Осори хаттии Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Абдурраҳмони ҶомӣМувофиқи сарчашмаҳо Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ 54 асари илмӣ ва адабӣ таълиф намудааст, ки бештари онҳо оид ба илми ахлоқ, фалсафа, тасаввуф, қофия, мусиқӣ ва ғайра мансуб мебошанд. Осори адабии шоир аз назму наср иборат буда, ба шакли жанрҳои мухталиф навишта шудаанд.

Осори гуногунранги устоди беҳамтои сухан Абдурраҳмони Ҷомӣ дар махзани китобхонаҳову осорхонаҳои бузурги Осиёи Марказӣ ва кишварҳои мухталифи Ғарбу Шарқ хеле зиёд бa назар мерасанд. Дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ низ аз осори Абдурраҳмони Ҷомӣ 50 адад нусхаи хаттӣ ва 35 адад китобҳои чопи сангӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Ин дастхатҳо комил буда, бо минётурҳо ва ороиши хуб ҷолиби диққатанд.

Аз шоири бузург се девони қасоиду ғазалиёт ва рубоиёт «Фотиҳат-уш-шубоб», “Воситат-ул-иқд” ва “Хотимат-ул-ҳаёт” ба ёдгор мондаанд. Асари насрии “Баҳористон” ва маснавиҳои ҳафтгонаи «Ҳафт авранг», “Юсуф ва Зулайхо»,  “Туҳфат-ул-аҳрор”, “Силсилат-уз-заҳаб, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Сабҳат-ул-аброр, “Хирадномаи Искандарӣ” ва “Саломон ва Абсол” то замони мо расидаанд, ки нусхаҳои дастнавис ва ҳам китобҳои чопи сангӣ дар намоиш гузошта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи мазкур нусхаи хаттии “Девони ғазалиёт”-и шоир ба намоиш гузошта шудааст, ки диққати махсуси муҳаққиқонро ба худ ҷалб кардааст. Нусхаи мазкур мукаммал буда, соли 933 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1526 мелодӣ китобат шудааст ва мутаасифона, ҷойи китобаташ маълум нест.

Ҷолиби диққат аст, ки  нусхаи мазкур ба калами фарзанди шоир Алӣ ибни Абдурраҳмони Ҷомӣ навишта шудааст. Ғазалиёти шоир дар ду сутун ба тартиби алифбои арабӣ оварда шудааст. Навъи хаташ настаълиқи хоно буда, коғазаш абрешими гуногунранг мебошад. Муқова ва шерозааш аз чарми сиёҳи намногир сохта шуда, се муҳр дорад. Ин нусхаи ҷолиб дар дохили лифофаи зебои чармии сиёҳ, ва бахмали кабуд нигоҳ дошта мешавад.

Ин асар дар дафтари инвенитарӣ таҳти рақами 156 ба қайд гирифта шудааст.

Нусхаи дигари қаламии шоир, ки дар шуъбаи мазкур нигаҳдорӣ мешавад, соли 996 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба соли 1587-и мелодӣ бо хати настаълики майдаю хоно китобат шудааст. Ҷойи китобат ва котиби маълум нест ва дар дафтари инвенитарӣ таҳти рақами 1339 қайд шудааст.

Яке аз асарҳои машҳури пандуахлоқии Абдурраҳмони Ҷомӣ «Баҳористон» мебошад, ки аз назму наср иборат буда, дар пайравии «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ офарида шудааст. Аз ин асар чанд нусхае дар ганҷинаи шуъбаи мазкур ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад.

Дар қатори дастнависҳо инчунин як қатор китобҳои чопи сангӣ, ки дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд, ба мисли «Ҳафт авранг», «Фотиҳату-ш-шубоб», «Нафаҳот-ул-унс» ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Назар Баҳрулло, сардори
шуъбаи Дастхатҳои Шарқ
ва китобҳои нодир,
номзади илмҳои филологӣ.