Карим Замонӣ – яке аз маъруфтарин пажӯҳишгарони осори Мавлавӣ аз Китобхонаи миллӣ дидан намуд

Карим Замонӣ Нимаи дуюми имрўз Карим Замонӣ, пажуҳишгари осор ва афкори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва шореҳи «Маснавии маънавӣ», «Фиҳи мо фиҳи» ҳамроҳи ҳамсараш Шукуҳсодот Хонсорнажод ва Муртазо Раҷоӣ ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданд. Меҳмононро муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ба ҳузур пазируфт.

Онҳоро дар ин боздид муовини директори , Институти забон ва адабиёт ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон Шамсиддин Муҳаммадиев ҳамроҳӣ мекард.

Ҷаноби Карим Замонӣ тўли як ҳафта дар Тоҷикистон қарор дорад ва ҳадафи сафараш ба кишвари мо ошноӣ, мусоҳибаву маслиҳат бо мавлавипажўҳон ва мавлавишиносон аст.

Карим-Замонӣ-1Ҷаноби Карим Замонӣ ҳини суҳбат бо кормандони Китобхонаи миллӣ афзуд, ки нияти сафар ба зодгоҳи Мавлонои Балхӣ- ноҳияи Вахш ва ноҳияи Ҷалолуддин Балхиро дорад.

Ў зимни вохурӣ ба баҳсҳои зодгоҳи Мавлоно ишора карда гуфт, ки ватани Мавлоно ноҳияи Вахши имрўзаи Тоҷикистон аст, на вилояти Балхи Афғонистон. Дар ин маврид мо далелҳои муҳкам дорем,- гуфт ин пажўҳишгари маъруфи осори Мавлоно.

Ёдовар мешавем, ки “Шарҳи Маснавии маънавӣ“- и Карим Замонӣ дар 7 ҷилд дар шӯъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ аз соли 2011 мавҷуд аст.

Карим Замонӣ зимни боздидаш аз Китобхонаи миллӣ китоби “Шарҳи девони Шамси Табрезӣ“-ро дар 2 ҷилд ва “Шарҳи комили “Фиҳи мо фиҳи“-ро тӯҳфа намуд.

Карим-Замонӣ

Дар ҷараёни диду боздидҳо Карим Замонӣ ва ҳамроҳонаш шӯъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, осорхонаи ҳамин шӯъба ва мусаввараи бузурги наққоши мониқалами тоҷик Сабзалӣ Шарфиро тамошо намуд.

Ӯ аз дидани дастнависҳо ва осори бузургони адабиёти гузаштаамон изҳори қаноатмандиву хушҳолӣ намуд.

Ӯро ҳамчунин дидани тамоми ҷилди асараш дар Китобхонаи миллӣ хурсанд кард.

Раҳима АЗАМ, бахши
матбуот  ва робита бо ҷомеа.