Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Абдурауф Фитрати Бухороӣ. “Роҳбари наҷот”

устод АйнӣАсари чаҳоруми Абдурауф Фитрат “Роҳбари наҷот”аст, дар ин китоб ахлоқ ва иҷтимоиёт баҳс меёбад. Дар саҳфаи 212 дар бораи вазифаи навъия менависад: “Баъд аз навиштани байти машҳури “Бани одам аъзои якдигаранд”-и Шайх Саъдӣ мегӯяд:

“Ҳеҷ шубҳа нест, ки одамиён ба ҳар дине ва мазҳабе ва аз ҳар қавму миллате, ки бошанд, фарзанди як падаранд ва афроди як ҷинс. Ба иборати дигар бародарони якдигар ҳастанд. Пас лозим аст, ки бидуни қайду шарт бо ҳамдигар муҳаббату шафқат дошта бошанд, яъне дар миёни худҳо ухуввати умумияро барпо намоянд. Саодати дунявии башарро бе таъсиси ухуввати умумия камоле нахоҳад буд, лекин одамиён аз ҳазор сол то бадин тараф гоҳо ба тақозои эҳтисороти ҳайвония ва гоҳо ба шумии ғалати муҳокамот робитаи умумияро бурида, бинои ухуввати башарияро вайрон намудаанд. Дарё-дарё хуни бародарони худро дар хок мерезанд, ҷаҳон-ҷаҳон хонаи ҳамҷинсони худро вайрон менамоянд ва ҳанӯз ҳам, чунончи бояд пушаймон нагардидаанд, балки ҳар рӯз аз барои тахриби хонумони якдигар асбоби тоза ихтироъ намуда, башариятро ба сӯи як таҳлукаи сахте мекашонанд. Бале, сабаби ин бародаркушиҳои чандинсолаи одамиён ду чиз аст: 1. ҳирс; 2. ғалати муҳокамот.

Муҳорибаҳое, ки аз бидояти хилқат то алъон ба вуқӯъ омадааст, ё барои мамлакатгирист ва ё аз роҳи ихтилофоти динӣ ба фикри гирифтани мамлакати якдигар ҳарб кардан ва хуни милюнҳо афроди одамиро рехтан, ба ҷуз ҳирсу оз чизи дигаре нест. Аммо ба сабаби ихтилофоти динӣ ҷанг кардан ғалати муҳокамот аст, зеро маълум аст, ки дин барои таъмини саодати башарист, одамиён агар лагоми тақдирро аз гардани иродати худ бурун андохта, аз рӯи қавоиди илму ақл тафаккур ва муҳокама намояд, динеро, ки фоиданоктар аст, шинохта қабул хоҳанд кард  ва ба ин қадар худкушиҳо сабаб нахоҳанд шуд. Ин ҳам муқаррар аст, ки ҳирсу ғалати муҳокамот – ҳар ду низ нуқсони одамиён аст. Бани навъи башар то забуни ҳирсу асири тақлиданд, маҳол аст, ки ухуввати умумияро дар миёни худҳо тавонанд таъсис намоянд. Аммо вақте ки ноили камоли ҳақиқӣ гаштанд, ҳақро аз ботил, нафъро аз зарар фарқ кардан, хештанро аз тасаллути ҳирсу оз ва аз асорати тақлиду таассуб халосӣ бахшиданд., он вақт ухуввати умумияро мумкин аст, ки дар миёни худҳо барпо намоянд. Инак, нуқтаи охирини саодати дунявӣ ҳамин аст, ки саодати умумист”.

“Роҳбари наҷот” дар 224 саҳифа дар соли 1915 мелодӣ дар Ленингрод (Петергрод) аз тарафи Мунзими Бухорӣ нашр шудааст.

 (Идома дорад)

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.