Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 27 – уми апрел

adabijot_27.04.2023Соли 1667 шоири англис Ҷон Милтон ҳуқуқи асарҳои дар ин сол эҷодкардаи худ ва ҳамчунин беҳтари достони ӯ “Биҳишти гумшуда”-ро ба 10 фунт фурӯхт. Ҷон Милтон аз маъруфтарин шоирони инглис аст, ки мақолоти баҳсбарангезе дар бораи озодии интишор, омӯзиш ва ҳазфи сонсур навиштааст.

Биҳишти гумшуда”, “Биҳишти бозёфта”, “Сомсон-мубориз” аз ҷумлаи асарҳои мондагори ӯянд.

meri-uolstonkraftСоли 1759 дар шаҳри Лондон нависандаи британиёӣ ва файласуф Мэри Уолстонкрафт ба дунё омад. Ӯ муаллифи  романҳои зиёд ва асарҳои таърихӣ дар бораи Инқилоби бузурги Фаронса буд. Китобҳое ҳам дар бораи тарбияи кӯдакон навиштааст.

Мэри Уолстонкрафтро ба унвони аввалин феминисти англис мешиносанд. Аз ҳаводорони баробарии иҷтимоӣ ва омӯзишӣ барои занон буд. Асари машҳури вай бо номи “Ҳифзи ҳуқуқи занон”, ки соли 1792 навиштааст, аз матнҳои классикии феминистӣ маҳсуб мешавад.

Мэри Уолстонкрафт 10-уми сентябри соли 1797, баъди таваллуди фарзанди дуюмаш Мэри аз олам рафт. Ҳамагӣ 37 сол дошт.

Соли 1872 дар шаҳри Бухарест дар синни 70-солагӣ шоир, маорифпарвар ва ходими ҷамъиятӣ Ион Элиаде-Рэдулеску аз олам гузашт. Вай яке аз поягузорон ва аввалин президенти Донишгоҳи Руминия буд.

Нахустин ташаббускорони баргардони хати крилии руминӣ ба лотинӣ шумарда мешавад. Барои рушди забони руминӣ заҳматҳои зиёд кашидааст.

Баъди шикасти инқилоб муддате ба муҳоҷират рафт ва соли 1854 ба ватан баргашт.

Соли 1900 шоир, бунёдгузори адабиёти навини белорус, поягузори реализми танқидӣ дар адабиёти белорус Франтишек Богушевич аз олам гузашт. Вай 60 сол дошт.

Аввалин шеърашро бо номи “Соли нави 1886” бо забони лаҳистонӣ навиштааст.

valeriya_gerasimovaСоли 1903 нависандаи рус Валерия Анатолевна Герасимова таваллуд шудааст. Вай дар хонадони адабиётшинос ва рӯзноманигор дида ба олам кушодааст ва бачагии худро дар Урал гузаронидааст. Дар як гимназияи Екатеренбург таҳсил кардаву, муддате дар Қрим ҳам зистааст.

Аз соли 1923 навиштаҳояш чоп мешуданд. Повести “Чашмони айёр” аз ҷониби мунаққидон шадидан зери танқид гирифта шуд.

Яке аз ширкаткунандагони фишор ба Борис Пастернак буд. Дар ҷаласае, ки ӯро аз сафи Иттиҳоди нависандагон хориҷ карданд, иштирок дошт ва суханронӣ кард. Аз романи “Доктор Живого”-и Пастернак шадидан интиқод карда буд.

2 июни соли 1970 адр шаҳри Москав аз олам гузашт.

“Зиреҳ ва тоскулоҳ”, “Хешованди дур”, “Замини модарон”, “Насаби одӣ”, “Дилсӯзӣ”, “Аз диди ҳақиқат”, “Чеҳраи ошно” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1921 афсонагӯи машҳур Аграфена Матвеевна Крюкова тарки олам кард.

kazis-binkisСоли 1942 дар Каунас дар синни 48-солагӣ бар асари бемории сил шоир, намоишноманавис ва тарҷумони аҳли Литва Казис Бинкис аз дунё гузашт.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ оилаи Бинкис бисёр хонаводаҳои яҳудиро аз марг наҷот дода буд. 26 декабри соли 1988 як пажӯҳишгоҳи Исроил Казисро мубаллиғи сулҳ эълон намуд.

Шеърҳои Пушкин ва масалҳои Криловро ба литвонӣ баргардон кардааст.

Соли 1982 дар Форт-Уэйн, иёлати Индиана нависандаи амрикоӣ Патритсия Локвуд таваллуд шуд.

Соли 1998 дар Лос-Анджелес дар синни 72 – солагӣ нависанда, инсоншинос ва этнографи амрикоӣ Карлос Кастанеда аз олам гузашт. 12 китоби вай бо 17 забон тарҷума гардида ва беш аз 8 миллион нусха ба фурӯш рафтааст. Ин китобҳо ҳатто боиси ҷанҷолу баҳсҳои шадиди илмӣ миёни алоқамандони фалсафа мардумшиносӣ шудаанд.

idzhanya-kristian“Таълимоти Дон Хуан: Роҳи дониши ҳиндуҳои яки”, “Сафар ба Икстлан”, “Афсонаҳо дар бораи нерӯ”, “Қувваи уқоб”, “Оташ аз дохил”, “Санъати хоббинӣ” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 2002 дар Орлеан, иёлати Луизиана дар синни 55-солагӣ нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Ҷорҷ Алек Эффиндҷер тарки олам кард. Вай барандаи ҷоизаҳои “Небюлла” ва Ҳюго” буд.

Соли 2020 дар Сент-Китсе ва Невис дар синни 63-солагиӣ нависандаи англисзабони африқоитабор Иджаня Кристиан аз олам рафт. Вай 31 январи соли 1957 дар Сент-Китс ба дунё омад буд.

Таҳияи Б.Шафеъ