Болта Ортиқов: Қадамҳои устувори адиб аз омӯзгорӣ ба нависандагӣ

Болта ОртиқовАдиб-омӯзгор. Марҳум Болта Ортиқов ҳарчанд фаъолияти кории худро аз саҳроҳои колхозӣ сар кардааст, вале дар идома умре ҳамин ду шуғл доштааст: омӯзгор ва достоннавис. Шояд фаъолияти омӯзгорӣ таконе шуда бошад барои рӯйи коғаз овардани сужаҳо аз ҳаёти мактабу маориф ва хонандаву муаллим. Аввали қисаи ӯ, ки таваҷҷуҳи Сотим Улуғзода ва Фазлиддин Муҳамадиев барин адибони забардастро ба худ кашид, “Таътил” ном дошт.

Болта Ортиқов 5-уми майи соли 1924 дар деҳаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд дар оилаи мўзадўз таваллуд ёфтааст. Падари ў Қосимов Ортиқ то Инқилоби Октябр чоряккорӣ намуда, пас аз Инқилоб бо мўзадўзӣ машғул шудааст. Соли 1932 дар оилаи Ортиқовҳо мусибате рўй дода, падараш аз олам чашм мепўшад ва тарбияи Болта бар зиммаи модараш Назарова Марям мемонад. Пас аз хатми мактаби миёна Болта Ортиқов бо сабаби вазнин будани шароити оилавӣ дар колхозе, ки модараш кор мекард, то солҳои 1950-ум дар визифаҳои оброн, чўпон, ҳисобчӣ кор мекунад. Дар баробари ҳашт соли меҳнати худ дар колхоз ба ҳаёти боғдорону боғбонон, чўпонон аз наздик шинос шуда, таҷрибаи зиндагии онҳоро омўхт. Болта Ортиқов ҳатто фикру хаёли нависанда шуданро надошт, китобҳои бадеиро зиёд қироат мекард, аз забони калонсолон қиссаҳои бисёриро мешунид ва албатта, ба адабиёти бадеӣ шавқи беандоза дошт.

Соли 1950 шавқу рағбати беандозаи ў ба фанни адабиёт Болта Ортиқовро ба факултети филологияи Донишкадаи омўзории Самарқанд меоварад ва соли 1952 ў ин маҳзани маърифатро бомуваффақият хатм карда, дар мактаби ҳафтсолаи ба номи Чайковскии ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло шаҳри Ваҳдат) муаллимӣ кардааст. Маҳз дар ҳамин дабистон қобилияти нависандагии Болта Ортиқов ошкор мегардаду нахустин навиштаҷоти худро дар рўзномаи девории мактаб ва пасон дар саҳифаҳои матбуоти ҷумҳурӣ ба табъ мерасонад.

Соли 1954 Болта Ортиқов барои кор ба ҳайси мудири шуъбаи мактубҳои маҷаллаи «Пионери Тоҷикистон» ба Душанбе меояд ва то соли 1955 дар инҷо фаъолият мекунад. Баъд ба сабаби бемориаш як сол аз кор бозмемонаду гашта ба ҳайси омўзгор ба мактаби ноҳияи Ваҳдат бармегардад. Аз апрели соли 1958 Болта Ортиқов боз ба кори матбуот бармегардад ва то соли 1963 ба вазифаи хабарнигори махсуси рўзномаи «Маориф ва маданият» ба кор мепардозад. Ин солҳои ҳамчун солҳои пурбору ҷўшу хурўши зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Болта Ортиқов маҳсуб меёбанд, ки теъдоди зиёди муҳимтарин ҳикоя ва қиссаҳои нависанда дар ҳамин давра эҷод шудаанд. Дар Душанбе, санаи 16-17 декабри соли 1959 конфронси адибони ҷавон баргузор гардида, дар бахши наср, очерк ва публитсистикаи он нахустин қиссаи Болта Ортиқов бо номи «Таътил» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз нигоҳу назари устоди насри муосири тоҷик Сотим Улуғзода қиссаи мазкур баҳои баланд гирифт ва худи ҳамон сол ин қисса ба шакли китоби алоҳида ба табъ расида, аз тарафи аҳли илму адаб пазируфта шуд. Муҳаррирони қиссаи «Таътил» Пўлод Толис ва Фазлиддин Муҳаммадиев онро чун асари беҳтарини нависанда Болта Ортиқов ва ҳамчун яке аз асарҳои хуби адабиёти бачагонаи тоҷик донистанд.

Аз соли 1964 то 1984 ў асосан ба кори эҷодӣ машғул гашта зиёда аз 20 маҷмуаи осор ва қиссаҳои алоҳидаро нашр кардааст. Маҳз, пас аз қиссаҳои «Таътил» ва «Полвон» дар ин давра қиссаҳои нав аз қабили «Гули садбарг», «Бачаҳои лолазор», «Доғи хун», «Қиссаи мумиё», «Достони «Самарқанд», «Магнитофон» ва ғайра таълиф ёфтаанд. Болта Ортиқов якчанд даҳсолаи  ҳаёти худро дар ҳавлии худ дар деҳаи Боғимайдони Самарқанд ба сар бурда, муҳимтарин асарҳои худро низ дар ҳамонҷо таълиф кардааст, ки дар бораи ин лаҳзаҳо адиб Насим Раҷаб чунин мегўяд: Ин манзили ҷаннатосо боғи нависандаи маҳбуб Болта Ортиқзода аст. Агар ҳаво гарм бошад, мизбон меҳмонро ба хонаи салқине ҳидоят мекунад. Хонаи барҳавои дарун ба дарун. Суҳбати гарму гуворо оғоз меёбад, суҳбат доир ба адабиёт, хосса дар бораи адабиёти кўдакону наврасон. Ҳарчанд ки нависанда Болта Ортиқов якчанд даҳсолаи умри худро дар Самарқанд ба сар бурда бошад ҳам, вале адабиёти кўдакону наврасони тоҷик, алалхусус насри бадеии онро дар ин давра низ бе қиссаву ҳикояҳои мондагори ў тасаввур кардан имконпазир аст. Хидмати бузурги дигари Болта Ортиқов дар равшан доштани чароғи адабиёти тоҷик дар Самарқанд ва муддати зиёде сарварии адибони тоҷикзабони муҳити адабии ин шаҳри қадимиро бар зимма доштани ўст. Бар замми ин, ў аъзои Иттифоқи нависандагони Ўзбекистон низ буда, ба туфайли асарҳои ба ўзбекӣ навиштаи худ ба мисоли «Афандининг ўғли», «Амир Темур аргининг қисмати», «Боғибаланд анжири» ва инчунин тарҷумаҳои ба ин забон кардааш ва робитаҳои адабиаш бо намояндагони ҳар ду адабиёт ҳамчун пайвандгари миёни адабиёти тоҷик ва ўзбек шинохта шудааст”.

Болта Ортиқов 19-уми ноябри соли 2001, дар синни 77 солагиаш дар зодгоҳи худ шаҳри Самарқанд аз олам чашм пўшидааст.

 

Аз осори адиб дар Китобхонаи миллӣ:

Бачаҳои лолазор. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 92 с.

Ҳирси дунё. – Душанбе: Адиб, 1988. – 208 с.

Дандони Тилло. – Душанбе: Ирфон, 1988. – 208 с.

Повест ва ҳикояҳо. – Душанбе: Адиб, 2024. – 416 с.

Дар борааш

Ортиқов Болта // Энсиклопедияи советии тоҷик [Матн]: Маълумотнома. – Душанбе, 1984. – С. 374-375.

Болта Ортиқов Адибони Тоҷикистон: Маълумотнома. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 175.

Адибони Тоҷикистон [Матн]: Маълумотнома. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 256.

МАНБАЪ: “Зиндагинома ва таълифи нахустповести Болта Ортиқов” // Муҳаққиқ. – 2022. – №3 (56). – С. 75-78.

Таҳияи Гулру Исмоилова,
корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ