Раҳим Ҳошим дар бораи Баҳром Сирус. “Дар кӯраи муборизаҳо”

Баҳром СирусСию шаш сол пеш, тобистони соли 1929 дар Тошканд дар идораи Нашриёти Давлатии Тоҷикистон кор мекардам. Боре ба хонаи кори мо марди тануманди сарбараҳна, остинбарзада, фарохпешонӣ хандонрӯ даромада омад. Бо мо вохӯрӣ кард, ба назди ҳар кадомамон кореро, ки дар даст доштем, бо завқ ва таҳсинкорона аз назар гузаронд.

Бори аввал буд, ки ӯро медидам. Вале қиёфаташ ба назарам хеле шинос менамуд. Ин чеҳраро, ки аз он осори меҳру муҳаббат намоён буд, дар куҷо дида бошам? Чаро ситораи вай ба назарам чунин гарм менамояд?

Бале, ӯро дида будам. Аммо худашро шахсан не, сураташро дар китоби “Адабиёти сурх” – и Лоҳутӣ, ки соли 1927 нашр шуда буд, дида ва сираташро аз қавли устод Лоҳутӣ шунида будам.

Сару риши натарошидаву рухсори зард,

Зарду борик чу най.

Суфрае карда ҳамоил, патӯи бар сари дӯш,

Жандае дар тани вай.

Кӯҳна печида ба по, чунки надорад попӯш,

Дар сари ҷодаи Рай.

Чанд қаззоқи савор аз паяш олуда ба гард.

Дастҳо баста зи пас, пои пиёда, бемор,

Кӣ равад ин ҳама роҳ?

Магар ин марди қавиҳиммати соҳибмаслак,

Ки шиносад раҳу чоҳ.

Хаста буд, гурусна буд, лек намехост кӯмак,

На зи шайху на зи шоҳ,

Ба ҷуз аз фаълаву деҳқон на ба фикри дайёр.

Аз саворони мусаллаҳ яке омад ба сухан,

Ки дилаш сӯхта буд:

Охир, эй шахси гунаҳкор,  ̶  чунин гуфт ба вай,

Гунаҳат чист, бигӯ?

Бандӣ аз лафзи гунаҳкор барошуфт ба вай,

Гуфт:  ̶  Эй марди накӯ,

Гунаҳам ин ки ман аз оилаи ранҷбарам,

Зодаи ранҷаму парвардаи дасти заҳмат,

Наслам аз коргарон…

Қалами моҳири устод Лоҳутӣ бо чанд қаламкашӣ ҳам симои зоҳирӣ, ҳам ирода, ҳимати қавӣ, дили ба дӯстон пур аз муҳаббат ва ба душманон пур аз кинаву нафрати ӯро ба таври фаромӯшнашавандае муҷассам карда буд, ки дар хотири  хонанда  абадӣ  нақш  мебаст.

Ин буд аввалин шиносоии ҳам ғоибӣ ва ҳам айнии ман бо пири ҷаҳондидаву корозмудаи мо, марди майдони ҷангҳои инқилобӣ  ̶  муаллими  мӯҳтарам  Сирус.

Як ҳаёти ифтихормандонаи пур аз мубориза, пур аз кашмакашҳо, фидокорӣ ва аз ҷон гузаштанҳо; ҳаёте ки тамоми қисми бошууронааш ба хидмати халқи ситамкаш, ба тантанаи марому маслаки партияи Ленин вақф карда шудааст! Як ҳаёти пуршарафе ки қариб чил соли он ба сохтмони бузурги  маданӣ дар кишвари мо Тоҷикистон бахшида шудааст!

Баҳром Сирус соли 1885 дар яке аз шаҳрҳои дар ҳудуи Эрон воқеъ – гардидаи Озорбойҷони Советии имрӯза-дар шаҳри Ланкарон дар оилаи мактабдор ва табиб таваллуд ёфт. Ҷавонии Сирус ба даврае рост омад, ки дар Кавказ ҳаракатҳои пур шӯрухурӯши инқилобии коргарон бар зидди ҳукумати мутлақаи подшоҳии рус шиддат ёфта, дар Эрони феодалӣ ба муқобили ҳокимияти худсаронаи шоҳӣ, ба муқобили зулму тааддидҳои ғайри инсонии феодалӣ, бар зидди империалистон, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти халқи Эрон бешармона мудохила мекарданд, муборизаи сахти оммаҳои халқ – ҳаракати озодихоҳона ва истиқлолталабонаи миллӣ сар шуда буд.

Айёми ҷавонии Сирус хеле бо сахтию машаққат гузашт. Ӯ ҳанӯз ба синни камол нарасида тамоми талхӣ ва ногувориҳои ҳаётро чашид. Дар шашсолагӣ аз модар ҷудо ва вақте ки дар синфи сеюми ибтидоӣ мехонд, бе падар монд.

Соли 1906 дар бистсолагиаш, ки акнун мактаби руско – туземнии Ланкаронро тамом карда буд, ба ҳаракатҳои инқилобии шаҳри бандарии Ланкарон ҳамроҳ шуд. Соли 1908 дар Боку ба ҳаракати инқилобии сотсиал – демократон пайваст ва пас аз ин ҳаёт ва фаъолияти худро ҷонписарона ба ҳаракати озодихоҳонаи халқи Эрон бахшид.

Соли 1908 дар шаҳри Астараи Эрон ба ҳаракати озодихоҳона ва зидди мустамликавии халқ, ки дар ин солҳо даврони пурҷӯшу хурӯши худро мегузаронд, фаъолона иштирок ва раҳбарӣ кард. Аз як тараф ҳамчун муаллим ва мудири мактаб ба паҳн намудани илму дониш дар байни оммаи халқ хидмат карда, аз тарафи дигар, ба сифати узви фаъоли ташкилоти инқилобии маҳаллӣ ба фаъолияти сиёсии худ идома медод. Ин ташкилот ба шӯришҳои деҳқонон бар зидди хонҳо ва мулкдорони маҳаллӣ, бар зидди ҳукумати шоҳии Эрон, ки такягоҳи ҳамин феодалҳо буд, раҳбарӣ мекард…

Ин як пора аз мақолаи донишманди маъруф Раҳим Ҳошим дар бораи олими шинохта Баҳром Сирус буд, ки дар шумораи 3, маҷаллаи “Садои Шарқ” соли 1965 чоп шудааст. Мақола Баҳром Сирусро ҳамчун як чеҳраи мондагори илму адаб тасвир мекунанд ва хонанда аз ин навишта дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин донишманди пуркору шинохта аз наздик ошно мешавад.

Таҳияи сайёра Каримова,
сармутахассиси шуъбаи
матбуоти даврӣ.