Моҳи май 4 ҳазору 99 китоб ба бойгонии Китобхонаи миллӣ замм шуд

Лунди-(3)

Моҳи май аз муассисаҳои чопии кишвар, донишгоҳҳо, вазоратҳо ва муаллифони китобҳо, шахсони алоҳида ба Китобхонаи миллӣ 4 ҳазору 99 китоб ворид гардид. Аксари ин китобҳо нусхаҳои ҳатмӣ мебошанд, ки маъмулан аз 3 то 5 нусха супурда мешаванд.

Бино ба омори шуъбаи мукаммалгардонии фонд моҳи май Китобхона ба ин тартиб аз муассисаҳо ва шахсони алоҳида китоб қабул кард:

аз  нашриёти “Дониш” 19  нусха, “Ашӯриён” 36 нусха, Академияи идоракунии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 нусха, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, сиёсат ва бизнеси шаҳри Хуҷанд 9, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 8, Донишгоҳи  аграрии  Тоҷикистон  ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур 2, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5, Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино 6,  ҶДММ “Промэкспо” 12, Донишгоҳи баъдидипломии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  5, нашриёти “Абдулло ва  Искандар Ко”  9,  Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 41,  (песаҳо), АМСРБСХ- Хонаи китоб  3, Ташкилот ҷамъиятии Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекони вилояти Суғд 10 нусха.

Ин моҳ аз Ҷумҳурии Белорус 3 нусха китоб расид. Шахсони алоҳида, аз ҷумлаи муаллифони китобҳо 153 адад китобҳои худро туҳфа карданд.

Ҳамчунин моҳи май 353 нусха рӯзномаҳои ҳатмии ҷумҳуриявӣ, сарчашмаҳои гуногун 33 нусха, рӯзномаҳои ҳатмии ноҳиявӣ 290 нусха рӯзномаҳои ҳатмии ноҳиявӣ, 171 нусха маҷалла, маҷаллаҳои ройгон аз нашриёти “Орбита” 99 нусха ворид шуд.

Моҳи май бойгонии диссертатсияҳои Китобхонаи миллӣ боз бо 114 нусха диссертатсияҳо ва 114 нусха авторефератҳо пурра шуд.

Дар ин моҳ 2581 нусха китоби аз аҳолӣ ҷамъоваришуда ба қайд гирифта шуда, ба шуъбаҳои дахлдор ирсол гардид.

Гулистон ЛУНДИШОЕВА