Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 30-уми ноябр
Соли 1667 дар Дублин нависандаи ҳаҷвнигор, мақоланавис, файласуф, шоир ва ходими ҷамъиятии англису ирландӣ Ҷонатан Свифт (анг. Jonathan Swift) ба дунё омадааст. Свифт тамоми асарҳояшро ба истиснои “Пешниҳоди ислоҳ, такмил ва таҳкими забони англисӣ” бидуни зикри номи муаллиф ё бо номҳои сохта нашр кардааст. Дар миёни онҳо рисолаю шеърҳои ҳаҷвӣ ҷои асосиро ишғол мекунанд.
Дар он замон Свифтро ҳамчун “устоди рисолаҳои сиёсӣ” тавсиф мекарданд. Бо мурури замон асарҳои ў сиёсати тезу тунди худро гум карданд, вале намунаи мазҳакаи киноявӣ гардиданд. Китобҳои ӯ дар тӯли ҳаёташ ҳам дар Ирландия ва ҳам дар Англия хеле маъмул буданд, ки онҳо бо теъдоди зиёд нашр мешуданд. Бархе аз осори ў, сарфи назар аз шароити сиёсии ба вуҷуд омада, миёни ҳаводорони каломи адабию бадеӣ машҳур гардиданд.
Ин пеш аз ҳама романи ҳаҷвӣ-тахайюлии «Саёҳатҳои Гулливер» дахл дорад, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба яке аз китобҳои классикӣ ва серхонанда табдил ёфтааст ва инчунин аз рўи ин асар даҳҳо маротиба филм ба навор гирифта шудааст. “Саёҳатҳои Гуливер” ба унвони сафарҳое ба бархе мамолики дуруфтодаи ҷаҳон дар чаҳор бахш навишта шудааст. Аввалин тарҷумаи русии «Саёҳатҳои Гулливер» солҳои 1772-1773 таҳти унвони «Саёҳатҳои Гулливер ба Лилипут, Бродиняга, Лапута, Балнибарба, кишвари Гуингм ё ба назди аспҳо» нашр шудааст.
“Саёҳатҳои Гулливер” ба тоҷикӣ низ тарҷума ва нашр шудааст.
Соли 1817 дар Гардинг муаррих, адабиётшинос, ҳуқуқдон ва сиёсатмадор, бостоншиноси олмонӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт дар соли 1903 («Таърихи Рум»), шаҳрванди фахрии Рум, Теодор Моммзен таваллуд шудааст. Ў зиёда аз 1500 асар нашр кардааст ва дар омӯзиши мунтазами таърихи Рум равиши навро таъсис дод.
«Таърихи Рум», ки дар ибтидои эҷодиёти ў навишта шудааст, гарчанде нотамом бошад ҳам, асари асосии муаррих ба ҳисоб мерафт. Аммо дар замони мо Corpus Inscriptionum Latinarum, маҷмӯаи сабтҳои румӣ, ки ӯ ба Академияи Берлин пешниҳод кардааст, арзишмандтар дониста мешавад.
«Таърихи Рум» солҳои 1854, 1855 ва 1856 дар се ҷилд нашр шуда, гузаштаи ин кишвари қадимӣ то оғози ҳукмронии Юлий Сезарро дар бар мегирад.
Соли 1835 дар Флорида нависандаи амрикоӣ Марк Твен ба дунё омадааст. Эҷодиёти ў жанрҳои гуногун — ҳаҷв, тахайюлоти фалсафӣ, мақола ва ғайраро дарбар мегирад ва дар ҳамаи ин жанрҳо ў ҳамеша мавқеи инсонпарвар ва демократиро ишғол менамояд. Марк Твен тахаллуси ӯ буда, номаш дар асл Сэмюэл Ленгхорн Клеменс (Samuel Langhorne Clemens)буд.
Вилям Фолкнер навишта буд, ки Марк Твен “воқеан аввалин нависандаи амрикоӣ буд ва мо ҳама ворисони ӯ ҳастем” ва Эрнест Ҳемингуэй бовар дошт, ки тамоми адабиёти муосири Амрико аз як китоби Марк Твен – “Саргузашти Геклберри Финн” сарчашма мегирад.
Бузургтарин саҳми Твен дар адабиёти Амрико ва ҷаҳон романи «Саргузашти Гаклберри Финн» мебошад. Инчунин «Моҷароҳои Том Сойер», «Шоҳзода ва гадо», «Янки Коннектикут дар қасри шоҳ Артур», “Солҳои тиллоӣ: Достоне аз зиндагӣ дар қарни муосир”, “Том Сойер дар хориҷ”, “Достони як асп”, “Бегонае дар деҳкада” ва «Зиндагӣ дар Миссисипӣ» миёни хонандагон машҳуранд.
Соли 1874 дар Қасри Бленхайм, дар наздикии Вудсток арбоби давлатӣ ва сиёсии Бритониё, сарвазири Бритониёи Кабир дар солҳои 1940-1945 ва 1951-1955, сарбози мустаъфӣ, рӯзноманигор, нависанда, рассом, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1953 Уинстон Черчилл таваллуд шудааст.
Дар тӯли ҳаёташ Черчилл ҳафт китоб дар бораи таърихи Бритониёи Кабир, рӯйдодҳои асри ХХ ва инчунин як роман нашр кардааст.
Аввалин китоби Черчилл, «Қиссаи артиши саҳроии Малаканд», 1897. Лаҳзаи ҷанги сарҳадӣ» соли 1898 аз чоп баромад ва хуш пазируфта шуд. Сипас ӯ дар бораи ҷанг дар Судон китоби “Ҷанги дарё” навишт, ки он соли 1899 дар ду ҷилд нашр гардид.
“Барои тиҷорати озод”, “Ҷанги ҷаҳонии дувум”, “Таърихи халқҳое, ки бо англисӣ суҳбат мекунанд”, “Саврола” (роман) низ аз навиштаҳои ӯст.
Уинстон Черчилл 24 январи соли 1965 дар синни 90-солагӣ бар асари сактаи қалбӣ аз олам гузашт.
Филми “Ториктарин лаҳазот” дар бораи қисмате аз зиндагги вай баҳс мекунад.
Соли 1900 дар Порис, нависанда, шоир ва драматурги ирландӣ, яке аз маъруфтарин драматургҳои давраи охири Виктория, Оскар Уайлд дар синни 46-солагӣ аз бемории шадид даргузашт. Аз намояндагони барҷастаи модернизми Аврпуо буд.
Оскар Уайлд 16 октябри соли соли 1854 дар шаҳри Дублини Британияи Кабир ба олам омада буд.
“Шоҳзодаи хушбахт ва дигар қиссаҳо”, “Булбул ва гули сурх”, “Мушаки хуб”, “Дӯсти фидокор”, “Писари ситора”, “Ғӯли худхоҳ” “Подшоҳи ҷавон”, “Гурбаи сафед” аз ҷумлаи чанд асари ӯст.
Соли 1935 дар Лиссабон, шоир, насрнавис, намоишноманавис ва тарҷумони португалӣ, пешвои бонуфўз дар доираҳои авангардҳои Лиссабон Фернандо Песоа дар синни 47-солагӣ аз бемории саратони ҷигар даргузашт.
Фернандо Песоа 16 июни соли 1888 дар Лиссабони Португалия зода шуда буд.
Аксарияти асарҳои ў дар гоҳ-гоҳ дар маҷаллахои гуногун чоп мешуданд. Муҳимтарин китобҳояш инҳоянд: “35 сонет” (ба забони англисӣ), 1918; “Достонҳои англисӣ I-II” ва “Достонҳои англисӣ III” (ба забони англисӣ), 1922, китоби «Паём».
Соли 1939 нависандаи руси шўравӣ Юрий Никитин таваллуд шудааст. Вай дар жанрҳои илмӣ-тахайюлӣ, романҳои таърихӣ, тахайюли славянӣ ва як самти нави адабиёти эҷодкардааш – когистика менависад. Юрий Никитин зиёда аз 200 китоб навиштааст.
Соли 1944 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Кангурт (ҳозира Темурмалик)-и вилояти Хатлон нависанда, детективнависи тоҷик Зариф Ғулом ба дунё омад. Хурд аз падар ятим мондааст ва овони кӯдакию наврасияшро дар водии Вахш гузарондааст. Мактаби миёнаи №33 ноҳияи Колхозободро (1961) хатм карда, солҳои зиёде машғули омӯзгорӣ будааст.
Соли 1980 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба субут расонда, айни ҳол корманди масъули дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз давраи ҷавонӣ ба адабиёт рағбати гарме дошта, аввалин ҳикояаш «Валадуззино» дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шудааст.
Офаридаҳояш дар авроқи кутуби «Парвоз», «Ҳукми дил», «Даъвати хун», «Ҷодугар», «Бори каҷ дар роҳи каҷ», «Бӯсаи аввал», «Аспи хиёнат» аз чоп баромадаанд.
Силсилаи Қиссаву ҳикояҳояш дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ»-у «Помир» ба табъ расидаанд.
Чанд қиссаву ҳикояташ ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.
Бештар ба жанри детектив майл дошта, қаҳрамонони асарҳояш алайҳи тойифаи баттоли ҷомеа муборизаи беамон мебаранд.
Аз соли 1998 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Соли 1947 дар Курмиай нависандаи Литва Антанас Рамонас ба дунё омадааст. Асарҳои маъмули ў «Шамоли шимолӣ», «Абрҳои сафеди тобистони гузашта», «Микелис» ба шумор мераванд.
Соли 1977 нависанда ва филмноманависи британиёӣ Теренс Мервин Раттиган аз олам даргузашт.
Соли 1982 дар Прага шоир ва тарҷумон, нависандаи шоистаи Чехословакия, Вилем Завада, дар синни 77-солагӣ вафот кард.
Соли 2004 дар Маскав, шоири авангард, таронанавис ва намоишноманависи шӯравӣ ва рус Алексей Хвостенко дар синни 64-солагӣ дар хобаш бар асари илтиҳоб ва сактаи дил вафот кард. Ӯ дар ҳамкорӣ бо Анри Волохонский зиёда аз 100 суруд ва якчанд песа эҷод кардааст.
Соли 2009 дар Белград, нависандаи югославии серб Милорад Павич, дар синни 80-солагӣ дар натиҷаи сактаи дил аз дунё гузашт. Асарҳои машҳури ў “Луғати хазар”, “Туй дар ҳаммом”, “Тарафи дохилии шамол” ба шумор мераванд.