Пайвандгари Шарқу Ғарб 273-сола шуд
Аз таваллуди мутафаккири бузурги олмонӣ Иоҳанн Гёте моро 270 сол ҷудо мекунад. Ва ин беш аз дусад сол пеш марде дар қалби Аврупо шефтаи Шарқ ва адабиёти Шарқ буд, бо ғазалиёти Ҳофиз ишқ меварзид, дар пайравӣ ба он эҷод мекард. Шарқро, Ҳофизу Саъдиву Мавлоноро ва моро ба ғарбиён ошно мекард. Аз ин нобиғаи нотакрор ва ин ошиқи Шарқи афсонавӣ асарҳои зиёде боқӣ монда, ки борҳо ба забонҳои гуногуни олам, аз ҷумла тоҷикиву форсӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Гёте Иоҳанн Волфганг шоир ва мутафаккири олмонӣ 28-уми августи соли 1749 дар шаҳри Франкфурти лаби Майн дар оилаи мушовири империя таваллуд шудааст. Дар донишгоҳҳои Лейпсиг солҳои (1765-1768) ва Страсбург (1770-1771) таҳсил кардааст.
Аввалин маҷмўаи шеърҳояш соли 1769 нашр шуд. Шеърҳои ибтидои солҳои 70-ум, ки дар зери таъсири анъанаи сурудҳои халқии олмонӣ эҷод шудаанд, рўҳияи озодихоҳӣ ва исёнгарӣ доранд.
Дар драмаи таърихии «Гётс фон Берлихинген» (1773) воқеаҳои ҷанги деҳқонон дар Олмон (1524-1526) инъикос ёфта, истибдоду худсарии князҳо ва харобиҳои мамлакат тасвир шудааст.
Гёте аз соли 1775 сокини Веймар шуда, то охири умр дар он ҷо монд. Охири солҳои 80-ум ҳамроҳи Ф. Шиллер консепсияи ба истилоҳ классисизми Веймар (шакли махсуси маорифпарварии аврупоӣ ва немисӣ)-ро таҳияи намуд. Дар санъати атиқа диққати Гётеро материализми стихиявӣ, ҳаётдустӣ ва тасвири пурраи эҳсосоти инсон ба худ ҷалб менамуд. «Девони Гарбӣ-шаркӣ»-и Гёте, ки аз аввалин ва барҷастатарин намунаҳои синтези назми Ғарбу Шарқ ба ҳисоб меравад, дар тарғиби назми форс-тоҷик, махсусан Ҳофиз, дар Аврупо нақши калон бозид.
Гёте дар асарҳои публистистии солҳои охири умраш бар хилофи тамоюлоти миллигароӣ, ки дар Олмон ривоҷ дошт, ғояи «адабиёти ҷаҳонӣ»-ро пешбарӣ карда, дар хусуси ягонагии раванди адабиёти ҷаҳон фикрҳои ҷолиб баён намуд. Фоҷиаи манзуми «Фауст» (қисми 1-1808, қисми 2-1825-31) муҳимтарин асари Гёте ба ҳисоб рафта, инкишофи афкори маорифпарварии асри XVIII –и Аврупоро ҷамъбаст намуд ва проблематикаи асри XIX ро пеш гузошт.
Гёте инчуни оид ба тиб, анатомия, минералогия, физика, сотсиология, забоншиносӣ ва дигар соҳаҳои илм мероси бое боқӣ гузоштааст.
Эҷодиёти бисёрпаҳлўи Гёте ба инкишофи адабиёти олмонӣ ва ҷаҳон таъсири калон расондааст. Намунаҳое аз осори Гёте ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.
Гёте Иоҳанн Вольфганг 22-юми марти соли 1832 дар шаҳри Веймар аз олам гузашт.
Бо истифода аз мақолаи А.Абдуманнонов дар «Энсиклопедияи советии тоҷик».
Дар Китобхонаи миллӣ аз Гёте ин матолибро метавонед мутолиа намоед:
Девони Ғарбӣ-Шарқӣ. – Душанбе: Адиб, 2011. – 384 с.
Ба Ҳофиз: Шеър / Аз русӣ тарҷумаи С. Ҳалимшо // Маориф ва маданият. – 1959. – 12 декабр.
Бозёфт: Шеър / Аз немисӣ тарҷумаи Р. Шералӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1964. – 27 март.
Номае аз Гўте ба Ҳердер / Тарҷумаи Раҳматуллоҳӣ // Маориф ва маданият. – 1968. – 22 июл.
Аз «Девони Ғарбию шарқӣ»; Аз боби «Муғаннинома»; Чашмаҳо; Ба Ҳофиз; Чаҳор файз: Шеърҳо / Аз русӣ тарҷумаи Лоиқ // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1968. – 1 октябр.
Ҷорҷ Байрон // Садои Шарқ. – 1968. – №4. – С. 63.
Ҳиҷрат; Бепоён; Фатво: Шеърҳо / Тарҷумаи Лоиқ // Садои Шарқ. – 1969. – №2. – С. 99-100.
Васлу ҳиҷрон: Шеър / Тарҷумаи Ҳ. Файзуллаев // Тоҷикистони советӣ. – 1969. – 28 август.
Олиҳаи ман: Чанд қитъае аз маъруфтарин ашъори Гёте дар тарҷумаи донишманди Эронӣ Шуҷоъиддини Шифо / Таҳияи Ш. Шокирзода // Ҳафт ганҷ. – 1992. – №25. – С. 5.
Ба Ҳофиз; Фатво: Шеърҳо / Тарҷумаи Лоиқ Шералӣ // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 20 август.
Ба забони русӣ
Фауст: Трагедия. – Орджоникидзе: Ир, 1979. – 304 с.
О любви: Лирика. – Москва: Современник, 1980. – 368 с.
Театральное призвание Вильгельма Мейстера. – Ленинград: Наука, 1981. – 296 с.
Страдания юного Вертера: Роман. – Москва: Детская литература, 1982. – 174 с.
Фауст: Трагедия. – Москва: Московский рабочий, 1982. – 510 с.
Лирика. – Ярославль, 1982. – 376 с.
Майская песня; Свидание и разлука: Стихи. – Донецк: Донбасс, 1982. – 72 с.
Избранные стихотворения; Герман и Даротел: Поэма. – Москва: Советская Россия, 1982. – 400 с.
Рейнекс Лис. – Москва: Художественная литература, 1984. – 192 с.
Западно-восточный диван. – Москва: Наука, 1988. – 896 с.
Дар бораи Гёте Иоҳанн
Шагинян, М. Шоири кабири инсонпарвари немис Гёте // Тоҷикистони сурх. – 1949. – 28 август.
Гавҳар, А. Шоири бузурги немис: Ба муносибати 210 солагии рўзи таваллуди Иоҳанн Вольфганг Гёте // Тоҷикистони советӣ. – 1959. – 28 август.
Брагинский, И.С. Таркиби Ғарбӣ-Шарқӣ дар лирикаи Гёте ва Пушкин // Шарқи сурх. – 1963. – №7. – С. 137-150.
Файзуллоев, Ҳ. Шўҳрати оламгир: Ба муносибати 220- солагии рўзи таваллуди Гёте // Тоҷикистони советӣ. – 1969. – 28 август.
Ҳиҷозӣ, М. Дар базми Ҳофиз ва Гёте // Маориф ва маданият. – 1970. – 13 август.
Ҳалимшо, С. Сухансарои бузурги немис: Ба муносибати 225-солагии Иоҳанн Вольфганг Гёте // Тоҷикистони советӣ. – 1974. – 28 август.
Атоуллоева, З. Ашки Маргарита ё хандаҳои Иблис: Операи Ш. Гуно аз рўи фоҷиаи Гёте «Фауст» дар иҷрои артистони қирғиз дар саҳнаи Опера ва балети ба номи С. Айнӣ // Маориф ва маданият. – 1976. – 27 март.
Деҳотӣ, Р. Рўҳи Ҳофиз дар «Девон»-и И.В. Гёте // Маориф ва маданият. – 1979. – 25 октябр.
Мухтор, Ш. Гёте ва Ҳофиз // Газетаи муаллимон. – 1982. – 23 март.
Отахонов, Т. Гёте ва Ҳофиз: Таъсири эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ ба шоири бузурги немис Гёте // Мактаби советӣ. – 1983. – №1. – С. 28-32.
Амонов, Р. Гёте ва як афсонаи халқии тоҷик // Садои Шарқ. – 1983. – №8. – С. 126-129.
Шафо, Ш. Гёте-дилбохтаи Шарқ // Адаб. – 1993. – №1-2. – С. 13.
Воҳид, С. Шарқ ва Ғарб суруди зебоӣ ва муҳаббат: Ё нақши ашъори Хоҷа Ҳофиз дар таҳаввулоти эҷодии адиби оламшумул Гёте; ба ифтихори 250- солагии И.В. Гёте (1749-1832) // Чархи гардун. – 1999. – 29 октябр.
Расулиён, Қ. Гёте, Ҳофиз ва меҳр: Адиби олмон ва Ҳофизи Шерозӣ // Адабиёт ва санъат. – 2006. – 19 январ.
Шокирзода, Ш. Ҷойгоҳи Ҷомӣ дар «Девони Ғарбӣ-Шарқӣ»-и Гёте: Адиби маъруфи олмонӣ И.В. Гёте // Адаб. – 2014. – №4-5. – С.119-126.
Таҳияи Насиба Дониёрова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ