Саду чордаҳ соли ситораи тобони ховаршиносӣ

Абдулғанӣ Мирзоев Имрӯз ба зодрӯзи яке аз пурмаҳсултарин пажӯҳишгарони осори гаронмояи адибони форсу-тоҷик, шинохтатарин рӯдакипажӯҳишони олам Абдулғанӣ Мирзоев саду чордаҳ соли пур мешавад. Ва чиҳилушашумин сол аст, ки олими барӯманд тарки олам кардааст. Осораш номи ӯро тӯли ин солҳо зинда доштааст ва даҳсолаҳову садсолаҳо боз аз ҷумлаи беҳтарин донишманд боқӣ хоҳад монд. Пажӯҳишҳои ӯ умри абад доранд.

Абдулғанӣ Мирзоев 12 декабри соли 1908 дар шаҳри Китоби вилояти  Қашқадарё  зода шудааст. Соли 1918  мактаби  миёнаро  хатм  карда, дар навоҳии  гуногун  дар вазифаҳои  котиб ва мудири  шуъбаи  кумитаи иҷроия  фаъолият  бурдааст. Дар КИМ  РСС  Тоҷикистон низ  кор кардааст. Хабарнигори  рўзномаи «Овози тоҷик», мудири  шўъбаи  рўзномаи «Тоҷикистони Сурх» будааст. Соли1939 факултаи  шарқшиноси Донишкадаи  давлатии Ленинградро  хатм  карда, чанд  сол дар Донишгоҳи  давлатии  омўзгории  Душанбе  дарс  гуфтааст.  Солҳои 1942-1944 корманди масъули Сафоратхонаи Иттиҳоди  Шўравӣ  дар Эрон будааст.

Аз соли 1945 мудири шўъба, бадан директори  Пажўҳишгоҳи  таърих, забон  ва адабиёти  АИ  РСС Тоҷикистон, мудири  шуъбаи  ҳамин  пажўҳишгоҳ, устоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, мудири Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, аз соли 1951  то дами  вафоташ директори Пажўҳишгоҳи  ховаршиносии АИ  ҷумҳурӣ будааст.

Аз соли 1926 мақолаҳояш  таҳти  тахаллусҳои  Гулханӣ, Шаҳдӣ ва  Абдулғанӣ чоп шудаанд. Дар таҳқиқ ва омўзиши  таърихи адабиёти  класикии тоҷик хидматҳои шоиста кардааст, ки асарҳои  пурарзишаш  «Сайидо ва мақоми ў дар таърихи  адабиёти  тоҷик» (1947), «Мулҳами Бухороӣ» (1948), «Биноӣ» ( 1957) ва мақолаояш  роҷеъ ба ҳаёту эҷодиёти Ҳилолӣ (1948), Сайфи Бухороӣ (1956), Аҳмади Дониш (1962), Ибни Сино (1957), Алишер Навоӣ ( 1966), Ҷомӣ (1971), ки  дар маҷмўаи  «Сездаҳ мақола» (1976) гирд омадаанд, гувоҳи ҳоланд.

Ба муносибати 1100 – солагии  Абўабдуллоҳи  Рўдакӣ (1958) рисолаҳои  бунёдии ў «Абўабдуллоҳи  Рўдакӣ  ва инкишофи  ғазал дар асарҳои Х-ХV» ба чоп  расиданд, ки то имрўз аз таҳқиқоти беҳтарин  дар Рўдакишиносии ҷаҳон  шумурда мешаванд ва соли 2004, ҳамроҳи  куллияи навиштаҳои дигараш  дар боби  рўзгору  осори Устод Рўдакӣ, дар китоби «Масъалаҳои рўзгор ва осори  Абўабдуллоҳи  Рўдакӣ»  таҷдиди  нашр  нашр шуданд.

Дар таҳия ва нашри  осори  Рўдакию  ҳамасрони  ў, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Биноӣ, Аҳмади Дониш ва дигар бузургони  адабиётамон  саҳми  назаррас гузоштааст. Муаллифи чанд китоби дарсӣ  дарстурамали таълим будааст.

Иддае  аз  рисолаву  мақолаҳояш  ба забонҳои  хориҷӣ тарҷума, баргардон ва чоп шудаанд, ки далели шуҳрати  ҷаҳонии  ўву  илми  ховаршиносии  тоҷик аст.

Доктори илми филология (1957), профессор (1960). Соли 1951 узви вобаста, соли 1957 узви пайвастаи АИ Тоҷикитстон интихоб шудааст. Дар бисёр кунгураву ҷаласаҳои илмии байналмилалӣ (Мюнҳен, 1957; Маскав, 1960; Кобул, 1962; Деҳлӣ,1964; Теҳрон, 1966, 1971, 1975; Порис, 1973; Машҳад, 1974; Исломобод, 1975) ширкат ва  суханронӣ  кардааст.

Барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино (1972), Ходими хидматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон (1959) ва РСС Ўзбекистон (1966) буд. Чанд дафъа вакили мардумӣ дар парлумони замон интихоб шудааст.

Бо чанд  нишону ифтихорнома сарфароз гардидааст. Аз соли 1948 узви Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон буд.

16 августи соли 1976  аз олам даргузашт.

Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2014. – С.129-130.

Дар Китобхонаи миллӣ аз академик Абдулғанӣ Мирзоев ва дар бораи ӯ ин китобҳо ва мақолаҳоро метавонед суроғ кунед:

Абдулғанӣ, М., Мирзоев, А. Зиндагонии як кўҳистонӣ:  Ҳикоя // Ш. Садруллин. Намунаи адабиёти ҳозираи тоҷик. –  Тошканд- Самарқанд, 1933. – С. 63-65.

Мирзоев, А. Сездаҳ мақола: Аз тарихи адабиёти асрҳои  Х – ХI форсу тоҷик . – Душанбе: Ирфон, 1977.- С. 288.

Мирзоев, А. Дар бораи достони “Ғургулӣ” // Шарқи  сурх. – 1940. – №1. – С.35-39.

Мирзоев, А. Шоҳрошуб ва Шоҳромуби Сайидо // Шарқи  сурх. – 1948. – №2. – С.41-42.

Мирзоев, А. Сайри таърихи «Калила ва Димна» // Шарқи сурх. – 1949. – №1. – С.41-50.

Мирзоев, А. Оид ба мероси адабӣ: Як воқеаи муҳими тарихӣ дар бораи масъалаи   ҳаёти адабии мо // Шарқи сурх. – 1949. – №3. – С. 11-18.

Мирзоев, А. Ибни Сино ва “Бадоеъ ул Вақоеъ”-и Муҳаммад Восифӣ // Шарқи сурх. – 1952. – №8. – С. 3-11.

Мирзоев, А. Камолиддин Беҳзод: Рассоми бузурги тоҷик // Маориф ва маданият. – 1962. – 16июл.

Дар бораи олим

Саидмуродов, Д. Фидоии илм: Ба ёдбуди Академик АФ РСС Тоҷикистон профессор, олим ва адабиётшиноси машҳури тоҷик, марҳум Абдулғанӣ Мирзоев // Тоҷикистони Советӣ. – 1978. – 19 ноябр.

Ёде аз устоди бузургвор: Ба муносибати 70- солагии  рўзи таваллуди адабиётшинос, академик Абдулғанӣ Мирзоев // Маориф ва маданият. –  1978. – 12 декабр.

Табаров, С. Соҳиби мактаби илмӣ: Дар бораи академик Абдулғанӣ Мирзоев // Маориф  ва маданият. – 1979. – 20 март.

Сомонӣ, А. Ситораи тобони  ховаршиносӣ: Ёдбуди Академики  АФ Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Абдулғанӣ Мирзоев // Газетаи муаллимон. – 1983. – 17 декабр.

Саидмуродов, Д; Муллоаҳмадов, М. Донишманди номӣ: Ҳаёт ва фаъолияти академик А. Мирзоев // Тоҷикистони советӣ. – 1983. – 20 декабр.

Каримов, У. Донишманде, ки шўҳрати ҷаҳони дорад: Нависанда Абдулғанӣ Мирзоев // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 20 ноябр.

Мулоаҳмад, М., Қурбонова, С. Абдулғанӣ Мирзоев Рўдакишиноси   мумтоз: Ба ифтихори  садсолагии  зодрўзи  Абдулғанӣ  Мирзоев  //Адабиёт ва санъат. – 2008. – 9 октябр.

Библиографияи миллӣ