 июл.
- Китобдор – донор// Анис.–202 .–№1.–С.120 .– 122.
АДАБИЁТ
- Хоҷаев М. Соҳибқалам //Ҳақиқати Ӯзбекистон .–1966.– 14 сентябр.
- Раҷабов А. Мунодии фарҳанг //Фидоиёни фарҳанг .–Душанбе, 1999 .–С. 26–30.
- Муҳиддинов С., Каримов Б. Кӯҳи фарҳанг //Ҷумҳурият .– 2002 .–12июл.
МАНБАЪ: “Коршиносони эҷодкори Китобхонаи миллӣ”. Душанбе “Эҷод”, 2004.
Маҷмуаи шарҳиҳолии мазкур роҷеъ ба зиндагӣ ва фаъолияти коршиносони эҷодкори Китобхонаи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ чун роҳнамо ба муҳаққиқону мутахассисони соҳа пешниҳод шудааст.
Таҳияи Шоҳзодаи Нурмуҳаммад, мутахассиси пешбари шуъбаи маълумотдиҳӣ–библиографӣ.