Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Аҷзии Самарқандӣ. Бахши аввал

Садриддин АйниҲоҷӣ Сайидаҳмадхоҷа  Сиддиқии Аҷзии Самарқандӣ.   (таваллуд-1282 ҳиҷрӣ). Осори муҳими Аҷзӣ манзума аст. “Муколамаи фуҷоия” ном як асари мансур навишта бошад ҳам, табъ наёфта ва мутолаъааш муяссар нашудааст. Аз осори мумоилайҳи намунаворӣ нақл менамоем:

МИРЪОТИ ИБРАТ

Шоир дар ин маснавӣ хоби худро тасвир мекунад гӯё, ки дар олами хоб ба олами маданият меафтад.  Ба пире вомехӯрад, пир аз аҳволи Самарқандаш мепурсад. Дар ҷавоб Самарқанд ва аҳолиашро, ба ранге, ки зоҳирбинони аз дунё бехабар ақида доранд, тасвир менамояд. Тӯтие, ки дар он маҷлис ба қафас андохтаву ба дарахте овехта буд, ба суханони ин хандаи истеҳзо мекунад. Хулосаи нахустини пир ва он гоҳе тӯтӣ нуқсоноти илмӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Самарқандро ба далоили зоҳира исбот менамояд ва агар бад-ин ҳол давом кунанд, оқибаташ ҷуз ҳалок дигар чиз набуданро баён мекунад Шоир баъд аз дебоча менависад:

Қазоро як шабе дар бистари ноз

Кашидам ҷома, хуфтан кардам оғоз,

Чу оҳу рам гирифт аз чашми ман хоб,

Димоғ аз хушкӣ чун саҳрои беоб.

Ба маҳди арз он тифли шаби тор

Зи шири моҳтобӣ буд саршор.

Кавокиб зинатафзои фалак буд,

Ту гӯӣ, сабҳаи хайли малак буд.

Зи бехобӣ, зи роҳи беқарорӣ

Маро шуд кор бас кавкабшуморӣ.

Ба ҷои хуфта олам мезадам тай,

Тасаввур менамудам Рум то Рай.

Гаҳе дар Миср будам, гоҳ дар Шом,

Гаҳе дар бистар-андар фикрором.

Равон з-андеша ҳар сӯ реша чолок

Ба сони решаҳои беша дар хок.

Ба ёди хоб ман чун ташнаи об

Назар медӯхтам андар раҳи хоб.

Фурӯ шуд маҳтобу шуд шаби тор,

Ману дар хештан печида чун мор.

Қубайли субҳу наздики саҳар шуд,

Ба бозори сарам савдо дигар шуд.

Магар пӯшид чашмам ҷомаи хоб,

Аҷабҳо дидам аз ҳангомаи хоб.

 

Дар хотимаи ин маснавӣ менависад:

Назар бар ҳоли олам боз кардам,

Ба ҳар кас ин сухан оғоз кардам.

Ба тарғиби улум эълон намудам,

Зи фан тавсифҳо чандон намудам.

Забони русро тавсиф кардам,

Барои хонданаш таклиф кардам.

Халоиқ ҳарфи ман эҳмол карданд,

Чу дидам, хешро помол карданд.

Гирифтам хомаро бар дасти дардам,

Шурӯи назми ин афсона кардам.

Кунам исбот то хосияти илм,

Халоиқро шавад то рағбати илм.

Касофатҳои нодонӣ намудам,

Ҷаҳолат чист, нуқсонаш  кушудам.

Бигуфтам, ҳар чи нуқсон дар миён буд,

Ба ин афсона гуфтам асли мақсуд.

Миръоти ибрат”  дар 20 саҳифа ба соли 1331 ҳиҷрӣ дар Тифлис аз тарафи муаллим Шакурии Самарқандӣ табъу нашр шудааст.

“АНҶУМАИ АРВОҲ”

Маснавии дувуми Аҷзист. Дар ин манзума гӯё, ки шоир пас аз адои ҳаҷ вориди Миср мешавад. Аз он ҷо ба маҷлиси истеҳзори арвоҳ вомехӯрад. Арвоҳи амир Музаффар – подшоҳи Бухороро ҳозир кунонида, бо ӯ мусоҳиба менамояд. Ӯ нуқсоноти худ, фасоди аҳли дарбор ва бадкирдориҳои уламои аҳди худро нақл мекунад.

Дар ин маснавӣ ба тавсифи Миср мефармояд:

Чи Мисре дар канори Нил барпост,

Саросар шакли хубу тарҳи зебост.

Иморатҳо баланд истода аз санг,

Шуда аз ҷирми онҳо осмон танг.

Шашу панҷ ошён ҳар як иморат,

Чи хушрангу чи зебо шаклу ҳайат.

Манору масҷид аз ҳар сӯ намудор,

Ба ҷои гил расосаш бурда бар кор.

Зи санги кӯҳ гашта кӯчаҳо фарш,

Малак тавсифи ӯро бурда то арш.

Мадорис ҳар куҷо дорулфунунҳо,

Аз онҳо гашта берун зуфунунҳо.

Ба фанну илм ҳар як бУалиранг,

Кунад бал дар фунун  аз БУалӣ нанг.

Таромво, конка берун аз шумора,

Фишонда суръати сайраш шарора…………

“Анҷумани арвоҳ” дар 22 саҳифа ба соли 1331 ҳиҷрӣ дар Тифлис аз тарафи муаллим Шакурии Самарқандӣ нашр шудааст.

(Идома дорад)

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.